logo

сиёсат

ҶУМҲУРИЯТ (НАШРИ МАХСУС)

Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои панҷ - шаш соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад. Ақли солим ва хиради дурбини халқи тоҷик пирӯз шуд.
Эмомалӣ РАҲМОН, 27 июни соли 1997


Ӯ БАРОИ МО СУЛҲ ОВАРД
Беш аз пеш мо аз самтҳои асосии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ мегӯему менависем. Ин ҳама ҳаргиз нишони худхоҳиву тавсифи беасоси хеш нест. Дар ҳар гуфта, дар ҳар навишта як ҷаҳон меҳр, муҳаббат, самимият, садоқат нуҳуфта аст. Ин ҳама бар сари худ як навъ шукр мебошад ва ҳам дар навбати худ ҳушдоре аз рӯи дилсӯзӣ. Оре, то ба қадри сулҳу салоҳ, ваҳдати комили миллӣ бирасем ва дар зимни он гузаштаро аз ёд набарем. Ин як гузашта як гузаштаи одӣ нест ва дар он ҳеҷ асари шодӣ нест. Гузаштаест пур аз ғам, пур аз андуҳ, пур аз ранҷ ва азобу шиканҷ. Ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, балки ҳеҷ нахоҳад рафт.
Чашмҳои моро агар бибанданд, гувоҳӣ хоҳанд дод, ки ҷангиёнро ҳам дидаанд ва мурдаҳоро низ, ки дар роҳу канорҳои он хуфта буданд.
Метавон аз ёд бурд, ки мардум шабу рӯз дар навбати нон буданд ва бархеро дар ин навбатҳо куштаанд? Ин боз дар ҳоле буд, ки кӯдакон чашм бо роҳи бозгашти падару модар дар хона менишастанду умед мебастанд, то бо пораи ноне гуруснагиро рафъ бинамоянд.
Рӯзномаҳо, маҷаллаҳо – ҳама аз ҷанг менавиштанду аз қурбониён. Мардум марсияхон гашта буданд, марсияхони Ватан ва фарзандони он. Агар ҳам чашм мебандем ва агар ҳам гӯш, даҳшати ҷанг, садову ғиреви занону кӯдакону оворагону ҷонбохтагонро мебинему мешунавем.
Гӯристонҳо дар андак муддат аз мурдаҳои нав пур шуданд. Гӯристонҳои нав пайдо шуданд ва ҳам гӯристонҳои ғарибон.
Доси аҷал хушку тарро медаравид. Осёбҳо баъд аз кор монданд.
Зиндагӣ низомашро гум кард, марг, ки ҷойи ӯро мехост бигирад ва ҳеҷ гоҳ намирад. Дидаҳои модарон тар буданд ва падарҳо хуни ҷигар. Агар ҳам як қурси нони сиёҳро пайдо мекарданд, ҳаргиз бе риққат намехӯрданд. Куҷо мерафтанд, ки гардун болои сарашон буд ва бадбахтӣ раҳбарашон? Аз гузашта канда буданд ва бар ояндаи нек пайваст шуда наметавонистанд, балки онро намедиданд, балки он дар зеҳнҳо ҳам роҳ намеёфт. Дарҳои масҷидҳо ҳам баста буданд ва дар хонаҳо низ бо амни хотир намоз гузорда наметавонистанд. Ғорату тороҷи молу мулк рӯз аз рӯз меафзуд. Хонаҳоро оташ мезаданд ва дудҳо ба шикоят ба сӯи осмон мерафтанд, аммо баъд роҳҳо қатъ мегардиданд.
Чунин як ҷангро таърих ҳеҷ дар ёд надошт. Не, ҳеҷ дар ёд надошт. Ҷангҳои бисёр, бисёри бисёр сар заданд. Мардум қурбон шуданд, аммо барои ҳифзи Ватан, номусу шараф. Ғолибон обрӯ меёфтанд, куштагон шаҳид мегардиданд. Ҳар ду – ғолибу кушта барои Ватану фарзандони он азиз маҳсуб мешуданд. Таърихномаҳо таълиф мегаштанд ва муборизони диловару шуҷоъ тавсиф мешуданд.
Ин ҳама ҷангҳо қоидаҳои маъмулии худро доштанд. Дӯсту душман ошкор буданд ва ҳамдигарро, агар ҳам дар сад либос меомаданд, мешинохтанд.
Ин ҷанг, ҷанги ягона ва бесобиқа ҳеҷ қоидае, ҳатто қоидае нонавишта надошт.
Мегуфтанд:
- Пас бояд дуо бикунем, роҳбару сарвари шоиста бихоҳем?
- Дигар чорае ҷуз ин намонда, агар Худо дуоямонро бихоҳад, ки бишнавад ва онро бипазирад.
Худованд дуоҳои онҳоро хост. Балки ин дуоҳоро худ дар дилу забонашон илқо кард ва ҳам худ мустаҷоб гардонид. Аммо вазъ ҳамоно мураккаб буд.
Дар чунин вазъи бас мураккабу ногувор Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари тозаинтихоби давлат, гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Дар он рӯзгор гуфтани ин сухан на танҳо душвор, балки бовар накарданӣ буд. Агарчи сулҳ бартару болотар аз нону ҷон маҳсуб мешуд ва онро мардум ба ҳар қимате, ки мешуд, мехариданд.
Изҳор медоштанд:
- Чӣ гуна, бо чӣ, бо кӣ сулҳ меорад? Ҳама чизро овардан мумкин аст, ба ҷуз сулҳ.
- Бояд дар андешаи ҷони худаш бошад. Зинда бимонад, барояш хуш давлате аст.
Ва ҳам изҳор дошт: «То даме, ки охирин гурезаро ба Ватан барнамегардонам, худро осуда намеҳисобам».
Ин суханон низ шубҳаи зиёдро ба бор овард. «Бар чӣ эътимод дорад, бар кӣ эътимод дорад, ки бо қатъият, ҷиддият ва боварӣ ин гуна суханон бар забон меорад? Вақт бисёр хуб собит месозад, ки ин ҳама ҳеҷ ҳақиқате надорад ва ҳам ғайриимкон аст!»,- мегуфтанд мардум.
Дар суханони ӯ, азму талошаш ҳама посухҳо мавҷуд буданд, аммо бар асари дидани манзараҳои ҷангу хунрезӣ, даҳшату қатлу ғорат бо андешаҳои карахт фаҳму дарки он ҳама даст намедод.
Дидем, шоҳид шудем, ки гурезаҳоро овард. Ҳифзу амнияти ҷони  онҳо ва обод намудани  хонаҳои харобгаштаашон аз оварданашон ба чандин маротиб душвор буд. Бар замми ин ҳама гуруснагӣ ба навъи худ на танҳо онҳоро, балки кишварро таҳдид мекард. Дар хазинаи давлат маблағе вуҷуд надошт.  Душманон аз ҳар ҷониб: аз дохил ва ҳам берун саъй мекарданд, то ҳама кӯшишаш бар бод биравад, суханонаш бар газоф бошанд, қатлу хунрезӣ, тороҷу ғорат ҳамоно идома биёбад, бияфзояд, то давлате бо номи Тоҷикистон аз байн биравад. Ин ҳамаро ӯ медонист. Аз суханони ӯ аст: «Ҳамчун  Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам».
Медонем, чун дидему шоҳид гардидем, ки дар он даврони ниҳоят душвор ҳеҷ кас,  ҷуз ӯ ин масъулиятро ба зимма нагирифт. Ин масъулиятро, воқеан, нафаре ба  зимма мегирифт, ки бояд тамоми ҳастияшро ба Ватану мардум мебахшид.
Ӯ барҳақ наҷотдиҳандаи давлату миллати тоҷикон, бунёдгару нигоҳдорандаи истиқлол, ободгари ин кишвари аҷдодӣ аст.
Ӯ барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад. Ҳатто ҳамин як хидмати бузургаш, ки барои мо, тавре ки худ гуфт: «Сулҳ меорам» ва овард, кофист, ки номаш барои ҷовидон бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърихи миллат ва башар навишта шавад. Не, балки навишта шудааст. Ва мо ин навиштаро барои худ низ бори дигар дар рӯзи саид, рӯзи ид муборакбод мегӯем!
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


1997 АЗ СОЗИШНОМАИ ТАҚДИРСОЗ ТО НАХУСТМАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ
Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шуд. Замоне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳро имзо карда баргаштанд, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гурӯҳ - гурӯҳ одамон ҷамъ омада, мунтазири паёми тозаи сулҳ меистоданд. Айнан ҳамин суханҳои оташбор он рӯз аз забони Роҳбари давлат садо доданд: «Агар гурӯҳе, шахсияте имрӯз зидди сулҳу амният, зидди ин шартнома, зидди Ваҳдати миллӣ, зидди эҳёи Тоҷикистон сар боло мекунад, пеш аз ҳама душмани миллати тоҷик, душмани мардуми Тоҷикистон ва душмани давлати Тоҷикистон аст».
14 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими ваҳдати халқи Тоҷикистон, эҳёи анъанаҳои волои таърихӣ, тарғиби беҳтарин арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллӣ ва нақши таърихии суннатҳои давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаву Наздик дар бораи ҷашнгирии 1100 - солагии Давлати Сомониён, соли 1999 дар шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонданд.
Ҳодисаи муҳими дигаре, ки дар соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сарвари давлат моҳи июл дар Анҷумани нахустини  ин ҳаракат сухан ронда, иброз доштанд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи басо пурихтилофи муноқишаҳои дохилии кишварро анҷом бахшида, ба оғози давраи нави таърихӣ бунёд гузошт.
7 июл таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 45 масъалаи муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июл бо мақсади таъмини бозгашти бехатар ва муташаккилонаи гурезаҳо ва ҳайати шахсии воҳидҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба Ватан ва риояи кафолатҳои конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо фармон ба имзо расонданд.


Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон
САРҶАМЪӢ
Чунин ҳарф аз лаби дарё расидаст,
Зи оҳанги талотумҳо расидаст:
-Касе суд аз парешонӣ надидаст,
Зи сарҷамъӣ ҳама бар ҷо расидаст.


Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.
Владимир ПУТИН,
Президенти Федератсияи Русия


Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.
Эмомалӣ РАҲМОН

1997: СОЛИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛӢ
27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи фараҳбахше ба амал омад, ки натиҷаи талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин рӯз санади басо муҳими таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.  

Инак, аз он рӯзи таърихӣ бист сол мегузарад, ки метавон бо дилпурӣ бист соли эҳёи миллӣ, бист соли баҳамоӣ, бист соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бист соли сулҳу субот ва оромӣ, муҳимтар аз ҳама, бист қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон унвон кард. Агар ба гузаштаи бист сол пеш бо чашми хирад бингарем, хоҳем дид, ки воқеан, ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшидан, сарзамини аҷдодиро аз харобӣ, миллатро аз парокандагӣ ва  Ватанро аз нобудӣ наҷот додан, мардуми ғамзадаю парешон ва азобу машаққаткашидаро ба ҳам овардану дар мазраи дилҳояшон донаи умед коштан кори саҳлу осон набуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои вазнин таҷрибаи талхи давлати Сомониёнро ҳамвора пеши назар меоварданд.  Зеро дар ҳамон давра бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон - Сомониён рӯ ба шикаст овард. Дар ибтидои солҳои навадум душманони миллат чунин як нақша доштанд. Онҳо  оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини аҷдодиамон барафрӯхта, ба ҳамин васила мехостанд Тоҷикистонро ҳамчун давлат аз байн баранд ва ё порча-порча намуда, мутеи бегонагон гардонанд. Вале талошҳои пайгирона, бедорхобию азхудгузаштанҳо, ҷон дар кафи даст ба минтақаҳои хатарнок сафаркарданҳои Сарвари муаззами кишвар ба хотири наҷоти миллат нақшаи манҳуси онҳоро барбод дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаи сулҳро нахуст дар арафаи соли нави мелодии 1997 ба сокинони мамлакат расонданд. Зеро 23 декабри соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик ба созишномае имзо гузоштанд, ки бар асоси он дар тамоми муддати музокироти байни тоҷикон оташбас ва қатъи амалҳои душманона эълон гардида буд.
Ин паёми умедбахш мардуми аз даргириҳои бемаънии дохилӣ хасташударо хушҳолу рӯҳбаланд гардонд. Дар дили ҳамватанони бар асари даргириҳо хонаю дари худро партофта, ба Афғонистон ва дигар кишварҳо фироркардаю азоби ғарибӣ кашидаамон шуълаи умед афрӯхт. Суханони Сарвари давлат, ки «имрӯз оғӯши гарми Ватан, чеҳраи пурмеҳри ҳар як шаҳрванди мамлакат интизори баргашти ҳамватанони фирорист», қомати хамгаштаашонро рост, қалбҳои ранҷурашонро дармон бахшиданд. Онҳо ин хабарро ба ҳамдигар расонда, хушҳолӣ мекарданд. Президенти мамлакат ба мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат карда, гуфтанд: «Биёед ин ҳадяи таърихӣ ва ин имконияти хубро барои ваҳдати ҷовидонаи ҳамдиёрони азиз пурсамар истифода барем. Дар пешорӯи сарзамини муқаддас ва покизаи мо - Тоҷикистон уфуқҳои наву тоза боз мешаванд. Бигзор, ин уфуқҳо софу беғубор, рангину нуронӣ ва сафеду покиза бошанд».
Зиндаёд Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ба ифтихори ин созишномаи сулҳу оштӣ бо номи «Сулҳ муборак!» шеъре навишта буд:
Чу донистанд, к-андар паҳнаи гетӣ
Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик,
Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Ба ин азми қавию аҳди мардона
Имоми ду тарафро мекунам табрик!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26 июн бо мақсади имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба Маскав сафар карданд. Пеш аз сафар, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Сарвари давлат иброз доштанд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ чун фарзандони баору номуси Ватанамон бо ихлоси тамом гирди як хон менишинем, нон мешиканем, бо ҳам нафас мегирем, ободӣ мекунем, тӯю сур мебинем ва хушбахт мешавем.
Ва ниҳоят, 27 июн дар пойтахти Федератсияи Русия-шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.  Ба бахти халқи тоҷик, шаби ғаму ғусса ва ноумедиҳо поён ёфт, субҳи сулҳу сафо  дамид. Бо ҳамин музокироти байни тоҷикон, ки 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шурӯъ шуда буд, 27 июн дар ҳамин шаҳр анҷом ёфт. Ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, самараи дурахшон ба бор оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ бахшида ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зикр сохтанд, ки «ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид». Бо назардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи миллат Сарвари давлат рӯзи 27-уми июнро дар кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд, ки ин санаи фархунда ҳар сол дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.    
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Таҷрибаи тоҷикон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад.
Ян КУБИШ,
Муншии умумии Созмони амнияту  ҳамкорӣ дар Аврупо


1998 СОЛИ РОҲҲО БУД
Дар ин сол бори аввал Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд. Баъди гузаштани як сол аз имзои созишномаи сулҳ мардум ба омадани рӯзҳои неку дурахшон бештар бовар карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии хеш иброз доштанд, ки фаро расидани чунин рӯзи фархундаро тамоми сокинони Тоҷикистон бо умеди зиёд интизор буданд.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки соли 1998 дар Тоҷикистон соли роҳҳо буд. Роҳ фалсафаи ба ҳам наздик шудану пайвастанро дорад. Аз ҷумла, 7 сентябр дар фазои рӯҳбахшу осуда бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа - Кӯлоб», ки қитъаи роҳро аз Қӯрғонтеппа то Саргазон дар бар гирифта, дарозиаш 54 км аст, мавриди истифода қарор гирифт.
Моҳи сентябри ҳамон сол ҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Сарвари давлат ба ин муносибат сокинони кишварро шодбош гуфта, иброз доштанд, ки ҳафт соли охир барои мардуми мо соли осон набуд. Ҷаҳду талоши беандоза барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ба Ватан баргардондани фирориён, фаъол сохтани корхонаву муассисаҳои дар натиҷаи ҷанг фалаҷ гардида, ба амал баровардани ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ аз ҷумлаи дастовардҳои асосии ҳамин давраанд.
1 ноябр ба таври расмӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи Мурғоб - Қулма, ки яке аз қисматҳои асосии шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб - Хоруғ - Мурғоб - Қулма ва шоҳроҳи Қароқурум ба шумор меравад, ба истифода дода шуд. Баъдтар дар шаҳри Кӯлоб маросими тантанавии ифтитоҳи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Охири сол бо иқдоми Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ аз 90 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил ба амал оварда шуд.


ГУЛЧАНБАРИ ВАҲДАТ
Холаи Нигина. Ин бонуи ситорагарми резапайкар аз зумраи он модаронест, ки озарму озори ҷанги шаҳрвандиро ба чашми худ дида, мусибати гаронеро паси сар кардааст. Охир қариб буд, кишвар ба вартаи нобудӣ расад. Худ шоҳид буд, ки ҳазорҳо ҳамдиёрамон қурбони ин кашмакашиҳои бемаънӣ гардиданд. Модарони зору ҳайрон то ҳанӯз дар сӯгвории фарзандон гирёну нолонанд. Банди ҳамин хаёлу андеша рӯи ҷонамоз хобаш бурд. Хоби аҷибе дид модар…
Рӯи кати ҳавлӣ сари хон ҳар се писараш нишастаанд. Хуршеди шӯхтабиат сарашро болои зонуи модар мегузорад. Самеъҷонаш ҳатто ҳангоми чойнӯшӣ низ мутолиа дорад. Ин шуғли доимӣ ва писандидаи ӯст. Писари калонӣ - Юсуфҷон ба гулҳои садбарги шафати кат андешаманд дида медӯзад. Модар аз ин меболад. Охир чӣ хел наболад, ки ҳар се писараш бо ӯст? Сари писари хурдӣ - Хуршедро сила мекунаду нигаҳаш сӯи Самеъҷон аст, ки боз чӣ мегӯяд. Роҳнамову маслиҳатгари модар ва бародару додар буд ӯ. Бедор шуд. Бедор шуд, ки сари Хуршедҷонро не, балки бо дастони шахшул болиштро сила мекунад. Ку сари пурармони писар, ки модар сила кунад? Боз нигоҳаш ба се акси дар қолин наққошишуда афтид. Дар қолин акси ҳар се писараш наққошӣ шудааст. Ҷойи хоби модар пешорӯи қолин-рӯ ба рӯи фарзандон аст. Ва модари зор ҳамеша бо ин аксҳои қолин гуфтугӯ мекунад. Рози дил мегӯяд. Дарди дилашро холӣ мекунад. Ана, дар канор Юсуфҷон аст. Писари калонии ӯ. Хеле меҳрубон ва дилсӯз буд. Табиати нарму ороме дошт. Дар шафати ӯ писари дуюм Самеъҷон бо ҳамон нигоҳи ҷаззобу бовиқор ва симои ҷиддиву андешаманд ба модар дида медӯзад. Дар миёни ҳар ду бародар Хуршеди шӯх тавре ҷо гирифтааст, ки китфони ҳар ду бародарро паноҳ кардааст. Дар назари модар ҳозир табассум мекунаду механдад ва бо хушгӯиҳои худ боз модару бародаронро механдонад…
Писаронаш бузург шуданд. Зиндагии зебое дошт модар. Юсуфҷон муҳандиси сохтмон, Самеъҷон корманди амнияти давлатӣ, Хуршедҷон корманди милитсия буданд. Нооромиҳои солҳои 90-ум ин модарро низ ба ғам мубтало карданд. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳар се ҷигарбандашро аз даст дод...
Ҳа, Нигина Орифова солҳои зиёд омӯзгор буд. Омӯзгоре, ки дар камолоти садҳо нафар нақши калон дошт ва имрӯз аз эҳтироми зиёду самимии шогирдонаш ба хубӣ бархӯрдор аст. Бо он ки синнаш ба ҳаштоду чор расидааст, ҳанӯз бекор нишастанро дӯст намедорад. Бар дӯши набера низ бор шуданро намехоҳад. Охир аз бекор нишастан ғамаш афзун мегардад…
Хеле кам медид писаронашро. Охир ҳар ду писараш Самеъҷон ва Хуршедҷон ҳомии давлату Ҳукумати қонунӣ буданд. Нахуст Самеъҷон, баъд Юсуфҷон аз гум шудани додар огоҳ шуда, аз Маскав омад. Кош намеомад. Шояд зинда мемонд. Ӯ низ ҳадафи тири душман гардид. Хуршедҷонро ҳангоми адои вазифа ба қатл расонданд…
Вазъият дар кишвар батадриҷ беҳ мешуд. Мардум дигар наҳаросида ба кор мешитобиданд. Гурезаҳои дур аз Ватан низ ба хонаҳои худ бармегаштанд. Он субҳдам, ки муждаи ваҳдат ба гӯши пиру барнои кишвар расида буд, раиси вақти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳ.Абдуллоев ба суроғи ӯ омад. Либос иваз карда баромад. Ба мошин нишаста, ба фурудгоҳ омаданд. Дар фурудгоҳ одамони зиёде ҷамъ омада буданд.
Ҳама дар фурудгоҳ дар интизори фарзонафарзанди ваҳдатофари миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Охир маҳз бо шарофати ӯ дар кишвар садои тиру туфанг хомӯш шуда, сулҳ ҳукмфармо гардид. Ва ахиран Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Ба одамони шоду масрури шиносу ношинос нигариста, чеҳраи фарзандонаш, симои се писари ҷавонмаргаш пеши рӯяш меомад. Охир Самеъҷону Юсуфҷон ва Хуршедҷони ӯ низ барои ҳамин рӯз талош доштанд. Хайр, шукри Худо, ки ҷанг тамом мешавад. Сулҳ барқарор мегардад. Дигар модаре мисли ӯ фарзанд аз даст намедиҳад.
Ҳеҷ аз ёдаш намеравад, дар он рӯзи сурурзову таърихӣ - субҳдами 27-уми июни соли 1997 дар фурудгоҳ ӯ бо дастони ларзон ва оби дида ба гардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулчанбари ваҳдатро овезон намуд ва дуо кард, ки дар кишвараш дигар ҷанг нашавад, сулҳ ҳукмфармо бошад, тоҷик дар ба дару гуреза нагардад, ҷавонписарони нозанин қурбони тири ҷангҷӯён ва низоъхоҳон нашаванд…
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф


Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

ЧАКОМАИ  ВАҲДАТИ  МИЛЛӢ
Инак, аз худ вораҳида,
Чун тулӯи субҳи нав аз худ дамида,
Бо ҳама тандес боло мешавам,
Аз  сиришти сарнавишти  худ ҳувайдо мешавам!
Мебарорам пайкарамро,
Бо дурахши эътимодам
Аз ниҳодам!   

Инак, аз тан вораҳида
Ман ҳама ово шудам,ово шудам,
Чун садо аз пардаҳои ҷони худ пайдо шудам.

Ваҳдати миллӣ!
Дастоварди беҳини миллати бедор
Дар ҳама таърихи будан,
Дар ҳама даврони худро
Аз даҳони бози деви даҳшати дунё рабудан!
Аз ҳама пайҳои нопайдо зи нав пайдо намудан.

Ҳеҷ истиқлолу озодӣ нарӯяд чун дарахти борвар
Бе замини Ваҳдати миллӣ
Дар ҳавои лоф, дар хоки газоф!
Дар сарафрозии бе поя
Дар ягон Қоф!

Эй дурахши бахти тоҷик
Дар  самои тираи ҳастӣ,
Дар баҳои қисмати сангин,
Дар баҳои рӯзгори сахти тоҷик!
Эй булӯрин ҳолаи хушбахтии мо,
Ваҳдату ҳамрахтии мо!

Бе ту моро пояи поянда нест!
Бе ту моро ояи оянда нест!

Ваҳдати миллӣ!
Ҳастии мо дар кафи мушти ту танҳо бегазанд аст!
Ҳастии мо  бо ту зебо, бо ту ширин, бо ту қанд аст!
Арҷи  мо бо ту баланд аст!
Бо ту танҳо, бо ту танҳо, бо ту танҳо
Зиндагонӣ арҷманд аст!

Бе ту фардо нест!
Ҳам агар бошад, дар он нуре ҳувайдо нест!
Рӯди моро бе ту маҷро нест!
Дониши мо бе ту доно нест!
Бе ту моро дар замину дар само, дар ду ҷаҳон ҷо нест!
Зиндагиро бе ту маъно нест!

Ваҳдати миллӣ!
Ҷавшани мо бош!
Махзани мо бош!
Офтоби   равшани мо бош! 
Дар дарахти ҳастии ин миллати некуманиш
Дар баҳои заҳмати садасраи ӯ чун самар бош!
Дар ҷаҳони ҷангҳои одамихор
Дар тани мо чун сипар бош!

Эй умеди охирин дар остони ноумедӣ!
Эй тулӯи озарин дар осмони ноумедӣ!

Нестӣ бо мо агар ҳоло, ба фардо нестӣ!
Ори мо ҳеҷ аст, агар онро ту оро нестӣ!

Ваҳдати миллӣ, фурӯзон шав
Чун  чароғ андар даруни мо!
Шуъла зан дар ҷони мо, дар мағзи хуни мо!
Бе ту нуре нест дар бахти нагуни мо!

Охирин дасти раҳобахши фазилат
Бар сари мо дар канори вартаҳои нестӣ!
Эй хушо, дасти наҷоти мо
Аз варои нестӣ!

Дар тани хуншори мо, дар торами ҳар тори мо мисли  наво ҳастӣ!
Чунки дар чашмони мо мисли зиё ҳастӣ!
Чунки дар дастони мо мисли дуо ҳастӣ!

Дар ҳама ойини мо ойина ҷавлон мезанад!
Миллати ойинаҳо моем,
Миллати хайру сахо моем,
Миллати беиддао моем!
Миллати лутфи Худо моем!

Дар ҳама ойини мо ойина акси офтоб аст!
Дар ҳама ойини мо ойина акси родмардӣ,
Акси ишқ аст, акси одоб аст!
Меравад бо рӯдбори дастҳои мо
Он сахо, он ҳиммате, ки рӯди шодоб аст!

Миллати шеъру суруду дарду  созу сӯз моем,
Миллати Наврӯз моем!
Миллати некӣ,
Миллати халқи сафоафрӯз моем!
Миллате, ки аз замони Зардуҳишт
Дар ниҳодаш нур дорад,
Нури ақлу нури идрок,
Нури ҷони пок, нури сур дорад!

Миллате, ки ҳифз медорад варо як умр тӯмори сухан,
Зинда гар бигзаштааст аз тирароҳи асрҳо,
Раҳнамояш  буда анвори сухан...

Ваҳдати миллӣ!
Сарнавишту ҷавшани мо бош!
Балки худ ҷилди тани мо бош!

Эй қавитар аз ҳама фӯлод,
Бош бо мо, бош дар бунёд!

Путку сандоне туро кай бишканад?
Теғу дандоне туро кай бишканад?

Инак, ин ман!
Вораҳида аз худ, аз таърих!

Дар ҷаҳоне, ки замину коинот аз ваҳдат аст,
Миллате кай метавонад зист бе ваҳдат!?
Ҳеҷ  қонуну низоме нест бе ваҳдат!
Зиндагӣ худ ваҳдати хок асту обу оташу бод,
Ваҳдати ин чор ёр аст умрбод!

Ту  шараф, ту нангу номус, балки имонӣ!
Қалъаи амнияти мо дар ҷаҳонӣ!
Дар вуҷуди мо ту виҷдонӣ!

Дар сиришти мо музайян бош!
Дар вуҷуди мо мутантан бош!
Дар ниҳоди мо таҳамтан бош!
Ваҳдати миллӣ!
Маро ҷон шав,
Маро тан бош!
Эй Худо, ман бош, ман бош!
Эй Худо, ман бош, бо ман бош!!!


1999 ТАҶЛИЛИ ҲАЗОРСОЛАГИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Муҳимтарин рӯйдоди Тоҷикистон дар ин сол ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён буд, ки дар сартосари кишвар ва аз тарафи тоҷикони бурунмарзӣ низ истиқболи гарм ёфт. Ин ҷашн собит кард, ки тоҷикон аз қадим соҳибони расму оини далватдорӣ ва шаҳрсозии омӯзандаву барозанда будаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни суханронӣ иброз доштанд, ки хизмати бузургтарин ва арзандатарини давлати Сомониён дар таъмини ташаккули комили халқи тоҷик будааст.
9 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолон, намояндагони ташкилотҳои динӣ, зиёиён, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи танзими расму оинҳои халқӣ муҳокима гардид.
7 сентябр қатораи аввалин ба шаҳри Кӯлоб ворид шуд. Субҳи он рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати ҳукумат, меҳмонони кишварҳои ба мо дӯст, ки ба ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, собиқадорони меҳнат, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ба ҳайси мусофирони аввалин тавассути қатора ба сафар баромаданд. Ҳамон сол дар деҳаи Яхшипун маросими ботантанаи ифтитоҳи роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб баргузор гардид. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки роҳи Кӯлоб - Қалъаихумбро на танҳо шоҳроҳи истиқлолият, балки шоҳроҳи ваҳдат низ номидан мумкин аст. Зеро он ду минтақаи ҷумҳурӣ- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлонро ба ҳам мепайвандад.
6 ноябри соли 1999 интихоботи Президент дар мамлакат доир гардида, халқ фарзанди барӯманди хеш Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кард.


“ХОКИ ВАТАН...”
Дар гӯшаҳои дуртар аз марзу буми аҷдодӣ бо садои мусиқии ҳазин хониши  мисраъҳои
“Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ, ба Канъон хуштар”
ба гӯш мерасиду дилҳои ҳамватанони дур аз хоки диёр афтода бештар  пазмони наздикону  пайвандон, ёрону дӯстон, боғҳою роғҳо, хонаҳову дарҳои худ мегардиданд. Дар ин ҳол сели ашк рухсораи онҳоро мешуст.  Бале, ёди Ватан, обу хоки диёр, дидори наздикону пайвандон дар он рӯзгор ҳамеша домангири муҳоҷирони дур аз марзу бум буд.
Моҳи сентябри соли 1991 Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ Истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Кишварро бар асари нофаҳмию нооромиҳо ва демократияи сохтаи хоҷагони беруна ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид дошт. Ниҳоят он   соли 1992 таҳмил гардид. Мардум дар ду сангари ба ҳам муқобил истодагарӣ карданд. Баъди парокандагии майдонҳо сарсониву саргардонӣ, хонавайрониву зиндаҷудоиҳо оғоз шуд. Дар рӯзҳои сарди тирамоҳу зимистони солҳои 1992 - 1993 ҳазорон нафар ҳамватанон тарки хонаву дар карда, бо сад азобу машаққат дарёи Омуро убур намуда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон паноҳанда шуданд. Аз як тараф сардӣ ва аз дигар тараф шароити номувофиқи зист боиси марги пирони рӯзгордида ва тифлону кӯдакони аз канори модар баҳраи дуруст набурда мегардид. Даруни хаймаҳои сарду торик бо чашми чор заҳри ғарибӣ мечашиданд. Новобаста ба ҳамаи мушкилиҳо умеди бозгашт ба хоки аҷдодӣ ва дидори наздикону пайвандон лаҳзае онҳоро ором намегузошт. Нигоҳи пурмеҳрашон ба сӯи Ватан буд. Баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ва интихоби Раиси Шӯрои Олӣ - фарзанди бонангу баномуси миллат Эмомалӣ Раҳмон қалби онҳоро  гармӣ мебахшиду умеди бозгаштро ба хоки аҷдодӣ мисли шарора меафрӯхт.
Яке аз аввалин тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат бозпас гардондани мардуми фирорӣ ба манзилу макони аҷдодӣ буд. Кормандони эҷодиву техникии Радиои Тоҷикистон барои дастгирии  ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат дар андешаи таҳияи барнома  гардиданд. Дар  ибтидо барои нафароне, ки наздикону пайвандонашонро дар рӯзҳои набарди шаҳрвандӣ дар гӯшаву манотиқи кишвар гум карда буданд, тавассути барномаҳои иттилоотии “Ахбор” ва “Мо ва шунавандагон”, ки аз шуъбаи мактубҳо таҳия мешуд, эълонҳо пахш мегардид. Он  то охири моҳи марти соли 1993  давом кард. 29 марти соли 1993 нахустин барномаи “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” бо муроҷиати Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми иҷборан тарки Ватан карда дар мавҷ давоми 30 дақиқа пахш шуд, ки онро ҳайати эҷодии сарредаксияи гуфторҳои сиёсӣ ва байнахалқии радио таҳия намуда буданд. Баъди ин пахш аз кишварҳои дуру наздики Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия ва мавзеъҳои гуногуни Ҷумҳурии исломии Афғонистон номаҳои ҳамдиёрон ба Радиои Тоҷикистон мерасид. Муаллифони номаҳо - ҳамватанони азизи дур аз хоки диёр иқдоми неку хайрхоҳонаи аҳли эҷодиро хеле хуш пазируфтанд. Модарону хоҳарон, бародарон, наздикону пайвандони ғарибафтодагон ба Хонаи радио омада, аз ҳаёти худ ва пайвандон сухан карда, ҳамзамон фирориёнро барои бозгашт ба марзу буми аҷдодӣ даъват менамуданд.
Як лаҳзаи бозгашти ҳамватанон дар гузаргоҳи Панҷи поён ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намешавад.
Тобистони соли 1995 муйсафеди 71 - сола Ҳақназар Давлатов, аз водии Вахш, ҳини бозгашт як каф хокро ба дидаҳояш молиду гуфт: “Ин қатраҳои ашк  ашки шодиву хурсандии ман ва навъе шукргузорист, ки боз ба Ватани азизам баргаштам. Ман солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корзор зодгоҳам, пайвандону наздиконамро сахт пазмон мешудам. Аммо он ёду пазмониҳо барои Ватану дидори хешу ақрабоям тамоман дигар буд. Дар ғарибӣ ширинии Ватанро бештар эҳсос мекардаму ҳар субҳу шом пинҳонӣ гиря менамудам. Дар намозҳоям дуо мекардам, ки бори дигар ба дидори Ватан, ёру наздиконам бирасам”.
Барнома ҳамарӯза соати 715 ва такроран соати 1315 дар ҳаҷми 30 дақиқа садо медод. Бо зиёд гардидани номаҳо, ташрифи мардум ҳаҷми пахши он ба 45 дақиқа расонда шуд. Ҳамватанон ҳамоно аз аҳвол, рӯзгори ғарибӣ ва пазмонии пайвандон менавиштанд.
Мегиряму зор менависам нома,
Аз гиряи зори ман қалам мегиряд.
Бозгашти муҳоҷирони иҷбории ҷанги шаҳрвандӣ ба марзу буми аҷдодӣ дар таърихи башарият ҳодисаи нодир аст. Дар таърихи миллат борҳо воқеаҳои нангин мардумро маҷбур сохтааст, ки ҷилои Ватан намоянд. Вале боре ҳам ба мулки аҷдодӣ чунин сарҷамъ бозпас нагаштаанд.
Ҳамин тавр, муроҷиати Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути радио онҳоро барои бозгашт ба хоки аҷдодӣ сабаб гардид.
Ёди он рӯзҳои ҳузнангез боз як бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳама лаҳзаҳои ҳаёт дастгир ва меҳрубони ҳамдигар бошем.
Сафаралӣ  НОЗИМОВ,
собиқ муҳаррири барномаи 
“Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” - и
Радиои Тоҷикистон


Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам, ба ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Зеро он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, кишварашро ҳифз кард, ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард.
Александр ЛУКАШЕНКО,
Президенти Беларус


2000 ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ПОРЛУМОНИ КАСБӢ
Тоҷикистон ҳазорсолаи навро бо дастовардҳое истиқбол гирифт, ки онҳо рамзу намоди асосии давлатдорӣ арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба фаъолият оғоз кардани порлумони касбӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ - сомонӣ ва бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии соли 2000 ба шумор мераванд.
27  феврал дар мамлакат аввалин маротиба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардид. Моҳи июли ҳамин сол ҷаласаи сарони давлатҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» дар Тоҷикистон баргузор гашт ва шаҳри Душанбе бори аввал макони баргузории чунин як саммити бонуфуз шуд.


МО МИЗБОНИ ВАҲДАТ
Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, бунёдкорию созандагиҳои пурвусъат аз дастовардҳои беназири халқу кишварамон маҳсуб меёбанд. Ин ҳама ба василаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштаанд. 
Бист сол муқаддам  ба чунин рӯзҳои пурнишот расиданро  касе тасаввур карда наметавонист. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ гӯё замину замонро ба коми худ фурӯ мебурду мардум умед аз оянда канда буд.
Шуълаи умедро ба дилҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрӯхт, ки дар он ҷавонмарди боҷасорату  ватандӯст, халқпарвару миллатдӯст Эмомалӣ Раҳмон  Сарвари давлат интихоб гардид. Зеро вақте бо самимият ва қатъияти том «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», «То он даме ки охирин муҳоҷири иҷборӣ дур аз  Ватан аст, ман худро осуда намеҳисобам» - гуфт, ҳама фаҳмиданд, ки ба майдон муборизи ҳақиқии сулҳ ворид мешавад. Ин ҷавонмарди оқилу дурандеш бо камоли масъулият дарк намуд, ки агар  оташи ин ҷанги бемаънӣ хомӯш карда нашавад, аз миллат осоре нахоҳад монд. Ба ин далел, таҳдиди хатарҳо ба ҷони худро нодида гирифта, аз тамоми василаҳо кор гирифт, то дар навбати аввал сулҳ дар мамлакат барқарор шавад. Ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вазъияти душвори ҷангӣ сафар кард, то бо мухолифон вохӯрӣ анҷом диҳад. Дар Душанбе аз ин сафар нигаронӣ мекарданд, бархе аз мухолифин ин лаҳзаро пайти муносиби қасд ба ҷонаш медонистанд.
Пас аз фуруд омадани чархболи Сарвари давлат ба хоки Афғонистон яке аз қумондонҳои шинохтаи мухолифин эҳсосоти он лаҳзаашро чунин баён дошта буд: «Ӯ аз омадан ба ин нуқтаи даргир наҳаросид. Наҳаросид, ки шояд аз ҷонибе сӯяш тир холӣ шавад. Шояд яке аз гурӯҳҳои размандаи афғонӣ ин амали нангинро анҷом дода, онро ба мо нисбат диҳад. Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама эҳтимолиятҳоро дидаву дониста, бо ҷасорати ба худ хос, дасту дили кушод ва қалби чун оби чашмаҳои поки Тоҷикистон мусаффо назди мо барои қатъи ҷанг, барои наҷоти миллату Ватан омад. Аҳсан ба ӯ!».
27 июни соли 1997 Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Рӯйдоди беназире, ки он рӯз амри воқеъ гардид, дар китоби рӯзгори миллати тамаддунсози тоҷик бо ҳарфҳои  заррин навишта шуда,  бо гузашти солҳо ҷилои он ба дидаҳо рахшандаву тобандатар   мегардад.
Ваҳдат барои миллати тоҷик хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёда насиб гардонд. Ҳамкориҳои густурдаву судманд бо кишварҳои хориҷӣ, бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бешумори  истеҳсолӣ, ки  ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамоянд, аз ин ҷумла мебошанд. Ба ин радиф метавон нақбҳои Истиқлолу Хатлон ва Шаҳристону Шаршар,  неругоҳҳои  Бойғозӣ, Сангтӯдаю Роғунро афзуд. 
Чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, ки муаррифигари тамаддуни беш аз ҳазорсолаи миллати тоҷик  дар арсаи ҷаҳонанд, маҳз бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, башорат аз фазои амну осоиши кишвар, тантанаи Ваҳдати миллӣ медиҳанд.
Ҳоло мо дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ин санаи муборак барои мардуми меҳнатқарини шаҳри Ваҳдат ид болои ид аст. Зеро моро шарафи бузурги мизбонӣ аз тантанаҳои ҷумҳуриявии ин ҷашни муборак бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст.
Ба ин муносибат корҳои ободонӣ дар шаҳр вусъат гирифта, то имрӯз дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, назди ташкилоту муассиса ва корхонаву хоҷагиҳо, қад-қади роҳҳои мошингард беш аз 50 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд. Сохтмони биноҳои ҳафт ва сенздаҳошёнаи истиқоматӣ, бинои нави ШВКД дар шаҳр анҷом ёфт.  Биноҳои истиқоматии панҷ, ҳафт ва сенздаҳошёна  дар кӯчаву  хиёбони Рӯдакӣ, 20 - солагии Истиқлолият, бинои истиқоматӣ бо маркази савдо, ки дар кӯчаи Туғрал қомат рост карда истодаанд, тарҳи наву зебои замонавӣ дошта, ҳуснафзои шаҳранд. Бунёди корхонаҳои истеҳcоли афшурдаи мева дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов ва коркарди сабзавот низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошанд.
Бинои муассисаи таълимӣ барои 640  хонанда ва варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар маҳаллаи 20-уми шаҳр, ки санги асосашонро Пешвои муаззами миллат гузошта буданд, дар рӯзи ҷашн мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, дар назди варзишгоҳ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон мегардад.
Дар китобхонаи марказии шаҳр ва осорхона гӯшаҳои вижа таҳти унвони «Ваҳдат зӯри мо, тавони мост» таҳия шуданд, ки бозгӯи  дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллианд.
Итминони комил дорам, ки ҳар фарди бедордил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар рушду нумӯи Ватани азиз ва ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдат талошҳои босамар анҷом медиҳанд.
Раҳмоналӣ АМИРЗОДА,
раиси  Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба иқтисодиёту 
коммуникатсия, раиси шаҳри Ваҳдат   


Мо саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъол ва мутаассири ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон


2001 ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН ДАҲСОЛА ШУД
Соли 2001 саршор аз воқеаву рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таҳаввулоти тозаи бунёдӣ дар умури давлатдорӣ буд.
Моҳи январ бо мақсади такмили минбаъдаи системаи идораи давлатӣ ва ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ мувофиқ гардондани он бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (имрӯза Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис ёфтанд.
Моҳи сентябр бо мақсади такмили сохтори низоми пулии ҷумҳурӣ дар заминаи таъмин намудани эътимоднокӣ ва устувории он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои филизӣ» ба тасвиб расид. Мувофиқи фармон аз 3 сентябри соли 2001 дар мамлакат тангаҳои филизии арзишашон 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Ҳамин сол дар фазои сулҳу ваҳдат ҷашни хуҷастаи 10 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳи хос таҷлил шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ҷашни даҳсолагӣ изҳор доштанд, ки «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».


27 ИЮНИ СОЛИ 2006.  ЯК РӮЗИ ХОТИРМОНУ ТАЪРИХӢ
Яке аз воқеаҳои муҳими соли 2006 ин дар доираи тантанаҳо бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Нурободу Рашт гардид.

Дар доираи ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози марҳилаи дувуми таҷдиди роҳи автомобилии Душанбе – сарҳади Қирғизистон ширкат варзида, онро барои сокинони ноҳияҳои водии Рашт ва кулли мардуми ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт. Имрӯз, пас аз гузашти солҳо мо аз баракати ин иқдоми наҷиб васеъ истифода бурда,  онро яке аз намунаҳои сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлати азизамон медонем.  Ин ҷода дар раванди  баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ саҳми босазо гузошт. 
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт – маркази тантанаҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташриф оварданд. Дар ин лаҳзаҳо ҳаяҷони мо ҳадду канор надошт, ҳамвора бо Президенти кишвар ба диёри мо нуру сафо омад. Бо ҳисси хурсандии беинтиҳо мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум раҳсипор гаштем. Дар яке аз мавзеъҳои хушманзари он маросими кушодани нимпайкараи Нусратулло Махсум баргузор гардид. Он дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд ёфта буд. Сардори давлат парда аз болои нимпайкараи фарзанди фарзонаи миллат бардошта, ин рӯйдодро ҳамчун поси хотираи неки ин марди фидокор ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт. Суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намешаванд. «Нусратулло Маҳсум дар солҳои вазнини 20 – уми асри гузашта барои барпо намудани Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии алоҳидаи миллӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, мустаҳкам намудани мавқеи он дар миқёси ин давлати бузург хизматҳои дорои аҳамияти таърихӣ кардааст ва қадрдонӣ аз хизматҳои ин фидоии миллати тоҷик вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон аст», - зикр намуданд Президенти кишвар.
Дар ҳамин вохӯрӣ Президенти ҷумҳурӣ аз таърихи давлату давлатдорӣ ва хатарҳое, ки аз умқи таърих ба бақои давлату миллат таҳдид намудаанд, ёдовар шуда, саҳми чунин фарзонагони миллати тоҷик ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов ва дигаронро бузургу намоён маънидод карданд.
Воқеаи хотирмонтарини ин рӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур додани унвони фахрии «Қаҳрамони Тоҷикистон» буд, ки аз ифтихору фараҳмандӣ ашк аз чашмони мо ҷорӣ гардид…
Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2006 дар ноҳияи Рашт баргузор гардиданд, ба тантанаи сулҳу осоиш, оштии миллӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯзи хотирмон солҳои зиёде гузашта, он  дар саҳифаҳои таърих нақш бастааст. Раштонзамин ҳамарӯза рушд менамояду ободу зеботар мегардад.   Вале саҳме, ки ин вохӯрӣ дар рушди минтақа гузошт, баҳо надорад.
Қаноатшо ЛОИҚЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт


Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тавсеаи муносибатҳои Покистону Тоҷикистон низ бозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки мо ҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад
Муҳаммад Навоз ШАРИФ,
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон


ТАРОНАИ ВАҲДАТ
Ваҳдат баҳори зиндагист,
Ваҳдат шарори зиндагист.
Ҳар қавми дурандешро
Ваҳдат шиори зиндагист.

Ту Қаҳрамони ваҳдатӣ,
Шоҳи ҷаҳони ваҳдатӣ.
Истораи равшантарин
Дар осмони ваҳдатӣ.

Аз файзи Ваҳдат қатраҳо
Пайваста дарё мешаванд.
Аз меҳри Ваҳдат зарраҳо
Пайваста дунё мешаванд.

Ваҳдат чароғи маҳфил аст,
Осоиши ҷону дил аст.
Сарҷамъ миллатро кунад,
Осонгари сад мушкил аст.

Ту Қаҳрамони ваҳдатӣ,
Шоҳи ҷаҳони ваҳдатӣ.
Истораи равшантарин
Дар осмони ваҳдатӣ.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон


2002 АЗ САРФАРОЗИИ ФОРСИЗАБОНОН ТО «КОРВОНИ ВАҲДАТ»
Дар ин соли хуҷаста ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ панҷ сол пур шуд. Муҳимтарин  рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ин давра  таҷлили ёздаҳсолагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, даҳсолагии  Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳумин солгарди таъсиси  Анҷумани  тоҷикон ва форсизабонони  ҷаҳон буданд. Он вақт аллакай форсизабонони дунё Тоҷикистонро хонаи умеди худ хонда, дар рӯзҳои фараҳбахшаш номаҳои шодбошӣ фиристода, хушнудии худро аз пешрафту шукуфоии Ватани азизамон изҳор медоштанд.
Воқеаи муҳими дигар таҷлили 2500 - солагии  шаҳри бостонии Истаравшан ба шумор меравад, ки он бо шукӯҳу шаҳомати  хос таҷлил гардида, ҳисси ифтихори  миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардумро баланд бардошт.
Соҳибдилони «Корвони Ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат» аз ҳудуди 64 шаҳру ноҳияи кишвар гузашта, бо мардум мулоқоту вохӯриҳо  гузаронданд. Аз ҷумла, онҳо аз ағбаи Кулма то шаҳри Исфара  масофаи беш аз 1800 километрро тай намуданд. Хати дигари корвон аз Кулма то  Хоруғ, аз он ҷо то ноҳияи Шамсиддини Шоҳин омада, аз Кӯлоб ба Душанбе расид. Дар ҳама ҷо «Корвони Ваҳдат» - ро бо рӯҳи болида ва хушнудӣ пешвоз гирифтанд ва бори дигар ба Ваҳдат ҳамчун неруи муттаҳидкунанда арҷ гузоштанд.


АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ:
ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ МАҲБУБИ МО
Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷӣ давоми қариб 60 соли фаъолияти худ баҳри устувор гардондани сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, тарғиби идеяҳои давлати соҳибистиқлол, шинос намудани кишварҳои хориҷӣ бо анъана, расму оин ва фарҳанги  волои мардуми тоҷик саҳми босазо гузоштааст.
Раёсати ҷамъият соли 1996 дар қатори ҳизбу ҳаракат, ҷамъияту ташкилотҳои фарҳангӣ, миллӣ аз аввалинҳо шуда ба ҳуҷҷати муҳими таърихӣ - Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон имзо гузошт ва соли 1997 созмон ёфтани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, 16 ноябри соли 2012, ба самтҳои асосии рушди давлатдории тоҷикон равшанӣ андохта, зикр сохтанд, ки ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо» самти хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин самт нуқтаи пайванд ва маркази иттиходи тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, забон, дин, мазҳаб ва мавқеи сиёсӣ мебошад.
Баҳри амалӣ кардани ин мақсади наҷиб ниҳодҳои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ кардаанд. Бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси намояндагии  ҷамъияти мазкур дар вилояти Хатлон фестивали якуми вилоятии фарҳанг ва санъати ақаллиятҳои миллӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» доир гашт. Мақсад аз баргузории ин чорабинии фарҳангӣ таҳкими ғояҳои дӯстӣ, густариши ваҳдату ягонагӣ, эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон дар байни ақаллиятҳои миллии муқими вилояти Хатлон ва дар ин замина мусоидат намудан ба раванди тарбияи насли наврас арзёбӣ мешавад.
Дар доираи фестивал бо иштироки беш аз 20 адиби ақаллиятҳои миллӣ маҳфили адабӣ доир гардид. Адибон Шодмон Ҷӯра, Холмурод Саттор, Зиё Қизил, Гулбибӣ Мирзоева аз ашъори худ намунаҳо қироат карданд. Санъаткорон- намояндагони ҳафт ақаллияти миллӣ - ӯзбеку рус, олмонию  кореягӣ, қазоқу туркман ва қарлуғҳо бо сарулибоси миллии худ хотири иштирокдорони чорабиниро шод гардонданд.
Аъзам МӮСОЕВ, рӯзноманигор


ПЕШВО
Реги кишвар гашт гавҳар, зинда бош,
Гашт хокаш хирмани зар, зинда бош!
Дар замоне кас ба кас бовар надошт,
Халқ бар ту кард бовар, зинда бош!
Сулҳ бошад пояи қасри вуҷуд,
Эй бузург, эй сулҳовар, зинда бош!
Ваҳдат аст осудагии зиндагӣ,
Қаҳрамони ваҳдатовар, зинда бош!
Тоҷикистон дар ҷаҳон шуд номдор,
Пешвои тоҷбарсар, зинда бош!
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон


2003 СОЛЕ, КИ САРШОРИ ОБИ ФАРАҲ БУД
Тоҷикистони азиз соли 2003 ҷашну маросимҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва маъракаи бузурги сиёсӣ – Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дошт. Аз як тараф ин сол агар Соли байналмилалии оби тоза эълон шуда бошад, аз тарафи дигар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қарори дахлдори худ солҳои 2005 - 2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Ва ин замина гузошт, ки иқдоми мазкур то имрӯз идома ёфта, таваҷҷуҳи коршиносону сиёсатмадорони ҷаҳонро ба худ ҷалб кунад.
Аз ҳама фараҳбахш содир гаштани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Соли тамаддуни ориёӣ эълон кардани соли 2006» буд. Дар партави ин иқдоми наҷиб фарҳангиёни дохиливу хориҷӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлабҳо чоп карда, арҷ гузоштан ба гузаштагон ва эҳёи таъриху тамаддуни куҳанро беҳтарин василаи таҳкими худшиносӣ ва сулҳу оромӣ арзёбӣ кардаанд.
Дар ин сол муҳимтарин суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи даҳуми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ташкилоти конфронси исломӣ садо дод. Роҳбари давлат дар ин ҳамоиши бузург сокинони сайёраро бори дигар аз асолату шарофати дини мубини Ислом огоҳ намуда, таъкид дошт, ки Ислом ба зоти худ ҳаргиз барангезандаи ҷангҳову муноқишаҳо нест. Инак, аз он суханронӣ қариб 11 сол сипарӣ мешавад ва пеши назари ҷаҳониён рӯшан мешавад (дар мисоли ДИИШ ва дигар ҳаракату гурӯҳҳои тундрав), ки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ ин ҷангу моҷароҳоро зери ниқоби Ислом идома дода истодаанд.
22 июни соли 2003 раъйпурсии умумихалқӣ орому шаффоф гузашта, тағйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд. Баъди чор рӯзи ин воқеаи муҳим Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзиро ба ифтихори 6 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, барои пойдориву ҳифзи ин гавҳари ноёби миллат пешниҳодҳои мушаххас иброз дошта, дурнамои роҳи пурмашаққат, аммо рӯшану дурусти корвони ваҳдатро муайян карданд.


2004 БОЗДОШТИ ТАТБИҚИ ҶАЗОИ ҚАТЛ намунаи олии инсонпарварӣ
Соли 2004, ки Тоҷикистон ҳафтумин солгарди Ваҳдати миллиро таҷлил мекард, аз паёму фараҳмандиҳои тоза саршор буд. Аз ҷумла, 60 - солагии Иди Ғалаба, омодагиҳо ба 80 - солагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 80-умин соли таъсисёбии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаҳои дурахшони миллати мо ба саҳифаҳои таърих навишта шуданд.
Муҳимтарин рӯйдоди ин сол боздошти татбиқи ҷазои қатл дар Тоҷикистон аст. Дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм вакилони халқ барои боздоштани татбиқи ҷазои қатл якдилона овоз доданд. Қонун «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» бо имзои Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми амал даромад. Ин ҷаласаи таърихӣ дар он замон аз бахшандагию инсонпарварии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бавижа Президентамон Эмомалӣ Раҳмон далолат медод.
10 июни соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси ЮНЕСКО ширкат варзида, бо номи «Аврупою Осиё дар асри ХХI: гуфтугӯи фарҳангҳо ё низои тамаддунҳо?» маърӯза карданд, ки басо фарогиру мубрам аст. Дар ин суханронӣ паҳлуҳои манфию мусбати фарҳангҳои ғайр ва барои якдилию осоиштагии башар равона сохтани арзишҳои маънавии халқҳои ҷаҳон ба доираи баҳс кашида шуданд.
Муҳимтарин ҳамоиш ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯшанфикрону масъулони ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст. Дар ҳамин суханронӣ аксари паҳлуҳои нокушудаи ҷанги шаҳрвандӣ, сабаб ва паёвардҳои он ва ҳамчун сабақи фаромӯшношуданӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтани он таъкид мешавад. Роҳбари давлат ба ҳадафи олӣ будани оромии халқи тоҷик ишора карда гуфтанд: «Дар дохили Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳое буданд, ки бо доираҳои муайяни кишварҳои дигар забон як карда, нақшаи тақсимоти ҳудуди кишварамонро мекашиданд. Вале Ҳукумат сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод. Ҳаёти баъди мухолифати мусаллаҳона нишон дод, ки барои ҷомеа аз сулҳу оромӣ неъмати азизтар ва бузургтаре вуҷуд надорад».


НУРИ ҲАҚ БАР ДИЁРИ МО ОМАД
Парешониҳои охири асри XX барои имрӯз ва фардо сабақи сиёҳест. Балки ғамбодаест дар синаи таърихи миллат, монои доғҳои фарзанди ҷавонмаргу ноком дар ҷигар. Миқёси даҳшати он рӯзҳо ченак надоранд. Гумонам дар меҳан як дӯст намонда буд. Ҳама бо ситеза ва чашми нафрат ба якдигар менигаристанду мегуфтанд, дар шикори ҳам пайт меҷустанд. Шафқатро модарон фаромӯш карда буданд. Ҷомаи ҷаҳолат пӯшида буданд раҳнавардону роҳнамоён. Кишвар поймоли зиллат ва мағзҳо дар гирдоби нобудӣ ғӯтавар буд.
Дар ҳамин авзои даҳшатбор Эмомалӣ Раҳмонро сари давлати парешону шикаста нишонданд. Фақат ба хотири он, ки аз канор ба  тамасхур наззора кунанд.       Он шабу рӯз дилам барояш месӯхт, ки хеле ҷавон буд. Аз  ин ҷумла тамоми андеша ва гумону хаёламро, ки ботил шуданд, дарк кардед. Вале умед мебастам, чи ормонҳо доштам ва рӯзи хуши миллатро дидан мехостам. Ва ин умеду ормонҳоямон барбод нашуд. Эмомалӣ Раҳмон ҷодаи  созандагиро ба дигарон омӯхт. Гомҳои  муътамадаш дар роҳи мусолиҳаи миллӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ибратомӯз шуданд. Сухангӯӣ ва сафарҳои ғаюронааш ба минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ ва Афғонистон ӯро ҳамчун назаркарда муаррифӣ намуд.
Ба қавли устод Лоиқ «Ҷон дар дасту  помон даромад. Парвардигор дуои мардуми оғуштаи дарду  кулфатро мустаҷоб гардонд. Ба рағми носипосон ширхораи ба марг  маҳкумшуда - Тоҷикистон сар аз болин бардошт, роҳ рафтан омӯхт. Нӯшдору ба ҳангом расид».
Акнун умеди нек ба оянда мебастем, ҳарчанд нигарони фоҷиа низ будем.
Воқеан, тирамоҳи соли 1992, овони алангаи ҳаводис буд. Банда, Толиб Раҳматулло ва муаллим Азимбоев аз донишгоҳи омӯзгорӣ меомадем, ки устод Лоиқи маҳзун ва ошуфтаро вохӯрдем. Сари як пиёла чой хондемаш.
Сари миз сухан аз авзои нобасомон рафт. Суолҳо зиёд буданд. Устод рӯи миз дастонашро гӯё барои устуворӣ муттако ва сарашро андаке боло  карду чашмонашро бозтар ва бо шеваи ба худаш хос, гӯё нолаи ҳазине аз ҷигар баровард:
- Номи шоиру олим гум бод!  Фарёди дили моро касе гӯш медиҳад? Ин  худобехабарон навҳаи модаронро намешунаванд, шевани Тоҷикистонро намешунаванд, Худоро намешинохтаанд…
Хомӯш монд. Баъди лаҳзае   барошуфт: «Адибони бузурги олам Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонов нома кардаанд, ки «Тоҷикон,  худро барои мо ҳифз кунед!»  Вале барои курсӣ  ва мансаб  хуни ҳамдигар мерезем.»
Мо  ёрои сухан гуфтан надоштем. Як луқма гирифту садои нимшунаво ва пур аз дарду аламаш :
Мазае дар ҷаҳон намебинам,
Даҳр, гӯӣ,  даҳони бемор аст,
ба гӯшам расид.  Ғизо аз гулуяш намегузашт. Бархосту рафт.
Чанд сол гузашт. Зиндагӣ маҷрои дигар гирифт. Осудагӣ, оромӣ ва ханда дар ҷисму тану лабҳои  мардум ҳувайдо гардид.
Бо мудири кафедраи фалсафаи фарҳанги донишгоҳ Ҳамза Элбоев аз корхона бармегаштем. Ба ҳукми тасодуф устод Лоиқро вохӯрдем. Онҳо дӯстони дерин буданд. Устод хушҳолу шод ва аз чеҳрааш ханда мерехт. Ҳаво сард буд. Устод Лоиқ палтои гарм ва дар сараш кулоҳи маъмулӣ (як навъ папаха), ки мезебидаш, дошт. Дар омади гап Ҳамза Элбоев аз Лоиқ пурсиданд, ки  мегӯянд дар рикоби Президент ҷӯр шудаӣ?
Тарзи суолгузорӣ ба устод Лоиқ нафорид, ки посух дод:        
- Ҳарчи ман мекунам, барои муҳокима нест, - ва пас аз лаҳзае афзуд, ки аллакай ваҷоҳаташ дигар буд.
- Президент марди шариф аст. Чеҳраи тоҷикона дорад. Поктинат асту мардӣ ва ҷасораташ шоистаи иззат ва арҷгузорист.
Баъд аз  андак андеша шӯридатар идома дод:
- Ҳич  гоҳ аз ягон сарвар самимият надида будам. Ягон нафари эшон аз дидори банда, шояд аз тамоми адибон, шод намешуданд, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон шуд. Ин мард Тоҷикистонро обод мекунад. Маърифати баланди мардумшиносӣ ва   ифтихори миллӣ дорад!
Тобистони ҳамон сол буд, ки дар телевизион чеҳраи воқеан шоду нуронии Президент Эмомалӣ Раҳмон намоён ва садои Лоиқ:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад,
танин меандохт, ки ишораи зебое дошт.
Ҷонибек АСРОРИЁН,
фарҳангшинос     
  


ВАҲДАТ
Эй миллати озода, муборак Ваҳдат,
Эй бахти худодода, муборак Ваҳдат.
Бо бодаи тавҳид бақо мебахшад,
Нӯшида аз ин бода, муборак Ваҳдат.

Бишнохтаӣ агар мақоми Ваҳдат,
Ояд ба нигаҳ ҳама мароми Ваҳдат.
Дил мужда биёрад ба саломи Ваҳдат,
Хуш бош, насибат шуда ҷоми Ваҳдат.

Меой ба ҷон ба сарзамини Ваҳдат,
Бишнос яке мазҳабу дини Ваҳдат.
То гум накунӣ ту он нигини Ваҳдат,
Рӯзе нашиносӣ ҳам яқини Ваҳдат.

Гулҳо бишукуфта хуш ба боғи Ваҳдат,
Бас дидаву дил хоста роғи Ваҳдат.
Аз бӯи гулаш бирав суроғи Ваҳдат,
Рӯшан бикунад раҳат чароғи Ваҳдат.

Бо Ваҳдату иттиҳод олам гирем,
Бе Ваҳдату иттиҳод дар худ мирем.
Бо Ваҳдату иттиҳод монем ҷавон,
Бе Ваҳдату иттиҳод пири пирем.

Аз чашмаи ҷонфизои Ваҳдат нӯшем,
З – ин оби лазизи бошафоат нӯшем.
Аз баҳри саодату бақои миллат
То рӯзи ҳисоб, то қиёмат нӯшем.

Ваҳдат моро ба сад азият омад,
Бо ин ҳама аз лутфу иноят омад.
Чун гавҳараки чашм азизаш дорем,
Аз баҳри Ҳақ ин гавҳари қимат омад.

Ваҳдат сабаби ҳастии олам бошад,
Осоиши ҷону тани одам бошад.
Аз ҷомаш агар нӯш кунӣ як қатра,
Беқадр ба чашм Ҷому ҳам Ҷам бошад.

Ваҳдат ба дилу дида асар мебахшад,
Бар шохаи хушк ҳам самар мебахшад.
Аз баҳри ҳақоиқу саодат умре
Бо лутф ҳама дурру гуҳар мебахшад.

Ваҳдат ба бақои мо сабабгор шавад,
Бо ӯ ду ҷаҳони Ҳақ ба мо ёр шавад.
Ҳар шохаи боғи миллати озода
Зебо зи гулу азиз аз бор шавад.

Пирӯзии ақлу адл омад Ваҳдат,
Бикшодани мулки фазл омад Ваҳдат.
Миллат, ки ба асли хеш роҳе меҷуст,
Дарёфт, ки роҳи асл омад Ваҳдат.

Бо Ваҳдати миллат эътиборе дорем,
Ғамхору азизу нек ёре дорем.
Гулҳои вафову меҳри мо ранги ба ранг,
Дар дидаву ҷону дил баҳоре дорем.
Абдулқодири  РАҲИМ


Бо таваҷҷуҳи зиёд ва хушнудӣ аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар самти субот ва рушди кишвар, ҷониби Ветнам мутмаин аст, ки зери роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бештар ва ба нафъи мардуми тоҷик дар самти сулҳ ва дар маҷмӯъ пешрафти минтақа ноил хоҳад гашт.
Чионг Тан ШАНГ,
Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам


2005 МЕДАЛИ ТИЛЛОИ СУЛҲИ ПРЕЗИДЕНТ
Соли 2005. Мардум дар арафаи таҷлили 8 – умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доштанд. Ин замон аз Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият паёми тозае расид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои беназиру хидматҳои пурарзишашон баҳри пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ва минтақаҳои даргир бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миёни халқҳо» мушарраф гардид.
Дар ин сол пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шудани ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоламон дастоварди муҳим мебошад.
Ба фаъолият шурӯъ намудани сайти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва таъсисёбии телевизиони «Сафина» низ аз ҳодисаҳои фараҳбахши ҳамин сол буданд, ки барои ғанӣ гардондани фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат карда меоянд.


ШОҲСУТУНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Шукри беҳад, ки 20 сол боз дар меҳани азизи мо фазои оромию осудагӣ ва оштию муттаҳидӣ тантана дорад. Дар ин фазои зиндагиэҷод пояҳои бунёдии давлатдории миллӣ истеҳком ёфта, мамлакат ба пешравиҳои беназир даст ёфт, миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилал бо корномаҳои иқтисодию фарҳангӣ, эъмори роҳи мутамаддини ҳалли муноқишаҳои миллӣ ва иқдомоти созанда дар ҳалли масъалаҳои печидаи глобалӣ, бавижа мушкилоти марбути дастрасӣ ба об, эътибори тоза пайдо кард. Ба шарофати ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатию тамомияти арзии кишвар ҳифз ва сарҷамъии тамоми мардуми Тоҷикистон таъмин гардид. Ваҳдати миллӣ барои  раванди созандагию бунёдкорӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Паркандагӣ аз нифоқ хезад
Таърихи зиндагии бани башар тӯли ҳазорсолаҳо борҳо собит намудааст, ки аз байн рафтани  ваҳдату ягонагӣ сарчашмаи таназзул ва заволи давлатдорист. Таърихи навтарини ҷаҳон ин ҳақиқатро боз ҳам рӯшантар бозгӯ мекунад. Сабақ медиҳад, ки ҳизбгароию тундравӣ ва ба сиёсату ҷоҳпарастӣ олуда намудани ислом мардумро ба куҷо мебаранд. Вазъи Сурияву Ироқ, Либияву Яман,  Афғонистон ва дигар кишварҳои  мусулмонии Шарқ ба мардуми мамолики дигар дарси ибрат  меомӯзад. Гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу равияҳои  иртиҷоӣ боз ҳам дар зери ниқоби ислом, демократия, рушди касношунид мардуми  бесаводу ноогоҳро ҷониби худ кашида, вазъи ин кишварҳоро ноором сохтанд. Алҳол ҳазорон,  балки миллионҳо нафар мардуми  осоиштаи ин кишварҳо оғуштаи хун, бехонумон, паҳну парешон, хору зоранд. Дар ин кишварҳо ғояҳои таҳмилию таҳвилии бегонаро бар ғояи  иттиҳоди миллӣ тарҷеҳ ва исломро  ба силоҳ ва ангезаҳои сиёсӣ табдил доданд. Ислом – дини ягонагии Худо, дини воҳидият, яъне ваҳдат аст,  на парешонӣ. Ҳамзамони мо донишманди бузурги ислом Сафиюрраҳмони Муборакпурӣ таҳқиқи амиқеро хулоса намуда, дар китоби «Азҳоби сиёсӣ дар ислом» рӯшану возеҳ ва бо итминони комил баён медорад, ки «ислом ниёзманди ягон  ҳизб ва гурӯҳи хоса нест». Ба далели қуръонӣ: «Ва ба якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну  шавкат аз шумо биравад» (сураи «Анфол», 46). Ба андешаи ҷамъи донишмандон,  фирқаву гурӯҳ ва ҳизбсозӣ дар ислом кори душманон ва мақсад аз он таассубест, ки ба парокандагии мусулмонон сабаб мегардад. Яқин он аст, ки парокандагӣ мардумро сӯи бадбахтӣ мебарад ва пирӯзӣ танҳо ва танҳо дар иттифоқ, яъне ваҳдат аст.

Душман мағзи тиҳӣ ва афроди бегонапарвар меҷӯяд
Душмани маккору неруманд аҳдофи пурғарази манфиатҷӯёна, яъне ноором сохтану вазъи сиёсӣ ва суст намудани пояҳои ягон давлатро ба дасти худи  сокинони ин кишвар бароварда мекунад.  Нахуст бар пояи бунёдӣ – ягонагӣ, решаи  фарҳангу маърифат теша мезанад. Мағзҳои тиҳӣ, яъне бесаводону ноогоҳон ва бегонапарастонро ҷуста, ғояҳои бегонаро бо ҳилаю найранг  ва истифодаи маблағҳои бузург дар мағзи онҳо ҷо мекунад. Маҳз бегонапарастӣ – душмани ашаддии ваҳдат давлатро чун кирм  аз дарун мехӯрад. Бегонапарастон - бозичаи дасти душманон бо сабаби бемаърифатӣ бо ангезаи тамаъ ва ваъдаи ҷоҳу ҳукмравоӣ  ватани худро фурӯхта, дар ҳамин ҳол боз ҳам худро ватанпарвар мехонанд. Манқуртҳои бегонапарвар ғарраи пулу мол ва меҳрубонии «хоҷагон» - и бегона шуда, фаромӯш месозанд, ки ин «меҳрубониҳо» то лаҳзаи муайян аст. Душман низ хуб медонад: касе, ки бар ватани худ хиёнат мекунад, бар дигарон низ  содиқ нахоҳад монд.
Қаҳрамонон дар лаҳзаҳои ҳассос ба майдон меоянд
Баъди 1000 сол бахт ба рӯи миллати ҷафокашидаи тоҷик хандид ва ин миллати фарҳангсолор аз нав соҳибдавлат шуд. Аммо давлати ҷавон баробари зуҳур намудан ба зарбаҳои гарони душманон дучор омад. Пантуркистон мавҷудияти яке аз миллатҳои  қадимтаринро, ки ба ҷаҳониён дарси фарҳангу  маърифат ва давлатдорӣ омӯзондааст, сирф  инкор мекарданд. Ва маҳз душманони сарсахти тоҷикон дар дохили Тоҷикистони мухтор ҷанги шаҳрвандиро  бо теғи босмачиён барафрӯхтанд. Душманон мехостанд бо дасти худи тоҷикон давлати онҳоро барҳам зананд. Босмачигарӣ  нақшаи рехтаи амирони манғиту бегонагони дигар буд ва куллан ба манфиати онҳо. Аксари кулли босмачиён, қурбошию туқсабою пошшоҳо миллати ғайритоҷик буданд, ки зери шиорҳои дурӯғини «Туркистони бузург» ва «Аморати исломӣ» ҳаргиз ба қомат рост кардани давлати тоҷикон  роҳ додан намехостанд. Мехостанд тоҷик боз ҳам хидматгори манғиту аҷнабиёни дигар бимонад. Дар ин миён, албатта, якчанд майдаамалдорони тоҷик низ буданд, ки бо «лутфу меҳрубонӣ» - и  амирони манғит  соҳиби мансабҳои «бий», «туқсабо» ва «қурбошӣ» шуда, ба хотири  мансабҳои худ манфиатҳои миллиро  қурбон менамуданд. Албатта, раҳгумзадагону ифротиёни динӣ низ кам набуданд. Онҳо ба иллати бемаърифатию  бесаводӣ ба осиёби душман об рехта, манқуртона фармони хоҷагонро адо менамуданд ва  фаҳм карда наметавонистанд, ки истиқлолият, раҳоӣ аз юғи манғития  бузургтарин неъмат барои миллати тоҷик аст.
Душман ҳам бо сиёсати ҳадафмандонаи зиддитоҷикӣ ва ҳам бо камону шамшер Тоҷикистонро барҳам задан  мехост. Ва шукри Худованд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос  садҳо фарзандони содиқу сарсупурдаи  миллат  ба майдон омаданд, халқро раҳнамоӣ карданд,  ҷон ба каф гирифта барои пойдорию бақои Тоҷикистон ва ба ҷумҳурии мустақили шӯравӣ табдил додани  он муборизаҳои шадид бурданд. Пайдоиши Тоҷикистони Шӯравӣ  хидмати сазовору таърихии онҳост. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварони ин мубориза Садриддин Айнӣ,  Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемурро ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон  сазовор донист.

Боз бегонапарастӣ!
Ҳамин бегонапарастӣ дар солҳои  аввали Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро боз ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ва ҷангу хунрезӣ кашид. Ҳазорон бегуноҳон  қурбон шуданд, хонаҳо сӯхтанд, мардум овораю дар ба дар аз оташи ҷангу нобудӣ ба мулки бегона панаҳ бурданд ва азобу машаққати  мудҳишро аз сар гузаронданд. Бегонапарварон  арзишҳои аслии миллиро зери по зада, бо тарроҳии  душманони дӯстнамо, ки  ватани худро харобазор намуда,  қасди меҳани  мо доштанд,  зери ниқоби ғояҳои дину демократия оташ бар решаи Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон задан мехостанд. Бесавод мондани мардум, хусусан занону духтарон, бастани мактабу таълимгоҳҳои дунявӣ, аз бунёд барафкандани фарҳангу маърифати миллӣ, бастани пеши роҳи рушду пешрафт, бозгашт ба зиндагии асримиёнагӣ, хулоса бунёди давлате шабеҳи ба ном «Давлати исломӣ» - и имрӯза, ки мардуми олам, пайравони тамоми дину мазҳабҳо, сар аз мусулмонон ба ин зуҳури ваҳшонияту даҳшат лаънату нафрат мехонанд, ҳадафи онҳо буд.
Тоҷикистонро оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт. Садҳо ҳазор одамон ҳалоку маҷрӯҳ, беш аз як миллион аз Ватан овора гардид. Беш аз 30 ҳазор манзили зист, садҳо бинои муассисаҳои табобатию таълимӣ ва идораҳои давлатӣ ба коми оташ рафтанд, вайрону валангор шуданд.
Ба сари мардум рӯзҳои сахту кулфатбор омаданд. Мардум чи дар дохил, чи дар хориҷи кишвар дар гирдоби ноумедию ғам ғӯтавар гардид. Дар ин рӯзҳое, ки «Ватан дар хуни фарзандони худ тар буд», ҳеҷ кас илоҷи раҳоӣ аз ин вартаро намедонист. Ба гуфти Муҳаммадалии Аҷамӣ:
Бало буду балогардон набуд он рӯз.
Мардум дасти дуо сӯи осмон бардошта, аз Парвардигор наҷотбахшеро илтиҷо мекард.

Наҷотбахш омад
Шукронаи Худованд, ки  фиғони ғаму дарди  миллати тоҷик, дуои сағиру кабири мамлакатро шунид ва бо лутфу эҳсони  бепоёни худ барои наҷоти Тоҷикистон  фарзанди ғаюру фарзонаи миллатро  баргузид.
Ба қавме, ки некӣ писандад Худой,
Диҳад хусраве оқилу некрой.
Дар ин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ, ки заволи давлат, пора – пора шудани он аён буд, абармарде пой бар арсаи сиёсат ниҳоду қотеъона изҳор дошт: «Ман барои шумо сулҳ меорам».
Ӯ ҳар тору пуди сиришти хирадниҳод, ҳар лаҳзаи рӯзу шаби худро нисори сулҳу оштӣ кард, барои сулҳ, ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон, бақои давлат, дӯстию бародарӣ, хушбахтии мардуми тоҷик ҷон дар хатар гузошту дар қалби мардуми ҷангзадаи  бахтбаргашта шуълаи умед ба зиндагиро  фурӯзон гардонд.
Ва ӯ гуфт:
- Мо ҳама фарзандони як миллатем  ва дар назди наслҳои  гузаштаю  имрӯзу оянда ҷавобгарем.
Сухани ӯ ба дили дардманди мардум расид. Фидокорию ҷонбозиҳо намуд, ҳатто аз майдонҳои тиру набард ҳазар накард, то пояи сулҳу ваҳдати миллӣ гузошта шавад. Ӯ асоси амалии сулҳу ваҳдати миллиро гузошт. Сарчашмаи ин неру, талошу мубориза хиради азалии таҳаммулгароии миллати тамаддунбунёд, мероси бузурги маънавии гузаштагони мо буд, ки дар сиришти ин абармард падид омад.
Халқи тоҷик хидмати таърихии фарзанди содиқи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сипосгузорӣ пазируфт, ҷаҳон ба фазилати тоҷик, Сарвари хирадманди ӯ қоил омад ва сабақи таърихии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро эътироф кард.
Бо қомат афрохтан ва устувор гардидани пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки ба шарофати иттиҳоди маънавию сиёсии тоҷикон - ваҳдати миллӣ ба вуқуъ пайваст, армони ҳазорсолаи миллати тамаддунбунёди тоҷик бароварда гардид. Таърих дигарбора аҳамият, эъҷоз, мақоми волотарин доштани ваҳдатро дар чашми ҳар тоҷикистонӣ таҷалло дод. Таърих сабақ дод, ки ваҳдатофаринӣ, ваҳдатгароӣ, ваҳдатҷӯӣ бояд рисолат, вазифаи имрӯза ва ҳамарӯзаи ҳар фарди ин Ватан бошад.

Ғояи умумимиллӣ. Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад
Имрӯз аз файзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз фазои орому осуда, шукуфоӣ ва амонӣ танинандоз аст. Дар баробари чашидани меваҳои ширини истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҷомеа талқин намудани ҳар фард аст, ки ВАҲДАТ пояи бунёдии ҳифзу бақои озодию истиқлолияти мо, зербинои шукуфоии кишвар ва рушду саодати миллати мост.
Яъне ғояи ваҳдати миллӣ бояд ғояи умумимиллӣ, андешаи ҳамешагии аҳли ҷомеа бошад. Тавоноии давлат ва хушбахтии мардуми кишвар, бе баҳс, ба иттиҳоду ваҳдати мардуми он тавъам аст. Ғояи ваҳдати миллӣ бояд аз фарҳанги азалии таҳаммулгароӣ, тамаддуни ғании дирӯзу имрӯз, аз гузаштаи талху саодати кунунии мо  сарчашма бигирад. Ҳар як ғояе, ки барои ваҳдати миллӣ хатарэҷод аст, хоҳ дар ниқоби динӣ, хоҳ бегонапарастӣ, ифротгароии сиёсӣ, мазҳабӣ ва таассубӣ, барои ваҳдат душманона маҳсуб меёбад.
Ниҳоят муҳим аст, ки ҳар як фарди Тоҷикистон, хусусан насли ҷавон, моҳияти ваҳдатро ҳамчун неъмати осудагӣ, кафолати зиндагии хушбахтона ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар вуҷуди худ, дар умқи андешаи худ дарк намояд. Дарки ин муҳимият, ки ваҳдат арзиши муқаддасу олии миллист, ба фарҳанг, маърифат, ақлу заковат, дараҷаи дониш ва натиҷаи тарбияи ҳар муаллим, падару модар, узви ҷомеа тавъам аст. Ваҳдатро дӯст доштан нишонаи муҳимтарини ватандорист. Танҳо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи асосии миллӣ, қутбнамо, ҳадаф ва мақсади ягона моро ба сӯи пирӯзӣ, сарҷамъӣ, рушду созандагӣ ва зиндагии шоиста мебарад.
Ба таъкиди Сарвари давлат: «Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромию осоиш барои ҳар миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, бузургтарин неъмати дунё маҳсуб меёбад».
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки  ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.
Кочерил Раман НАРАЯНАН,
собиқ президенти Ҳиндустон


Рустам ВАҲҲОБЗОДА
Санги низоъ
Санги кар раҳ баста чун девор,
Бо имову ишора, бо такрор,
Хоҳад аз ман ба зуъм, бо исрор:
Ту бигӯ, то ки ман кунам инкор,
Ту бигӯ, то ки ман кунам инкоррр!

Санги кар, санги кӯр, санги сиёҳ,
Санги шар, санги шӯр, санги табоҳ!
Фитна хоҳӣ, бихоҳ аз гумроҳ,
Роҳро баҳри раҳравон бигзор!


2006 СОЛИ БОЗШИНОХТИ АСОЛАТИ БОСТОНӢ
Давлат ва миллати бузургро инсонҳое месозанд, ки аз гузаштаи худ сабақ андӯхтаанд ва беҳтарин арзишҳои ахлоқиву маънавии ниёгонро эҳё ва ҳифз намуда, ба такрор накардани иштибоҳҳои гузаштагон талош мекунад. Вақте ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 - ро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон карданд, дар кӯтоҳтарин муддат на танҳо аз тарафи рӯшанфикрони тоҷик, балки аз ҷониби форсизабонони дунё истиқболи гарм ёфт.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз сохтмони нақби Анзоб ба поён расида, рафтуомади бештари сокинони вилояти Хатлон, пойтахт ва вилояти Суғдро дар чор фасли сол таъмин намуд.
Бо мақсади истифодаи самарабахши захираҳои гидроэнергетикии кишвар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» шурӯъ гашт.


2007 СОЛЕ, КИ НАКУСТ, АЗ БАҲОРАШ  ПАЙДОСТ
Дар оғози соли 2007 - даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар  татбиқ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳ ва  ҳаллу фасли мушкилоти сиёсии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ бо медали тиллои Маҷлиси халқии Миср қадрдонӣ гаштанд. 
8 июн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, баъдан он аз аввалин қонунҳои миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар авроқи таърих сабт гардид.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» - ро имзо карда, бо ин амали башардӯстонаи хеш бори дигар собит сохтанд, ки хиради азалии халқи тоҷик аз сулҳу субот ва гузашту таҳаммулпазирӣ шодоб аст.
Дар мавзеи Панҷи Поёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандари Шерхони  Афғонистон пули байналмилалии болои рӯди Панҷ ба истифода дода шуд. Дар чунин рӯзи ҳумоюн халқи ранҷуру озурдаи афғон дар симои мардуми тоҷик ва Сарвари дурандешаш муттако ва хайрхоҳи ҳамешагии худро дарёфт.


РОҲИ ДУШВОР, ВАЛЕ ПУРИФТИХОР
Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба амал омаданд, аз як тараф натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва саргумии роҳбарони ҷумҳурӣ бошад, аз тарафи дигар мудохилаи давлатҳои хориҷӣ ва фаъол шудани қувваҳои мансабталош буданд, ки бештар дини исломро шиори худ карда, лекин дар паси он манфиатҳои динӣ ва маҳалгароёнаи худро ба ҷомеа таҳмил карданӣ мешуданд. Ин қувваҳои тундгаро дар ҷомеа тафриқа андохта, ваҳдати умумимиллиеро, ки дар замони шӯравӣ нисбатан ба вуҷуд омада буд, халалдор намуданд. Амиқ шудани низоъ ва шакли мусаллаҳона ба худ гирифтани он боиси парокандагии мардум, гуреза шудани одамони зиёд аз маҳалҳои ҷангзада ва Тоҷикистонро тарк кардани аҳолии русзабон гардид. Як сабаби асосии ба низоъ гирифтор шудани мардуми Тоҷикистон ва фаъол гардидани гурӯҳҳои тундрав ва радикалӣ дар сатҳи роҳбарии ҷумҳурӣ набудани пешвои умумимиллӣ буд.
Хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳро ба сулҳу ваҳдати миллӣ боз кард ва Тоҷикистон  аз хатари парокандагии миллӣ наҷот ёфт. Суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ кардани миллат ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ муяссар шуд? Ба ақидаи мо, сабабҳои  ин муваффақиятро дар нуктаҳои зерин  метавон дарёфт.
Якум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби иродаи қавӣ, ба ақида устувор, дурандеш ва ба халқу Ватан, ваҳдати миллӣ содиқ, аз зиндагии мардум бохабар ва бо мардум буданд. Яъне, Тоҷикистон дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мардумиро пайдо кард.
Дуюм, Пешвои миллат тавонистанд мақсадҳои наздику дур, вазифаҳои тактикӣ ва стратегии давлатро дақиқ муайян намуда, барои амалӣ шудани онҳо пайгирона ва устуворона кӯшиш намоянд ва ҳамсафони худро ба ин роҳ сафарбар кунанд.
Сеюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан ва маҳалҳои истиқоматиашон баргардонданд. Дар доираи имкониятҳои иқтисодии ҳамонвақта ва бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ барои онҳо шароити муътадил муҳайё намуданд.
Чаҳорум, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Салиби Сурх, Хазинаи байналмилалии асъор ва ғайраро ба Тоҷикистон ҷалб намуда, эътимоди онҳоро ба роҳи интихобкардаи мардуми мо, ки сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ мебошад, ба вуҷуд оварданд.
Панҷум, сиёсати давлатро ба дин муайян намуда, ташаббускори таблиғи васеи арзишҳои мусбати динӣ гардиданд, ки мисоли барҷастаи он таҷлили ҷашни 1310-солагии Имом Абуҳанифа мебошад. Сарвари давлат бар хилофи таассуб ва радикализми динӣ ба бузургони халқи тоҷик, ки таблиғгари таҳаммулгароӣ дар дини ислом буданд, таваҷҷуҳи мардумро ҷалб карданд ва имкони гуногунандеширо дар ҷомеаи демократӣ исбот намуданд.
Шашум, Президент барои ба вуҷуд овардани бозори иқтисодии умумимиллӣ, ки яке аз омилҳои вусъати робитаҳои минтақаҳо ва консолидатсияи миллат мебошад, кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. Роҳҳо ва нақбҳое, ки сохта шуданд, ҳамаи минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд ва Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ  бароварданд.
Ҳафтум, Президент мактаби худшиносии нави миллиро ба вуҷуд оварданд. Худшиносии миллӣ барои дарки манфиатҳои миллӣ аз тариқи рӯ овардан ба таърихи фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллӣ аҳамияти хоса касб кард. Ба феҳрасти ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудани Шашмақом, ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО шомил гаштани Саразм, ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз аз тарафи СММ, таҷлили ҷашнҳои устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мавлоно, зардуштия, Имом Абуҳанифа, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,  Мирзо Турсунзода ва ғайра аз муваффақияти сиёсати Пешвои миллат дар самти боло бурдани худшиносии мардуми кишвар гардид.
Аз тарафи Сарвари давлат  мунтазам ҷудо кардани маблағҳо барои чопи китобҳои адибони тоҷик, осори исломӣ, силсилаи «Ахтарони адаб», ки иборат аз 50 ҷилд мебошад, яке аз далелҳои таваҷҷуҳ ба аҳли илму адаб ва мероси аҷдодӣ мебошад.
Ҳаштум, мулоқоти Президенти кишвар бо аҳли зиё, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор мешавад ва дар он масъалаҳои мубрами забон, адабиёт, илм ва технология, вусъати корҳои тарбияи ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ, беҳтар кардани корҳои таълиму тарбия, пурмазмун намудани репертуарҳои театрҳо, оҳангсозон ва сарояндагону раққосон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги касбии тоҷик ва ғайра аҳли ҳунар, илм ва фарҳангро рӯҳбаланд намуда, дар ин соҳаҳо ба аҳли зиёи кишвар  илҳом ва имкониятҳои нав ба вуҷуд овард.
Нуҳум, сафарҳои кории Президент ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳо барои ободонӣ ва беҳбуди шароити зиндагии халқ, ғамхории пайваста ба ятимон, муҳтоҷон ва эҳтиёҷмандон боварӣ ва эҳтироми мардумро  ба Сарвари худ дар саросари ҷумҳурӣ бештар намуд.
Даҳум, ғамхорӣ ба насли наврас, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, соҳиби ихтисосҳои замонавӣ шудани онҳо ва омода кардани ҷавонон барои соҳибӣ кардани давлату Ватан Пешвои миллатро ба ҳайси шахсияти дурбину дурандеш нишон дод. Кӯшишҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои босавод шудани занону духтарон, фароҳам овардани шароит барои кору фаъолияти иҷтимоии онҳо, боло бурдани мақоми занон дар ҷамъият асосҳои дунявият ва демократияи давлатро ҳарчи бештар таҳким бахшид.
Ин даҳ масъалае, ки зикр кардем ва боз чандин масъалаҳои дигар, имкон доданд ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила таҳким ёбад, боварии мардуми кишварро ба ҳаёти орому осуда ва ояндаи неки давлату Ватани азиз, хушбахтии миллати соҳибдавлати мо бештар намояд. Ҳамин аст, ки таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон асоси муваффақиятҳои имрӯз ва ояндаи кишвар мебошад.
Кароматулло ОЛИМОВ, академик


Мардуми дунё бояд аз Шумо, тоҷикон, қадрдониву эҳтироми сарварашонро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентҳо муяссар мешавад, ки бузургтарин неъмат -  умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.
Марзуқ Алӣ ал - ҒАНИМ,
Раиси Маҷлиси Уммаи давлати Кувайт


2008 ҶАШН БОЛОИ ҶАШН
Дар Тоҷикистон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ва қарори вижаи ЮНЕСКО 1150 - солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ    баргузор гардида, аҳли адаби тамоми кишварҳои ҳамҷавор  ва  доираҳои фарҳангии минтақаро дар пойтахти кишвар ба ҳам овард. Ҷашни 100 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров низ аз чорабиниҳои шукӯҳманди соли 2008 буд. 
20 январ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.
Моҳи апрел қарори  Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷи Поён» ва «Суғд» ба тасвиб расид.
Мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати интиқоли барқи баландшиддати «Лолазор – Хатлон» аз дастовардҳои чашмрас барои мардуми тоҷик буд.  28 август  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Ин чорабинӣ аз ҷониби беш аз 700 намояндаи расонаҳои хабарии ҷаҳон инъикос ёфт.


ЧУН ОФТОБ РАХШОН
Вақте тавассути телевизион пиру барнои ҷангзадаву гуреза, биноҳои дар оташи хашм валангор, модарону падарони аз марги азизонашон сиёҳпӯшу ашкрезро мебинед, дил пора мешаваду ба фарёд меояд. Рӯзи сиёҳ аст, ки ғуломи ҷаҳолат мешавӣ ва поси нону намакро фаромӯш карда, ба сари ҳамсояҳои дерину фарзандони онҳо теғ мекашӣ, бо тири ноҳақ хуни инсонҳо мерезӣ, даст ба сӯхтору харобкорӣ мезанӣ.

Ин ғояи ҷаҳолату бехирадист, ки бадбахтона, мардуми мо ҷафои онро бисёр кашида. Вале Тоҷикистон шикасту рехти он вайронкориҳоро дуруст мекунаду ба захми дилҳо даво меҷӯяд.
Мардуми мо, ки бар асари воқеаҳои нангини солҳои навадуми асри бист шӯриву талхии ҷанги шаҳрвандиро чашидааст, аз рӯйдодҳои харобиовару мудҳиши ҷумҳуриҳои ҳамсоя чун бародари холис бо қалби пурдард на танҳо афсӯс мехӯрад, балки аз дилу ҷон мехоҳад, ки ин ғубори кинаву кудурат ҳар чӣ зудтар аз байн бардошта шавад, ба ҷойи рӯзҳои сиёҳ суруди сулҳу оромӣ боз дар кишвар танинандоз гардад.
Банда бовар дорам, ки тамоми ҳамватанони азизам зимни дидани даргириву пархошҳои фоҷиабори мамлакати ҳамсоя, бо ашки ҳасрат фирор кардани мардуми озурдаву хонабардӯш, бори дигар имон ҳосил кардаанд, ки Ваҳдати миллии мо - тоҷикон, ки солгарди онро бо ифтихор ҷашн мегирем, барҳақ дастоварди бузургтарини миллиамон ҳисоб меёбад.
Маҳз ҳамин Ваҳдат омили аз гирдоби фано раҳондани истиқлоли миллати тоҷик шуд ва мардуми аз ҷаҳлу нодонӣ ва фиребу найранги «Ғамхорҳо» ба ҳамдигар душману кинавар, аз кирдорҳои зишт шармсору фирорӣ ва ё аз ноҳақиву таҳқир ғарибу дарбадару парешонро дар хоку диёри аҷдодӣ ба ҳам овард.
Маҳз ҳамин Ваҳдат ба дили хурду бузург дубора умеди зиндагии осудаву оромро ҷо кард.
Маҳз ҳамин Ваҳдат мардуми Тоҷикистонро сари хони муқаддаси оштии миллӣ шинонд. Ва онҳо сари ин хон бар рағми душманони ҳасуду иғвоангез дасти меҳру вафо ба ҳам доданд, гуноҳҳои якдигарро бахшиданду кинаҳоро аз дил шустанд ва барои ободиву сарсабзии меҳани азизи худ камари ҳиммат бастанд.
Маҳз бо таҳкими сулҳу субот дар сарзамини ҷангдидаи мо Ваҳдат пойдор гашт, обрӯ ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Бисёр давлатҳои хурду бузурги дунё ба Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд. Албатта,  ин ҳама дар натиҷаи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон, талошу муборизаҳои бардавоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки масъулияти ватандорӣ ваҳдатро истиқбол гирифтани мардуми заковатманди саросари кишвар ба даст омад. Имрӯз дастовардҳои ҷумҳурии мо дар бахши сиёсати дохиливу хориҷӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқ, бунёди иншооти хурду бузург, пулу роҳҳо, нақбу муассисаҳои тиббиву таълимӣ, ҳатто сохтмонҳои беҳисоби шукӯҳафзо маҳз меваи Ваҳдат аст. Яъне бе Ваҳдати комил зиндагии гуворо ва саодату хушбахтии як оиларо наметавон тасаввур кард. Ин ҳама ҳақиқатест, чун Офтоб рахшон.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
донишҷӯйи курси дуюми ДМТ


Муҳаммадалии АҶАМӢ

МИНБАРИ ВАҲДАТ
Минбари Ваҳдат аст минбари мо,
Кишвари Ваҳдат аст кишвари мо.

Устувор аст сулҳ, донӣ, чаро?
Сарвари Ваҳдат аст Сарвари мо.

Бо касе қасди ҷанг моро нест,
Сангари Ваҳдат аст сангари мо.

Май ба ҷуз ишқ мо наменӯшем,
Соғари Ваҳдат аст соғари мо.

Зиндагӣ рӯнамои боварҳост,
Бовари Ваҳдат аст бовари мо.

Шоири ишқ аз дуӣ дур аст,
Дафтари Ваҳдат аст дафтари мо.

Ҳам Ватан, ҳам Худо гувоҳи мост,
Маҳзари Ваҳдат аст маҳзари мо.

Иқтидору нубӯғ, худ ин аст,
Минбари Ваҳдат аст минбари мо.


ДАРСИ ВАҲДАТ
Паёми Пешво, ин аст Ваҳдат,
Саломи ошно, ин аст Ваҳдат.

Зи минбарҳо барои бахти мардум
Сухан гуфтан расо, ин аст Ваҳдат.

Ба аҳди хеш дар роҳи садоқат,
Бимондан бовафо, ин аст Ваҳдат.

Шунидан аз забони ростмардон
Ҳадиси росто, ин аст Ваҳдат.

Дигарбора нарафтан аз сари ҷаҳл
Ба гирдоби бало, ин аст Ваҳдат.

Надодан дил дар ин даҳри пурошӯб
Ба ҳар чуну чаро, ин аст Ваҳдат.

Ба сар бурдан хуҷаста, дар ҳавои
Паёми Пешво, ин аст Ваҳдат.


Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…
Расул ҲАМЗАТОВ,
шоири халқӣ, Доғистон


2009 СОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ин сол сарчашмаи нуру зиёи моро ифтитоҳ бахшид. Оғози фаъолияти иншооти бузурги энергетикӣ - Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1», бешубҳа, барои мардуми тоҷик рӯйдоди фараҳбахш буд. Зеро баъди ба истифода додани он ҳар шабонарӯз дар кишвар 8 миллион Кв/с неруи барқ истеҳсол шуда, мушкилоти камбуди барқ дар давраи тирамоҳу зимистон қисман ҳал гардид. Ба истифода дода шудани нақби Шар - Шар ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара идомаи иқдомоте буданд, ки барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муҳим доштанд. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, ки пойтахти кишварро бо яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ – вилояти Хатлон мепайвандад, оғоз ёфт. Бунёди Донишгоҳи исломӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳои фараҳбахши дигари ин сол буд. Ин мактаби олӣ бахшида ба 1310 - солагии донишманди мумтози ҷаҳони ислом, асосгузори мазҳаби аҳли суннату ҷамоат – Имоми Аъзам бунёд ёфта, ба номи ин бузургмард гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафиро муаррифӣ намуда, мусалмононро ба созишу иттиҳоди ғоявӣ даъват кард.
Тантанаҳои бошукӯҳи 12 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид.


БАДАХШОН ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ
Фазои ноороми оғози солҳои навадуми асри бистум, ки дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба амал омад, ба дигар минтақаҳои кишвар низ бетаъсир намонд. Дар шаҳри Хоруғ, дар майдони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хаймаҳо пайдо шуданд. Ин ҳолат қариб як моҳ давом кард.  Дар ин ё он гӯшаи шаҳр ҳар рӯз ягон ҳодисаи дуздию ғоратгарӣ ба қайд гирифта мешуд. Дар фосилаи чанд вақт, дар натиҷаи фишору таҳдидҳои хайманишинҳо ва «одамони хайрхоҳи миллат», се раиси комиҷроияи вилоят иваз  шуд.

Дар рӯзу моҳҳои аввали баъди иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият дар вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ боз ҳам печидатар шуд. Баъзе гурӯҳҳои силоҳбадаст, аз дигар минтақаҳои кишвар, ки дар қатлу куштор даст доштанд, бо роҳу воситаҳои гуногун вориди Бадахшон гашта, мехостанд онро ба истеҳкоми доимии худ табдил диҳанд. Ба воситаи Афғонистон вориди маркази вилоят гардидани қариб 20 ҳазор гуреза мушкилоти шаҳрдоронро боз ҳам зиёд намуд.
Таъмини гурезаҳо, ки дар байнашон кӯдакону пиронсолон кам набуданд, бо ғизо ва ҷойи хоб, роҳ надодан ба иғвогарию қонуншиканӣ, ба мардум фаҳмондани ҳадафҳои асосии Ҳукумати қонунии мамлакат, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, аз вазифаҳои калидии шаҳрдорӣ ба шумор мерафтанд. Гурезаҳоро дар ягона меҳмонхонаи шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, баъзе идораву ташкилотҳо ва хонаҳои мардум ҷо ба ҷо намуда, корҳои ташвиқотиро роҳандозӣ намудем.
Дар он рӯзҳои ниҳоят душвор бузургиву олиҳимматии сокинони шаҳрро бармало дарк намудам.  Онҳое, ки худ ба дастгирӣ ниёз доштанд, дар хонаҳояшон 4-5, ҳатто то даҳ нафар гурезаро қабул карданд ва як пора нонро бо ҳам диданд. Имрӯз шукрона мекунем, ки бо заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои нек расидем. Пешвои муаззами миллат баъди Сарвари давлат интихоб шуданашон беш аз 50 маротиба ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд. Сафари аввалини Пешвои миллатро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дар хотир дорам ва агар гӯям, ки ин сафар заминаи асосии рифоҳу оромӣ, боварӣ ба ояндаи нек, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба дарвозаи тиллоӣ табдил ёфтани вилоят гардид, хато намекунам. Ин сафар дар рӯзҳое иттифоқ афтод, ки дар Хоруғ гурезаҳо ва силоҳбадастони зиёди ғайриқонунӣ  буданд. Дар чунин вазъият на ҳар роҳбар ҷуръати сафар ба чунин ҷои пурхатар мекунад.
Ин ҷасорати Сарвари давлат боварии мардумро ба он кас даҳчанд зиёд намуд. Дар ҳамин мулоқот Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо, ки имрӯз роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва дунявиро пеш гирифтаем, ба чунин амалҳо роҳ намедиҳем. Вале онҳое, ки дар назди халқ ва ҷамъият гуноҳ доранд ва ҷиноят содир намудаанд ва ин ҷинояти онҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ исбот шудааст, бояд беҷазо намонанд. Гумон мекунам, ки ҳар яки шумо ҳам ҳамин гуна роҳро тавсия ва дастгирӣ мекунед».
Бояд зикр намуд, ки асоси тамоми зинаҳои пешрафти имрӯзаи Бадахшон маҳз дар ҳамон рӯзҳо гузошта шуданд. Дар ҳамон мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки: «Бигзор дар Бадахшон садои тире шунида нашавад. Мо аминем, ки чунин вазъиятро шумо дар наздиктарин вақтҳо барқарор мекунед ва Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва сайру саёҳати байналмилалии Тоҷикистон мубаддал мегардонед. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан кумаки зарурии худро расонад».
Аввали солҳои соҳибистиқлолӣ Бадахшон ба буҳрони шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯ гашт. Дар шаҳри Хоруғ дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду - се соат қувваи барқ дода мешуд. Дар деҳоти вилоят бошад, аҳолӣ аз истифодаи неруи барқ маҳрум буд. Дар баъзе маҳалҳо мардум аз бебарқӣ ҳатто охирин дарахти тутро, ки манбаи асосии ғизои хонаводаашон буд, буриданд. Дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим ҷангалзорҳо хароб ва ҳатто нест шуданд.
Ин мушкили мардум аз мадди назари Сарвари давлат дур намонд. Президенти маҳбуби кишвар дар яке аз  маҷлисҳои Ҳукумат  супориш доданд, ки барои идомаи сохтмони НБО - и “Помир-1” маблағи зарурӣ дарёфт ва ҷудо гардад. Вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ, сохтмони иншооти барои  тамоми мардуми вилоят чун обу ҳаво зарурро ҳам бо маблағ ва ҳам бо масолеҳи сохтмониву таҷҳизотҳои техникӣ таъмин мекарданд. Ин буд, ки моҳи марти соли 1994, дар арафаи иди Наврӯз бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати Неругоҳи барқии обии “Помир -1”бо иқтидори 14 ҳазор киловатт соат неруи барқ шиддати буҳрони энергетикиро дар вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ аз байн бардошт. Баъдан бо дастури Пешвои миллат дар деҳаҳои Андарбак ва Техарви ноҳияи Ванҷ, Емси ноҳияи Рӯшон, Шикеву Ёгед, маркази ноҳияи Дарвоз неругоҳҳои хурди барқӣ сохта шуданд.
Иброҳимбек ҒОЗИБЕКОВ,
собиқ раиси шаҳри Хоруғ


Ками дар кам воқеъ мешавад, ки ҷанги шаҳрвандӣ бидуни ғолибону мағлубон ба сулҳ анҷом пазирад. Таҷрибаи давлати мо исбот мекунад, суботи дасти дӯстӣ қодир аст санги адоват бишканад. Президенти мо сиёсати худро на ба хотири сиёсат, балки аз барои халқи худ амалӣ месозад.
Саттор ТУРСУН,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


ДАВЛАТИ ВАҲДАТ
Ман ин ҷаннатзаминро дӯст медорам,
Диёри нозанинро дӯст медорам!

Дилам пайванди обу хоки ҷонбахшаш,
Ба ҷон ин дилнишинро  дӯст медорам!

Сафои чашмасорон нури чашмонам,
Самои маҳҷабинро дӯст медорам!

Навои ҷӯйбораш дар рагам ҷорист,
Ки ин шевотанинро дӯст медорам!

Надидам дар ҷаҳон боғе ба ин хубӣ,
Ки фирдавси баринро дӯст медорам!

Забони рӯд тоҷикӣ ғазал хонад,
Наботу ангубинро дӯст медорам!

Раҳи ободу шаҳру деҳаи обод,
Навободи навинро дӯст медорам!

Зи нури Ориё то шуълаи фардо,
Фари ояндабинро дӯст медорам!

Замонро додаам сомони навиқбол,
Чунин сомонқаринро дӯст медорам!

Нишону парчамаш хуршеду маҳтобам,
Таҷаллоофаринро дӯст медорам!

Ҳамон Хатлонаму Суғду Бадахшонам,
Ки як рӯҳи матинро дӯст медорам!

Зиҳӣ, эй Тоҷикистон, давлати ваҳдат,
Ман ин тоҷу нигинро дӯст медорам!
Озарахш


2010 МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД қонунӣ шуд
Муҳимтарин рӯйдоди соли 2010 муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва барои баррасии мардум пешниҳод кардани лоиҳаи ин қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин қонун минбаъд расман қабул гашта, то имрӯз дар ташаккули насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ ва маънавиятпарастӣ хизмат карда меояд.
Таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт. Ба ифтихори ин рӯзи хуҷаста дар ҳудуди вилоят бунёду навсозии 240 иншооти хурду бузург оғоз ёфта, беш аз 100 иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» аз 21 то 30 сентябр барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда шуд. Барои дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳим беш аз 30 ҳазор нафар ҷалб гашт.


ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ Ӯ БОЯД МАВРИДИ ОМӮЗИШИ САЗОВОРИ ИЛМӢ ҚАРОР ГИРАД
Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият» бо сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

- Муҳтарам Абдуллоҳи Раҳнамо, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар остонаи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар бораи аҳамияти таърихии таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҷойи шакку шубҳа нест. Аммо, ба назари Шумо, имрӯз барои муаррифӣ ва шинохти боз ҳам бештар ва беҳтари он бояд чӣ иқдоме анҷом шавад?
- Дар бораи муаррифии беҳтари таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, бояд гуфт, ки ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Сиёсатшиносон, таърихнигорон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногун ба ин мавзӯъ рӯй оварда, дар боби ин таҷриба бо забонҳои гуногун мақолаю асарҳои илмӣ навиштаанд. Вале ин таҷрибаи нодир ҳанӯз дар сатҳи шоиста ва бунёдӣ омӯхта нашуда, ҳамчун як назарияи илмӣ ҷамъбаст нагаштааст. Яъне, ин таҷриба ба илм, методология ва дониши қобили таълим ва интиқол табдил дода нашудааст. Дар ҳоле ки анҷоми чунин кор барои муаррифӣ ва бақои ин таҷрибаи нодир бисёр зарур аст.
Дар навбати худ, Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ва муаррифии симои мусбат ва муосири кишварро яке аз вазифаҳои муҳими дипломатияи тоҷик медонад. Дар ин росто, маҳз ҳамин дастоварди умумимиллии мо метавонад яке аз ифтихорҳо ва яке аз муаррификунандаҳои мусбати симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Имрӯз ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини биҳиштии кӯҳҳои баланду обҳои равону меваҳои шаҳдбор мешиносанд. Дар канори ин, мо бояд кишварамонро ҳамчун ватани таҷрибаи нодири сулҳу Ваҳдати миллӣ низ ба ҷаҳониён ба хубӣ ошно созем. 

- Шумо масъалаи зарурати ҷамъбасти назариявии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба миён мегузоред. Барои  амалӣ шудани ин кори наҷиб чӣ бояд кард?
- Албатта, ҷамъбасти илмию назариявии як таҷрибаи бузург кори бисёр мушкил аст. Он басе мушкилтар аз навиштани хотираҳо дар бораи он солҳо ва ё тадвини таърихи раванди сулҳ аст. Дар ин самт мувофиқи мақсад мебуд, ки бо ҳадафи омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва устувор намудани ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис дода шавад. Ин пажӯҳишгоҳ илова бар омӯхтан ва ба назарияи илмию методологӣ табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, вазифаи нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро низ ба дӯш хоҳад дошт. Бинобар вазъияти ноустувори минтақа, нақши чунин пажӯҳишгоҳ дар коркард ва пешниҳоди равишҳои амалии ҳалли низоъҳо барои тамоми минтақа аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунад. Ё мумкин аст дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид кушода шавад ва Тоҷикистон метавонад аз СММ чунин дархост намояд. Фаъолияти чунин маркази илмию таълимии сулҳофарӣ ва ҳалли буҳронҳо имрӯз барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зарур мебошад.
Аммо, то амалӣ шудани ин барномаҳои нисбатан калон,  бо мақсади барои наслҳои оянда ва олимону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ дастрас гаштани ин таҷриба, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои раванди сулҳ ҷамъоварӣ карда шаванд. Ҳамчунин, имконпазир аст, ки осорхонаи хурди сулҳи тоҷикон низ ташкил гардад.

- Мулоҳизаҳои Шумо дар бораи омӯзиш ва гиромидошти таҷрибаи сулҳи тоҷикон бисёр ҷолиб ва арзишманданд. Аммо дар мавриди тақвияти Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯза чӣ андеша ва пешниҳодҳо доред?
- Барои тақвияти Ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯза метавон баъзе иқдомҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро татбиқ намуд, ки бисёр муфиданд. Масалан, беҳтар мебуд, ки минбаъд дар ду сол як бор дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вилоятҳо ва сипас, дар пойтахти кишвар «Форуми Ваҳдати миллӣ» баргузор гардад, ки он ҳаёту фаъолияти намояндагони тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, дину мазҳабҳо, наслҳою пешаҳо ва қавму халқиятҳои сокини Тоҷикистонро инъикос намояд. Бо баргузории чунин форум мо бояд тамоми рангинии ҳаёти кишвар ва зебоии диёри азизи худро ба намоиш гузорем.
Дар айни замон, бояд бо мақсади таҳкими амалии ваҳдати миллӣ рушди сайёҳии дохилиро низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳем. Бояд барномаҳое тарҳрезӣ шаванд, ки дар чорчӯби онҳо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат дидан намоянд, бо мавзеъҳои нодири табиат ва ҳаёту фаъолияти мардум аз наздик шинос шаванд. Хушбахтона, имрӯз барои татбиқи ин пешниҳод заминаҳои мусоид мавҷуданд. Ҳоло дар саросари кишвар роҳҳои замонавӣ  сохта шуда, робитаи байни вилояту минтақаҳои мамлакат дар тамоми фаслҳои сол имконпазир гаштааст. Рушди сайёҳии дохилӣ низ метавонад тасаввурҳои ғайривоқеии мардуми минтақаҳои кишвар дар бораи ҳамдигарро аз байн бурда, ваҳдати миллиро ба сатҳи табиӣ ва инсонӣ барорад, ки он устувортарин шакли ваҳдат аст. Он ватаншиносии моро аз сатҳи китобию телевизионӣ ба сатҳи амалӣ ва вуҷудӣ мебардорад. Ин на танҳо сатҳи дигари ватандӯстӣ, балки авҷи ватандорист.  
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


АДИБА
Кафили амнияти миллат
Фарҳанги ман, тариқати ман, ҳикмати ман аст,
Ишқу вафою боварию  ҳуҷҷати ман аст.
Бошад хазону марг бувад ҷанги одамон,
Ваҳдат кафили амнияти миллати ман аст,
***
Ваҳдат масири гулсияри  шамси осмон,
Мазмуни умру  амнияту бахти одамон.
Як гул ба дашт  бекасу танҳою  ноумед,
Ҷамъият аст ваҳдату гулзори бехазон.
***
Сулҳ аст, ки решаи  замин дар об аст,
Ширинтифле  канори  модар  хоб аст.
Сулҳ аст, замин ба гирди меҳвар гардад,
Амнияти ин хоку ҳавою об аст.
***
Хуршед ба назми вақту соат – Ваҳдат,
Ишқе, ки ба дил гирифт хилват – Ваҳдат.
Ҳар ҷанг нишонаи ҷаҳаннам бошад,
Ширинии сад ҳазор ҷаннат – Ваҳдат.
***
Бигзор чароғи хона Ваҳдат бошад,
То ишқ ба ҷони мо шариат бошад.
Бигзор ба рағми ҷанг Ваҳдат орем,
То соати мо соқу саломат бошад.


Маъмулан роҳбарони кишварҳои дар ҳоли ҷанг бо чизи дигаре ғайр аз бозгардонии субот намеандешанд. Ва ё ба ибораи дигар, неруи зеҳнӣ ва қудратӣ тасмимгирии кофӣ барои умури дигарро надоранд. Зеро вазъи амниятӣ чунон гирифторашон мекунад, ки на танҳо имкон, балки ҳавсала ва умеди беҳтар кардани дигар бахшҳоро аз даст медиҳанд. Вале ин ҷо фарқи Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ ҳамзамон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллат, тамоми бахшҳои дигари ҷомеа, аз ҷумла сиёсати хориҷиро танзим ва такмил кард.
Сироҷиддин АСЛОВ,
вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


2011 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ АСРИ ХХI
Соли 2011 дар дилу дидаҳои мардум ифтихоромезу сурурангез ёд мешавад. Маҳз ҳамин сол ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пайкараи бузурги Нишони миллӣ бунёд ёфт, ки баландиаш 45 метр аст. 30 август Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр қомат афрохта, ҳамон сол чун баландтарин парчам дар ҷаҳон эътироф гардид.
Баъд аз баррасии умумихалқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби Президенти кишвар ба тасвиб расид. Дар муҳокимаи лоиҳаи он беш аз 2 миллион шаҳрванди ҷумҳурӣ ширкат варзид.
Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар дохил шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талош ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳон ба унвони олии сиёсию фарҳангии Аврупо – Пешвои асри XXI мушарраф гардид.


НЕРУИ НАРМ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мафҳуми «неруи нарм», ки дар таълифоту лексикони сиёсатмадорон, экспертон, рӯзноманигорон ва ҳамаи нафарони ба таври мухталиф ба проблемаҳои байналмилалӣ наздикшаванда ҷойгоҳи устувор дарёфт, дар даҳсолаи ахир хеле маъмул шуду тадриҷан ба санадҳои асосии сиёсати хориҷӣ, консепсияҳои стратегии давлатҳо шомил гашта, дар офариниши симои ҷаззоби байналмилалӣ ва дар расидан ба аҳдофи сиёсати берунӣ бо усулҳои нарму ғайризӯроварона дар муқобили «неруи дурушт» ҷузъи абзори стратегии онҳо гардид.
Дар ин замина донистани он ҷолиб аст, ки тавонмандии неруи  нарм - и Тоҷикистони соҳибистиқлол аз чӣ иборат аст ва чӣ тавр онро бо ёрии яке аз абзорҳои асосии неруи нарм - дипломатияи ҷамъиятӣ таҳким бахшидан метавон.
Неруи нарм - ро бе таркиббандии фарҳангӣ наметавон тасаввур кард. Дар Тоҷикистон анъанаҳои мардумӣ, вижагиҳои беназири расму оини халқи тоҷик, ки решаҳояшон ба умқи бостон мерасанд, манбаи неруи  нарм мебошанд. Чунончи, ҷашни бештар аз ҳама дар кишварамон мавриди арҷгузорӣ қарорёфта - Наврӯз қадимтарин дар таърихи башар маҳсуб меёбад. Соли 2009 ЮНЕСКО роҷеъ ба шомил намудани ин ид ба номгӯйи мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ қарор қабул кард. Наврӯз иди анъанавии тарғибкунандаи сулҳ номида шуд, ки ба истиқрори дӯстӣ миёни мардумони гуногун мусоидат менамояд. Соли 2010 ба нишони арҷгузорӣ ба ин иди куҳанбунёд Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Ҳамрадифи унсури фарҳангӣ неруи нарм низ аз ҳисоби ташаббусҳои муваффақонаи байналмилалии давлат ташаккул меёбад. Дар ин росто Тоҷикистон  комёбиҳои барҷастае дорад, ки қабл аз ҳама самари хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз Сарвари давлатамон тавонистанд, ки дар болоравии обрӯи байналмилалӣ ва нуфузи кишварамон саҳми бузург гузоранд. Пешвои муаззами миллат борҳо аз минбарҳои баланди СММ диққати  ҷомеаи ҷаҳониро на фақат ба проблемаҳои Тоҷикистон, балки ба масоили мубрами Афғонистон, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари кишварҳои дунё ва таъмини башарият бо оби тоза ҷалб намуданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки обрӯи Пешвои муаззами миллат, ки хидматҳои бузургашонро ҷомеаи байналхалқӣ бо ҷоизаҳои зиёди арзишманд қадр кардааст ва ташаббусҳои аҳамияти умумибашарӣ доштаашон дар сатҳи ҷаҳонӣ сарчашмаи неруи нарм - и Тоҷикистон мебошанд.
Тавонмандии неруи нарм - и Тоҷикистон, албатта, бо омилҳои номбаршуда маҳдуд намегардад, мо онро дар тарҳи умумӣ баён кардем. Аммо дигар саволи мантиқие ба миён меояд: агар тавонмандии неруи  нарм кофӣ бошад, онро чӣ гуна метавон ба захираи воқеии амалии сиёсати берунӣ бадал кард? Ин ҷо ба таҷрибаи байналмилалии истифодаи ниҳоди дипломатияи ҷамъиятӣ рӯ овардан воҷиб аст, ки он абзори неруи  нарм маҳсуб меёбад.
Дипломатияи ҷамъиятиро ҳамчун низоми ҳамкории давлат бо аҳли ҷомеаи хориҷӣ бо мақсади роҳандозии муносибатҳои дарозмуддат, таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва ташаккули иммиҷи мусбати давлат таъриф додан мумкин аст. Чунин сиёсат бо абзори гуногун – аз истифодаи дипломатияи фарҳангӣ, ВАО, созмонҳои ғайриҳукуматӣ то мубодилаи таълимӣ ва истифодаи неруву имконоти диаспораҳо амалӣ гардонда мешавад.
Албатта, ташаккули симои мусбати мардуми мо ва пешбурду тарғиби фарҳанги он вазифаи на фақат сохторҳои расмист: ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон берун аз қаламрави он бояд масъулияти мансубият ба миллату Ватани худро амиқ дарк созад. Ин, махсусан, ба беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷике дахл дорад, ки дар хориҷа таҳсил мекунад. Онҳо моҳиятан захираи дипломатияи ҷамъиятии кишвари мо буда, бояд намояндагони арзандаи мардуми мо бошанд.
Имрӯз истифодаи ВАО ҳамчун абзори дипломатияи ҷамъиятии рақобатмеҳвар барои амнияти иттилоотӣ чолиши ҷиддиест, яъне амалан сухан дар бораи ҷанги иттилоотӣ меравад. Баъзе ҷанбаҳои ин проблема дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 34, санаи нашр: 14.02.2017) дар мақолаи М.Сангмамадова «ВАО - и миллӣ: чӣ бояд кард, ки он рақобатпазир бошад?» ба миён гузошта шуданд. Муаллиф бо фаҳмиши амиқи масъала хусусиятҳои истифодаи сиёсии технологияҳои муосири иттилоотӣ - иртиботӣ, ҷанбаҳои ҷудогонаи оқибатҳои манфии имконпазири халои (вакууми) иттилоотии баъзан ба миёномадаро барои суботи ҷомеа ба силки таҳлил кашидааст. Дарвоқеъ, чунин холигоҳ имрӯз метавонад бо иттилооти ғаразнок ва ифротгароёна пур карда шавад, ки қодир аст, ҳам ба обрӯи кишвар ва ҳам ба суботи ҷомеаву амнияти он, латма занад. Бинобар ин, бунёди ожонсиҳои иттилоотиву таҳлилии чандзабонаи рақобатпазир масъалаи хеле муҳим аст.
Дар иртибот ба ин дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани шуъбаи ҷудогонаи сохторие оид ба дипломатияи ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад ба назар меояд. Ин сохтор метавонад ба ҳамоҳангсозии сиёсати Тоҷикистон  дар соҳаи ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеаи хориҷӣ, иттилоърасонӣ оид ба сиёсату дастовардҳои кишвар ва эҷоди бренди байналмилалии Тоҷикистон машғул бошад. Дар ин замина, неруи нарм ва тавонмандиҳои дипломатияи ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон имкониятҳои хуб фароҳам меоранд.
Баҳрӣ БАҲРИЕВ,
аспиранти Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии 
шаҳри Маскави Вазорати корҳои хориҷии Русия


Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар, арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шоистаи таҳсину қадрдонист.
Антониу ГУТЕРРИШ,
Дабири кулли СММ:


2012 ТОҶИКИСТОН УЗВИ СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ САВДО
Силсилаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин сол аз ҷаласаи Шӯрои генералӣ, ки дар пойтахти Швейтсария – шаҳри Женева баргузор гардид,  оғоз ёфт. Дар ин ҷаласаи сатҳи баланд Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дохилшавии кишвари моро ба ин созмон дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим ва мусоидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ карданд.
Таҷлили 100 - солагии матбуоти тоҷик ва нахустҷаридаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» дар таърихи 12 март низ аз санаҳои таърихии ин сол маҳсуб меёбад. Сарвари давлат дар суханронии хеш ба ин муносибат нақши васоити ахбори оммаро дар ташаккули афкори умум муҳим арзёбӣ намуда, пойдории сулҳу суботро ба фаъолияти дурусти ниҳодҳои марбута вобаста донистанд. Ҳамчунин, дастур доданд, ки дар соҳаи ВАО Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад.
27 июн ба ифтихори 15 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Сарвари давлат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сулҳу оромии кишварро аз муқаддастарин дастоварди халқу давлат номид.
Дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 20 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд. Сарвари давлат то чӣ ҳад тақдирсоз будани ин иҷлосияро таъкид намуда, изҳор доштанд: «Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башар собит намуд, ки ҳалли низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ сарфи назар аз ҳамаи мушкилот имконпазир аст».


ВАҲДАТ ВА ҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Ё НАҚШИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР РУШДИ МАМЛАКАТ
Дар ду даҳсолае, ки гузашт, Сулҳу Ваҳдат дар кишвар шаҳсутунҳои давлатдорӣ шуданд ва  барои Бунёдкорӣ заминаи зарурӣ фароҳам оварданд. То ки хисороти ҳангуфти ҷанги таҳмилӣ бартараф, иқтисоди миллӣ рушд ёфта, диёр ва рӯзгори мардум ободу осуда гардад.
Аммо, осон наомад рост кардани шаҳсутуни сеюм, агар ба эътибор гирем, ки дар фосилаи кӯтоҳ ду маротиба – солҳои 2008 ва 2014 ҷаҳонро буҳрони шадиди иқтисодию молиявӣ ларзонд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ тавонист суботи макроиқтисодиро таъмин намояд ва диққати асосиро ба пиёдасозии ҳадафҳои стратегӣ равона созад.
Дар ин радиф бо ҳидояту раҳнамоӣ ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008 - 2009 пиёдасозии лоиҳаи беназири иқтисодӣ шурӯъ гардид. Ба таври дигар гӯем, бори нахуст дар кишвар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис ёфтанд. Ин воқеан тасмими ғайричашмдошт буд. Зеро дар шароити мураккаби буҳронӣ ҳатто на ҳар давлати доро ҷуръати пиёдасозии чунин лоиҳаҳои азими иқтисодиро мекунад ва ин тасмим шаҳодати хираду дурбинии асосноки иқтисодии Сарвари давлат буд. Минтақаҳои фавқ маблағгузории зиёди инфрасохторӣ тақозо карда, як муддат ба коҳишёбии воридоти андоз ба буҷети давлатӣ сабаб шаванд ҳам, дар маҷмӯъ метавонанд муҳаррики воқеии иқтисоди миллӣ гашта, на танҳо бозори дохилиро аз молҳои стандарти байналмилалӣ пур гардонанд, балки неруи содиротии кишварро тақвият дода, боиси рушди босуръати тиҷорат, ҷалби инвеститсия ва ташкили ҷойҳои нави кор шаванд.
Инро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки соли 2015 шумораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар дунё қариб ба 5000 расида, дар онҳо беш аз 70 миллион нафар кор мекард ва ин рақамҳо бемайлон рӯ ба афзоиш доранд.
Ва иродаи сиёсии Сарвари давлат минтақаҳои озодро дар кишвари мо низ рӯи кор овард. Се - чор соли аввал сарфи ташаккули маъмурияти минтақаҳо, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар ин самт, ҳамчунин бунёди инфрасохтор гашт. Бо вуҷуди душвориҳои марҳалаи аввали ташкилӣ теъдоди корхонаҳо махсусан дар МОИ - и “Суғд” ва “Данғара” пайваста меафзуд ва авҷи он ба солҳои 2015 - 2016 рост омад. Порсол дар МОИ - и “Суғд” 26 субъект, аз ҷумла 7 корхона бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин теъдод 12 корхона маҳсулот мебарорад ва онро қисман ба кишварҳои хориҷӣ содир мекунад. Дар МОИ - и “Данғара” бошад, шумораи ширкатҳои бақайдгирифташуда ба 28 - то расида, 18 корхона фаъолият дорад. Боқӣ бо сохтмон, воридсозӣ ва насби таҷҳизоту технология машғул мебошанд. Дар МОИ “Панҷ” 15 субъект ва “Ишкошим” 2 субъект ба қайд гирифта шудааст.
Имрӯз метавон гуфт, ки минтақаҳои озоди иқтисодии “Дағара” ва “Суғд” дар марҳалаи рушд қарор доранд ва барои минтақаҳои “Панҷ” ва “Ишкошим” дар ташкили ҷои кор, фароҳамсозии шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти истеҳсолии ширкатҳо, ҷалби инвеститсияҳо қобили пайравӣ гаштаанд. Чанд рақам дар ин иртибот. Агар соли 2015 дар МОИ “Данғара” ҳамагӣ 2,1 миллион сомонӣ маҳсулоти стандарти байналмилалӣ бароварда шуда бошад, ин рақам соле пас аз фаъолияти 18 корхона ба зиёда аз 16 миллион сомонӣ расид. Дар сурати соли равон мавриди амал қарор гирифтани боз чор коргоҳи нав, аз ҷумла корхонаи коркарди нафт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот беш аз 100 миллион сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин, соли ҷорӣ содироти 50 тонна писта ба хориҷа дар назар аст. Айни замон дар минтақа зиёда аз 1700 нафар соҳиби ҷои кор гаштааст.
Дар МОИ “Суғд”, агар соли 2015 ба маблағи 57,3 миллион сомонӣ маҳсулот бароварда бошанд, баъди як сол ин нишондиҳанда ба 73,3 миллион сомонӣ расид. Аз ин миқдор ба маблағи 12,6 миллион сомонӣ мол ба хориҷа содир гардид. Аз ҷумла, ба кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Русия ва Чин.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба болоравии қобилияти рақобатпазирии байналмилалии маҳсулоти ватанӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави истеҳсолот дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, роҳандозии шаклҳои муосири ташкили истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ ва роҳбарӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Нахустин қадамҳо ва натиҷаҳои умедбахши минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дурустии раҳнамоӣ ва роҳи нави дар иқтисоди миллӣ пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит месозанд.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим» -и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарияш ибратомӯз ва, ҳамзамон, мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрӯз не, имсол не, балки бист сол қабл ӯ чун Пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


2013 ИРОДАИ МАРДУМ МУЗАФФАР ГАШТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 март бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ бахшида, ба халқи тоҷик боз як гӯшаи таърих ва тамаддуни ниёгонро армуғон сохт.
4 июл Роҳбари кишвар дар ҳузури намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, бавижа аҳли дину тақво масъалаи муносибати давлат ва динро баррасӣ намуд. Таъкид гардид, ки «дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад».
1 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе - Ваҳдат - Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, нақби мазкурро ба хотири гиромидошти Хатлон ҳамчун қадимтарин воҳиди ҷуғрофии сарзамини тоҷикон «Хатлон» ном ниҳоданд.
Яке аз маъракаҳои муҳими соли 2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 6 ноябр баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот Эмомалӣ Раҳмон, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо касби 84,23 дарсади овозҳо бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Иродаи мардуми тоҷик боз ҳам музаффар шуд ва фарзанди фарзонаи хешро, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳою вазнинтарин рӯзҳо ҳамроҳу пуштибонаш буд, аз нав ба сарварӣ хонд.


20 СОЛИ ВАҲДАТ -  20 СОЛИ РУШДИ ТЕАТР
Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг соҳаи муҳим ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа муайян гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи пурғановати он, анъанот ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
Чуноне ки маълум аст, дар ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта соҳаи фарҳанг ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Дар шароити тезутунди сиёсӣ ва вазъи ногувори иҷтимоӣ  кормандони соҳа тавонистанд, ки арзишҳои фарҳангии миллатамонро  ҳифз намуда, тамоми неруи хешро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, тарғиби дӯстиву бунёдкорӣ равона намоянд.  Дар ин марҳалаи ҳассос соҳаи фарҳанг таҳти таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта, қатъи назар аз вазъу ҳолати сангину мураккаби ҷомеа рӯ ба инкишоф ниҳод.
Ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ба рушду такомули он такони бузург бахшиданд. Солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш меёфт.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ 2351 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 17 театри касбӣ, 6 муассисаи консертӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон,  328 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 7 филармонияи халқӣ, 22 театри халқӣ, чандин ансамблҳои тарона ва рақс, шашмақомхонон, фалаксароён, эстрадӣ, фолклорию этнографӣ фаъолият  доранд.
Дар шароити ҳозираи таърихӣ масъалаи солимии маънавии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода санъати театрӣ метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Он дар бавуҷудории ҳисси зебоипарастии мардум низ нақши бузурги тарбиявиро бозида метавонад.
Бояд гуфт, ки ҳунармандони театр неруи бузурги эҷодиро ташкил медиҳанд ва имрӯз  теъдоди эшон дар  муассисаҳои театрии ҷумҳурӣ ба зиёда аз 1500 нафар расидааст, ки беш аз 700 нафарашон кормандони эҷодӣ мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тармиму таъмири биноҳои театру муассисаҳои консертӣ ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. То имрӯз биноҳои Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ  Вализода, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон  ба номи Маҳмудҷон  Воҳидов пурра таъмир гардиданд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби бинои худ шуд.  Ҳамчунин, бо фармони махсуси Президенти кишвар дар ноҳияҳои Данғара ва Ашт театрҳои драмаи мусиқӣ таъсис ёфтанд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо кӯшишу ғайрати як идда ҷавонони болаёқат дар таҳияи як қатор асарҳои классикӣ ва миллӣ ба комёбиҳои эҷодӣ дастёб шуд.
Соли 2009 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар бинои Театри опера ва балети пойтахт ба маблағи 11 миллиону 835 ҳазор сомонӣ таъмир гардид ва кормандони он бо дасту дили гарм такмили санъати касбиро идома дода истодаанд.
Сулҳу суботи дар кишвар барқароргардида ва сабақи таърихии он театрҳои ҷумҳуриро водор сохт, ки ба мавзӯоти таърихӣ даст зада, дар раванди поянда доштани муқаддасоти таърихӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ саҳмгир бошанд. Дар ин раванд Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муваффақтар аст. Саҳнаи онро тӯли ин солҳо асарҳои таърихии  «Баҳроми Чӯбина» - и Т. Аҳмадхонов, «Кабки қафас» - и Т. Зулфиқоров, «Ғуруби Аҷам» - и Ҷ. Қуддус, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Нангбардори Хуҷанд» – и М.  Бахтӣ, «Драмаи миллат» - и С. Айюбӣ ва «Чархи гардон» - и Н. Табаров бо рангу бӯйи таърихи куҳандиёрамон муаттар гардонда, саҳфаҳои рангини онро пеши назари тамошобинон ҷилвагар сохтанд.
Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҳқиқи табиати хислати ҷавонон ва дигаргуниҳои дар ҷаҳонбинии онҳо баамаломадаро идома дода, бо таҳияи асарҳои ҷолиб пештози ин навъи санъат дар тамоми минтақа эътироф шудааст.
Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо таҳияи намоишҳои «Шабпарак хоб дид» - и Т. Зулфиқоров ва «Шаҳраки мо» - и У. Тронтон, на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мавқеи хос пайдо намуд.
Театри мазҳакаи мусиқии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ аз оғози фаъолияти хеш такя бар анъаноти миллӣ дорад. Беҳтарин асарҳои дар тӯли таърихи хеш таҳиянамудаи театр дар ҳамин равия рӯйи саҳна омадаанд.
Айни замон, театр таҳти роҳбарии Умед Хисравов рушд намуда, бо таҳияи асарҳои нав ба нав дар боло бурдани маънавиёти мардуми минтақа саҳм мегирад. Сохтмони бинои нави театр, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Сарвари давлат сурат гирифтааст, аҳли ҳунарро рӯҳбаланд ва ба таҳияи асарҳои нав ба нав раҳнамун месозад.
Солҳои 90 – уми асри ХХ Қӯрғонтеппа дар маркази даргириҳои сиёсӣ қарор дошт. Дар ин ҳол ба ояндаи ҳунар касе умед ҳам баста наметавонист. Таҳиягари хушсалиқа Бурҳониддин Раҷабов на танҳо ба ҳунармандони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, балки ба тамоми аҳли ҳунари минтақа умед бахшида, фаъолияти онро дубора барқарор намуд. Дар натиҷа, ҳоло дастаи ҳунарии театри мазкур дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз театрҳои навҷӯ шуҳрат пайдо кардааст. Соли гузашта бинои нави театр, ки бо риояи суннатҳои миллии меъморӣ ва талаботи тахассусӣ сохта шудааст, бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифода қарор дода шуд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат аҳли ҳунари театр тасмим гирифтаанд, ки бо таҳияи асарҳои баландмазмун дар рушди ҳунари кишвар саҳми хешро бигузорад.
Ба шарофати фазои мусоид театри миллии мо тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаи хешро ба даст орад ва дар қатори дастаҳои театрии кишварҳои аз лиҳози рушди фарҳангӣ пешсаф қарор гирад. Халқе, ки фарҳанги сулҳофарӣ дорад, дар офаридани саҳнаҳои ҷолиби театрӣ низ ҳатман муваффақ хоҳад буд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«ҶУМҲУРИЯТ»


Ба бахти халқу миллат ва саодати Ватан таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек доштааст, дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан будааст. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поин бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохт ва дар ин ҷода баъди чанд соли аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳояш муваффақ шуд.
Хайринисо ЮСУФӢ,
муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


2014 АЗ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ ТО 90-СОЛАГИИ ДУШАНБЕ
Вусъати бунёдкорию созандагӣ аз рӯзҳои аввали соли 2014 мушоҳида мешуд. Махсусан, агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 2» ва агрегати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» фаъол гаштанд.
20 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил ёфтанд. Бахшида  ба 20 - солагии қабули Конститутсия нисбат ба даҳ ҳазор гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда қонуни авф татбиқ карда шуд, ки аз инсонпарварии Ҳукумати кишвар шаҳодат медод.
Ҳамчунин, бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ гашт, ки омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Армуғони беҳтарин ба ифтихори солгарди пойтахти кишвар ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо тарҳи муосир ва навтарин техникаю таҷҳизот буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии он сухан ронда, бори дигар аз сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон ёдовар шуданд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани терминали нави фурудгоҳро барои беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар муҳим арзёбӣ карданд.


«МАН» - И МИЛЛАТ
Аз азал адабиёт ва публисистика ба ҳам тавъаманд. Имрӯз ҳам. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон адибон ба мавзӯъҳои мубрам рӯ оварда, дигаргуниҳои ҷомеаи озоду демократии моро дар қолаби жанрҳои  публисистӣ ба хонанда пешкаш менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба адибон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар як суханрониашон гуфта буданд: «Бояд таблиғи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳвари адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад».
Ин суханони ҳидояткунандаи Сарвари давлат адибонро бетараф нагузошт ва  шоиру нависандагон аз ин рӯҳу илҳом гирифта, рӯ ба инъикоси масъалаҳои муҳим оварданд. Дар як муддати муайян мавзӯъҳои фавқуззикр бо тамоми нозукиҳояш мавриди омӯзиш, ҷустуҷӯ ва таҳқиқ қарор гирифт ва ба ин васила асарҳои хуби адабию публисистӣ пайдо гардиданд. Адибони тоҷик бо навиштаҳои худ эҳсоси ҳаммаромӣ, ҳаммаслакӣ, ҳамақидавии хешро бо Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу сафо, зиндагии шоистаи халқ, якпорчагии Тоҷикистони азиз, озодиву осудагӣ намуда, бо садоқату виҷдони пок асарҳои зиёде офариданд. Осори публисистии адибони мо воқеан созанда ва бо обу ранги бадеӣ навишта шудаанд. Ин асарҳои ба қавли олими рус Е. Прохоров «ифодакунандаи рӯҳи замон» - анд. Дар маркази ҳар як асари публисистие, ки адибони мо дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ навиштаанд, сарнавишти халқи мо, миллати мо бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меистад. 
Адибони мо дар таълифоти худ аз ҳуҷҷатҳои воқеӣ, факту рӯйдод, далелу санадҳо истифода бурда, ба таъбири профессор Асадулло Саъдуллоев «роҷеъ ба рӯйдодҳои замон» андеша рондаанд. Осори публисистии адибонро мо аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ: «Ҷумҳурият», «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Садои мардум», «Помир», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Озодагон», «Фараж», «Ҷавонони Тоҷикистон», ҳамчунин аз маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ҷуставу ба риштаи таҳлил кашидем. Мавзӯи Ваҳдати миллӣ як рукни ҷудонашавандаи эҷодиёти шоиру нависандагон буда, адибон Абдулҳамид Самад, Низом Қосим, Доро Наҷот, Назри Яздонӣ, Зулфия Атоӣ, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Фарзона, Давлат Сафар, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Собир Султон, Ато Мирхоҷа, Рустами Ваҳҳоб, Озарахш, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон дар ин мавзӯи хеле нозук ва муҳими имрӯзи халқи тоҷик асарҳои насрӣ - публисистӣ ва назмӣ – публисистӣ эҷод намуда, тараннуми Ваҳдати миллӣ кардаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим  дар ашъори насрӣ ва  назмии худ рӯ ба ин мавзӯъ оварда, шеърҳои «Дили ман, ёд бодо он ҳама парвоз карданҳо…», «Роҳи оҳан», «Навбаҳор меояд», «Пеши роҳи ту во бод…» эҷод намудааст. Инчунин, нигоштаҳои публисистии ӯ «Пешвои барҳақ», «Диёро, Пешво бидиҳад паёмат», «Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт» аз маҳсули эҷоди тозанашри ӯст. Пешвои миллат дар ашъори Низом Қосим ҳамчун офарандаи сулҳу ваҳдати миллӣ, манзуркунандаи роҳату оромӣ, ифтихори худшиносиву худогоҳӣ бо ифодаҳои «шаҳчароғӣ», «бахти халқӣ», «табиби  миллат», «қомати  расоят», «дилфидои  миллат», «хишти ҷисму ҷон» тасвир шудааст:
Дастони сулҳу ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат…
Ҳар як дастоварди миллат барои Низом Қосим мояи ифтихор ва таманниёт аст. Шеъри «Роҳи оҳан», ки ба муносибати ифтитоҳ шудани роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон  навишта шудааст, оҳанги публисистӣ дошта, ба таъбири шоир он роҳи меҳру пайванду ваҳдат аст:
Чун раги шараёнӣ, эй раҳ,
Аз дили меҳан ба ҳар узви тани ӯ.
Роҳи пайвандиву ваҳдат,
Нестӣ як шоҳроҳи оҳани ӯ…
Дар ҳамин замина силсилаи шеърҳои К. Насрулло, М. Ғоиб, Г. Келдӣ, Н. Яздонӣ, Д. Наҷот, Р. Ваҳҳобзода, М. Ҳошимзода, А. Хуҷаста, Д. Сафар ва дигарон рӯйи чоп омадаанд. Аз ҳар сатри шеъри  шоирон бӯи Ватан, ваҳдат, сулҳ, худшиносӣ, миллат, ҳамдилӣ, истиқлолият меояд.
Силсилашеърҳои оҳанги публисистӣ доштаи Доро Наҷот, ки бевосита ба ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд ва номи «Ваҳдати миллӣ» - ро доранд, ҳамчун шеъри сафед иншо шудаву хеле хонданианд. Матлаи як шеър чунин аст:
Ваҳдат тулӯи зарринтоҷи ориёст
аз махзанҳои миллат,
Ва ҳафтандарҷӯши кафшерест, ки
васл мекунад моро
бо фӯлоди пайкари миллат…
ё:
Ваҳдат гулшукуфти тоҷиконаи
чеҳраҳост
аз дарахти миллат
ва озарахши тоҷикии
гавҳари дидаҳост,
аз тоҷу тахти миллат…
Ва мақтаи шеър чунин аст:
Ваҳдат аст, ки хулоса мешавем
дар «Ман» - и миллат
ва як порча мешавем
бо меҳани миллат!
Дар шеъри мазкур мо якпорчагии Ватанро мебинем ва навои якҷояи «Шашмақом» - у «Фалак» - ро мешунавем.
Маҳмадюсуф ИМОМЗОДА,
академик,
Аъзамҷон АЗИМОВ,
Профессор


ИТТИҲОД
Ба Ориёву Ҷоми Ҷам,
Ба фарри тозаи Аҷам,
Ба Сарбадорҳо, ки сар
Накардаанд ҳеч хам,

Қасам!
Қасам,  ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!

Ба содамардуме, ки буд
Ба ҳарфи хасм бовараш,
Набурд аз Ватан ба ҷуз
Кафе зи хок дар бараш,

Қасам!
Қасам, ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!

Ба он занони мушти пар,
Ки мавҷи об бурдашон,
Ба мурдаҳои бекафан,
Ки ваҳшу тайр хӯрдашон,

Қасам!
Қасам,  ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!

Ба оҳи он ғариб, к - ӯ
Зи даст хонумон бидод,
Ба ашк, ашки он ятим,
Ки  гуфт «нон»-у ҷон бидод,

Қасам!
Қасам, ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!

Ба ваҳдате, ки халқ аз ӯ
Чу оби пора ҷамъ гашт,
Канор сӯи ҳам кушод,
Зи ҳар канора ҷамъ гашт,

Қасам!
Қасам, ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!

Ба миллате, ки гуфт: сулҳ!
Ва ханда рехт бар лабаш,
Дубора офтоби бахт
Дамид аз дили шабаш,

Қасам!
Қасам, ҳаёт Ваҳдат аст,
Раҳи наҷот Ваҳдат аст!
ОЗАР


Ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.
Низомиддин ЗОҲИДӢ,
муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


2015 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар инсон 25 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия ва ба тасвиб расид. Қонун аз ҷониби мардуми кишвар ва қишрҳои гуногуни ҷомеа истиқболи гарм ёфт ва Эмомалӣ Раҳмон якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шуд.
Дар Вазорати молия Созишномаи кафолатӣ ва қарзӣ байни Тоҷикистону Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000» дар ҳаҷми 110 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» ба кор оғоз кард. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамгироии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегии пешгирифта мусоидат карданд.


Имрӯз аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба фардои дурахшони Ватани азизамон қадам мезанад.
Бовар дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд.
Эмомалӣ РАҲМОН


БОЛИ ПАРВОЗИ БАЛАНД
Дар ин рӯзҳои саид, ки ҷавонони саодатманди тоҷик дар фазои идона-ҷашни шукӯҳманди 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд, бо сипоси беандоза аз идеали ҳаётии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як санаи барояшон таърихиро ёд меоранд.
23 майи соли 1997. 20 сол қабл, дар соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот намуданд. Пас аз он вохӯрӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ба имзо расид. Дар асоси он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 май Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. То охири ҳамон сол бошад, чор идораи вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, қариб 60 шуъбаи шаҳрию ноҳиявии кор бо ҷавонон созмон дода шуд. Яъне, Сарвари давлат дар баробари талошҳои пайваста барои қатъи ҷанг ва барқарорсозии сулҳ, ҳамзамон дурандешона дар фикри ташкили сохтори ҷадиди муосир буданд, то неруи тавонои созандаи ҷавонони кишварро барои рафъи хароботи ҷанг, таҳкими сулҳу ваҳдат ва барқарорсозии иқтисоди миллӣ сафарбару равона созанд.
Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки ҳамагӣ баъди ним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ порлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз аввалинҳо шуда, чунин тасмим гирифт, ки ҳадафи асосии он фароҳамории шароити зарурӣ барои ташаккули насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт.
Ба ибораи дигар созмони ҷадиди ҷавонони кишвар ҳамсоли Ваҳдати миллӣ буда, он дар ин муддат тавонист бо раҳнамоиву ҳидояти Пешвои муаззами миллат ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстони асил ва татбиқгарони фаъоли сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбият намояд.
Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи зиёда аз 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 130 ҳазор буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунад.
То охири соли равон теъдоди аҳолии мамлакат қариб 200 ҳазор афзуда, ба 9 миллион нафар мерасад. Аз ин шумораи умумӣ шаҳрвандони то 30 – сола қариб 6 миллионанд. Яъне, Тоҷикистони маҳбубамон, воқеан, кишвари ҷавонию ҷавонон аст. 
ХУРШЕДИ ҶОВИД, “ҶУМҲУРИЯТ”


2016 СОЛИ БУНЁДИ СИЛСИЛАКОРХОНАҲОИ АЗИМИ САНОАТӢ
Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ саросари кишварро фаро гирифта, файзу нусрати бунёдкорӣ дошт. Ин сол боиси арзи ҳастӣ кардани даҳҳову садҳо иншооти таъйиноти гуногун гашт, ки чун муште аз хирвор чанди онҳоро дар поён зикр мекунем.
Моҳи март дар пойтахт маҷмааи тандурустии “Истиқлол” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, ҳазор ҳуҷраи тахассусӣ дар силсилаи биноҳои аз 1 то 9 ошёна мебошад.
Дар рафти тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи сементбарории ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғдсемент” бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он зиёда аз 1300 нафар соҳиби ҷои кор шуд.
Оғози моҳи май дар шаҳри Турсунзода татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000 сар шуд, ки тавассути он соле то 5 миллиард квт/с неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад.
22 май дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ доир гашт, ки дар он зиёда аз 3 миллиону 814 ҳазор нафар ё 94,5 дарсади иштирокдорон ба ҷонибдории воридсозии тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
8 июн баъди таваққуфи бистсола расадхонаи байналмилалии “Санглох” дар ноҳияи Данғара фаъол шуд, ки дар ҷаҳон назир надорад.
31 август дар Данғара Маҷмааи нассоҷии ҷамъияти саҳомии “Ҷунтай - Данғара Син - Силу” ифтитоҳ гардид, ки дар сурати пурра ба кор даромадан ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта, истеҳсоли 150 миллион метр матоъ, рангубори 10 ҳазор тонна ришта ва дӯхтани 1 миллион адад либос қодир буда, 6000 нафарро бо кор таъмин месозад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2017    №: Нашри махсус    Мутолиа карданд: 1039

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед