logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. Натиҷаҳои нимсолаи аввал назаррасанд

Ахбори иқтисодӣ
Суръати баланди ҷамъоварии ғалла
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла бо суръат идома дорад. Кишоварзон то 3 июл  майдони қариб 140 ҳазор гектарро дарав карда, ба хирманҳо 432787 тонна ҳосил рехтанд.
Кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили ғалла пешсафанд. Онҳо 94134 гектар ғаллазорро даравиданд, ки ҳосили он  338396 тоннаро ташкил дода, ба 68 дарсади иҷрои нақшаи солона баробар  мебошад.
Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил 616 комбайн ба кор сафарбар карда шудааст.

Кишти такрорӣ низ вусъат меёбад
Кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили якуми зироатҳо ба кишти  такрорӣ оғоз бахшиданд.  Тибқи маълумоти фаврии раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ кишти такрории зироатҳо дар 74490 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 461 гектар зиёд мебошад. То  аввали моҳи июл дар  майдони 49039 гектар кишт  гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 гектар зиёд буда, 66 дарсади иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Аз 25 ҳазор гектари умумӣ дар 11525 гектар ҷуворимакка барои дон, 5202 гектар шолӣ кишт  шудааст. Инчунин, дар майдони 22 гектар картошка, 3604,5 гектар  сабзавот, 2201 гектар полизиҳо, 968 гектар зироатҳои техникӣ ва 17244 гектар  хӯроки чорво кишт шудааст.

Полизиҳо ба дастархон баракат мебахшанд
Имсол деҳқонони ҷумҳурӣ дар 16178,5 гектар зироатҳои полизӣ кишт карданд, ки бештар аз нисфи он дар зери плёнка буд. То  аввали моҳи июл ҳосили  4849 гектар ҷамъоварӣ  шудааст. Дастранҷи кишоварзон аз парвариши полизиҳо 133432 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 18891 тонна зиёд аст. Ҳосили зироатҳои полизӣ аз ҳар як га 275,2 сентнерӣ буда, назар ба  натиҷаи соли гузашта 39 - сентнерӣ зиёд мебошад. 
Мирзои Фирӯз, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 419

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед