logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000, ноҳияи Варзоб, 6 июли соли 2017

Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ - Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон!
Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон!
Муҳтарам Сооронбай Шарипович Жээнбеков - Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон!
Хонумон ва ҷанобон!
Нахуст, ҳамаи шуморо дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.
Моҳи майи соли гузашта мо дар якҷоягӣ ба раванди татбиқи тарҳи CASA - 1000, ки намунаи ҳамкории воқеӣ ва самараноки кишварҳоямон дар ростои манфиатҳои мардумони мо мебошад, ҳусни оғоз бахшидем.
Тарҳи CASA - 1000, дар баробари таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, моро бо пули мустаҳками энергетикӣ пайваст хоҳад кард ва ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои мо вусъат хоҳад бахшид. Ҳамчунин, тарҳи CASA - 1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа мебошад ва тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқро дар арсаи ду минтақа ба ҳам хоҳад овард.
Тоҷикистон имкон дорад тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд. Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Аллакай ду неругоҳи барқи обии миёна ва силсилаи неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1200 мегаватт сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Мо ба нақша гирифтаем, ки дар охири соли 2018 агрегати аввали  неругоҳи бузурги  Роғунро  ба истифода диҳем. Ҳамзамон, ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли неруи барқ чандин лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор доранд ё ба анҷом расонда шудаанд.
Ҳаҷми умумии сармояи барои ин мақсадҳо ҷалбгардида беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин имкониятҳои моро дар ҷодаи тавлиди «энергияи сабз» бамаротиб зиёд менамояд. Таъкид карданиам, ки аз рӯйи фоизи истеҳсоли он кишвари мо, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой гирифтааст.
Беназирии барномаи CASA - 1000 дар он аст, ки ин тарҳ ба тавозуни истеҳсоли неруи барқ дар кишварҳои Осиёи  Марказӣ ва истеъмоли он дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки ба камбуди ҷиддии неруи барқ мувоҷеҳанд, мусоидат мекунад. Ин тарҳ дар ҳалли фарогири мушкилиҳои мубрами иқтисодию иҷтимоӣ таъсири матлуб мегузорад.
Таъмини дастрасии устувор ба захираҳои энергетикӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷумлаи чунин масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, метавон изҳор намуд, ки тарҳи CASA  - 1000 барои иҷрои саривақтии ҳадафу вазифаҳои рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҳошияи Маҷмааи умумии СММ таъйид шуданд, мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳа талошҳои моро ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор, ки тибқи он то соли 2030 бояд дастрасии умумӣ ба барқи арзону муосир таъмин шавад ва ҳиссаи неруи таҷдидшаванда дар тавозуни энергетикии ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёбад, ҳамаҷониба тақвият мебахшад.
Дар баробари ин, лоиҳаи CASA - 1000 омили ҷорӣ намудани меъёрҳои нави тиҷоратӣ ва фанновариҳои муосир дар иқтисодиёт мебошад. Бо истифода аз фурсат, мехостам нақши муҳими шарикони рушдро дар таҳия ва татбиқи лоиҳа зикр намоям ва аз онҳо барои дастгирии фаъол ва ҳамкории пурсамар изҳори сипос намоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо дар ин ҷо ба ҳадафи арзёбии ҷараёни иҷрои нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда ва табодули афкор оид ба вазифаҳои муҳиму афзалиятноки лоиҳаи CASA  - 1000 ҷамъ омадем. Аз вохӯрии ахири мо як сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат коршиносон ва вазорату идораҳои салоҳиятдори кишварҳои мо вазифаҳои муҳимро иҷро намуданд. Дар ин замина мехоҳам масъалаи гузарондани  тендерҳо (озмунҳо), инчунин, ба анҷом расидани раванди муайян кардани  пудратчӣ (паймонкор) барои сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддат дар қаламрави Афғонистонро, ки 550 км тӯл мекашад,  зикр намоям.
То охири сол арзёбии дархостҳои тендерӣ оид ба сохтмони зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва дигар хатҳои интиқоли барқ ба анҷом хоҳад расид. Вале, аз назари мо, раванди татбиқи лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад. Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи CASA - 1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем.
Бо истифода аз фурсат, мехостам мулоҳизаҳои зерини  худро дар ин маврид иброз намоям:
Нахуст, ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд;
Дувум, мувофиқи мақсад медонем, ки қарорҳои дахлдор қабул шаванд ва ҳар чи зудтар бунёди ҷузъҳои алоҳидаи лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.
Сеюм, мо пешниҳод мекунем, ки талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳар чи зудтари сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст,  ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.
Чорум, лоиҳаи CASA - 1000, ки дар асл нодир аст, истифодаи самараноки механизм ва усулҳои нав, дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, мувофиқатшуда ва муосирро талаб мекунад.
Панҷум, сохтмони зиёда аз 1342 км хати интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ мегузорад.
Барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.
Шашум, таҷрибаи пешбурди лоиҳаи CASA  - 1000 дар солҳои охир нишон дод, ки баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии лоиҳа зарур аст.
Шароити тағйирёбандаи берунӣ ва минтақавӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир аз мо иқдомҳои муассир ва қатъиро ҷиҳати ҳар чи зудтар ва пурра анҷом додани лоиҳа тақозо мекунад.
Тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳар сол бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи лоиҳа кишварҳои аъзо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар мебинанд. Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, ки вохӯриҳои мунтазами шахсони расмии чаҳор кишвар, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро доранд, баргузор шаванд. Илова бар ин, пешниҳод дорем, ки имконияти баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар хотима мехостам таъкид намоям, ки тарҳи CASA - 1000 на танҳо низомҳои энергетикии моро ба ҳам мепайвандад, балки метавонад қадами аввалин дар ҳамгироии воқеӣ ва мутақобилан судманди  кишварҳои ду минтақа ба нафъи наслҳои имрӯза ва ояндаи онҳо  гардад.
Татбиқи самаранок ва саривақтии лоиҳа  намунаи дурахшони ҳамбастагии мо дар дастёбӣ ба рушди устувор мебошад.
Мо дарвоқеъ умед дорем, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар ин масъалаи муҳим ва стратегӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2017    №: 141    Мутолиа карданд: 1759

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед