logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ЗИЁДАРАВИИ ШАХСОНИ МАНСАБДОР ПЕШГИРӢ ГАРДАД

Аз хотирҳо нарафта, ки даҳ сол қабл шаҳрвандон ҳини доир намудани тӯю маъракаҳои бодабдаба маблағҳои зиёд масраф менамуданд. Як идда аз ҳамсоя қафо намонам гуфта, аз ёру ошноҳо қарз мегирифтанд. Қисми дигар бо фоизи миёншикан рӯ ба бонкҳо меоварданд. Худнамоӣ мекарданду баъд солҳо аз пайи баргардондани қарз овора мегаштанд. Дар маросимҳои азо низ бенизомӣ зиёд буд. Маъракаҳои сею чилу сари сол, ҷумъагиву хотирҷамъӣ бо забҳи чорвои калон соҳибмаъракаро ба касодӣ меовард.
Қабл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расму одатҳои хурофотӣ роиҷ ва теъдоди чорабиниҳо бағоят зиёд буданд. Амсоли тӯйи ақди никоҳ, маросимҳои хостгорӣ, ноншиканон, фотиҳаву сарупобарон, ордбезону сарупобинон, чойгаштаки духтарону нишастҳои дӯстони домод, ақди никоҳи давлатӣ, оши наҳору тӯйи калон, рӯбинону домодталбон, қудоталбон ва ҳоказо оилаҳоро соли дароз сарсону саргардон менамуданд.
Иҷрои қонун ба тадриҷ мушкилоти зиёди мардумро осон гардонд. Онҳо акнун дарк намуда истодаанд, ки қонуни мазкур танҳо бар манфиат асту он барои некуаҳволии халқ мусоидат мекунад. Ба қавле, мардум акнун нафаси озод кашида истодаанд. Алъон мардум аз ҳисоби камхарҷ доир намудани маъракаҳо маблағҳои зиёд сарфа менамоянд.
Аз рӯи ҳисоби оморӣ дар кишвар хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса ба солҳои пеш се маротиба кам гардидааст. Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ пасандози шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Акнун майли гирифтани қарз аз бонк барои  гузарондани маъракаҳо коҳиш ёфтааст.
Хушоянд аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷумҳурӣ такя ба анъанаи неки ниёгон баргузории тӯйҳои хайриявӣ ва дастаҷамъона ба ҳукми анъана даромада истодааст.
Тибқи иттилои омор, дар ин муддат дар ҳудуди кишвар хатнасури 85 ҳазор нафар тифл ва тӯйи домодиву арӯсии 5 ҳазор ҷуфти ҷавон аз оилаҳои камбизоат ба тариқи дастаҷамъӣ, бо ёриву мадади ҷавонмардони сахопеша, соҳибкорони хайрхоҳ баргузор шудааст. Ин иқдоми нек боис гашт, ки зиёда аз 96 ҳазор оила аз хароҷоти гузарондани маърака озод шаванд.
Аммо имрӯзҳо ҷо-ҷо аз ҷониби ашхоси мансабдор зиёдаравӣ ба назар мерасад, ки ин амали ноҷост. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дуруст зикр намуданд: «Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем».
Вобаста ба ин, пешниҳод дорам, ки ҷавобгарӣ барои масъулони давлатӣ вазнинтар ва вақти баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ то ду соат кам карда шавад. Хароҷоти болои мизи тӯй ҳадди муайян дошта бошад. Дар маросими чил ва сол – шумораи иштирокчиён аз нав дида баромада шавад.
Умари ШЕРХОН, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 386

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед