logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТУҲФАИ МОДАР
Падару модаре як писар доштанд. Писарак ранҷур буд. Духтурон ташхис гузаронда, дақиқ карданд: «Фарзандатон умри зиёд намебинад». Ҳар сол дар зодрӯзаш писар аз модар гила мекард, ки шумо ба ман туҳфае намекунед.
- 18-сола шавӣ, ман ба ту туҳфаи хубе мекунам, - мегуфт модар.
Писар мехост ҳар чи зудтар 18-сола шаваду туҳфаи модарро бинад. Ниҳоят ӯ ба 18 расид. Он рӯз ба худ омада дид, ки дар беморхона, рӯи кат хоб аст. Духтурон диданд, ки ҷавон ба ҳуш омад, зуд сардухтурро ҷеғ заданд.
Сардухтур аз саломатии ҷавон пурсон шуду баъдан коғазчаеро бароварда ба дасташ дод ва худ бадар рафт.
«Писарам, ҷону ҷигарам, зодрӯзат муборак! Умри дароз бинию бадавлат шавӣ. Ман ваъда дода будам, ки дар 18-солагиат ба ту туҳфа мекунам. Бидон, ки ба шарофати ҳамон туҳфа ту зиндаӣ! Аз хурдиат бемории қалб доштӣ. Духтурон ба зинда монданат боварӣ надоштанд. Ман хеле мехостам, ки ту зиндагӣ кунӣ. Ҳамон рӯз дили худро ба ту бахшидам. Алвидоъ, писарам, падаратро ҳурмату эҳтиром кун. Ман туро дӯст медорам».
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ХОМТОК
Ҳунарманди шаҳири тоҷик Туҳфа Фозилова имсол 100 – сола шуданд. Мо ҳамкорон бо унвонҳои баланд ва мақому мартабаи бузургаш, ӯро бо меҳр Туҳфа - ойтӣ мегуфтем. Он кас бо апа ва писараш Марат Орифов зиндагӣ мекарду ҳавлии зебову озодае дошт. Рӯйи ҳавлӣ чойлоби ангур доштанд, ки аз пешгоҳи хона то назди дарвоза тӯл мекашид. Боре ҳангоми баҳорон Туҳфа - ойтӣ аз ҳамкорон мепурсанд: «Кӣ ҳунари хомток кардан дорад, ангурҳои ҳавлии мо ҷангал шудаанд». Кадом «рӯхунуки бетутуруқ» (таъбири худи Туҳфа - ойтӣ) мегӯяд, ки ин кор аз дасти Ортиқ меояд. 
Баъди ҷамъомади ҳайати эҷодӣ ойтӣ ба ман муроҷиат карданд: «Ҳой «рӯхунук» мегӯянд зодгоҳи ту макони ангур асту ту худат дар миёни токзорҳо калон шудаӣ, ангурҳои ҳавлии маро хомток намекунӣ?!» Ҳарчанд дар умрам хомток накарда будам, вале ин хоҳиши Туҳфа - ойтиро рад карда натавонистам.
Чойлоб аз пешгоҳ то назди дарвозаи даромад баландтар мешуд. Аз ин рӯ, дар қисмати миёнаи он ба нардбони баланди оҳанине ниёз афтод, ки хеле сангин буд. Ман онро базӯр аз як ҷо ба ҷойи дигар кашола мекардаму ба болояш баромада бо шавқ токҳои сабзи чойлобро канда мепартофтам. Як замон Туҳфа - ойтӣ бо ҳайрату надомат фиғон бардошт: «Ҳой «рӯйхунук», охир ҳамаи токҳои ангурдорро кандаӣ ку?!» Ман аввал чи гуфтанамро надонистаму баъд сир бой надода гуфтам: «Ойтиҷон, токатон имсол ангури зиёд бастааст, агар ҳамин хел накунем, зӯраш барои пурра пазондани ҳосил намерасад. Барои ҳамин қисман токҳои ангурдорро кандан айни матлаб аст». Чунин ҷавоби «муттахасис»-и бедиплом Туҳфа - ойтии содадилро қонеъ кард, ки дигар чизе нагуфта, аз пайи кори худ шуд…
Акнун байни дӯстону ҳамкорон қиссаи хомтоки ман мавриди ҳазлу ханда қарор гирифт.
Ортиқ ҚОДИРОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


ПУЛИ МИЛЛӢ ВА ДОВТАЛАБ
Довталаб барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба ҳангоми супоридани  имтиҳон ҳуқуқи ворид намудани пули миллиро надорад. Ӯ чӣ  гуна бе пул аз хона то маконе, ки имтиҳон дар он ҷо сурат мегирад ва аз он ҷо чӣ тавр бозпас мегардад, пурсишест, ки бояд посухашро наҷӯем. Аммо ба пурсиши «чаро  вуруди пули миллӣ дар ин муддату ин макон мумкин нест?» посухҳо вуҷуд доранд. Ба андешаи бархе аз коршиносон имкони дар пул навиштани рақаму ишораҳои муҳим ба вуҷуд меояд. Ба ҷуз ин, дар пули миллӣ расми арбобони  барҷаста ва шинохтаи кишвар бо маълумотҳои асосӣ, яъне санаи тавлиду марги онҳо ҷой додаву сабт шудааст. Муҳимтар аз ин ҳама, дар пули миллӣ соли барориши онро навиштаанду як саволи имтиҳон ба он иртибот мегирад. Муаллифи шеъри «Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ӯро ёр бод» - ро аз пули миллӣ метавон пайдо кард. Расми мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ дар пули миллӣ кашида шудааст.
Бо вуҷуди ин ҳама, довталаб набояд аз ин гуна тасмими масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон андуҳгин бошад. Санаи барориши бархе аз пулҳо агар «соли 1999» нишон дода шуда бошад, дар баъзе аз пулҳои миллии мо дигар сана, аз ҷумла дар пули «3 (се) сомонӣ» довталаб «соли 2010» – ро мебинад. Яъне имкони ба ғалат роҳ додан  дар ин сурат вуҷуд дорад.
Ин ҳама бори  дигар насли наврасро бештар  водор месозад, ки дар бораи пули миллӣ маълумоти зиёду дурустро пеш аз қабули имтиҳон дошта бошад.
Абдулқодири РАҲИМ


АУЛ ЙОЗЕФ. ПАЙРАВ ВА ТОҶИКИСТОН
Аул Йозеф табиби чех, дар аввали Ҷанги якуми ҷаҳон (солҳои 1914 – 1918) ба Бухоро омада, чун табиб ба мардум хизмат мерасонад. Соли 1918 бо шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ шинос шуда, забони тоҷикиро аз ӯ меомӯзад. Баъди озод шудани Чехословакия аз асорати Олмони фашистӣ (соли 1945) Аул дар ташкили ҳифзи тандурустии кишвараш хизматҳои шоён кардааст. Аул Йозеф ба адабиёт низ шуғл дошта, асарҳои ӯ «Дар кишвари Темурланг» ва «Дарвеш дар биёбон» ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна бахшида шудаанд. Ҳангоми видоъ Пайрав Сулаймонӣ чанд шеъри худро ба Аул тақдим менамояд. Аул онҳоро ба забони чехӣ тарҷума намуда, ба табъ расондааст.
Адиб ва шарқшиноси чех Иржи Бечка дар мақолаи «Ёддошти як адиб ва олими чех аз дӯстӣ ва ҳамкории Аул Йозеф ва Пайрав Сулаймонӣ»  аз ин қисса ривоят мекунад.
Мирзои ФИРӮЗ


АСПОНИ МАШҲУР. АЗ БУТСИФАЛИ ИСКАНДАР ТО РАХШИ РУСТАМ
Олам аспони машҳурро зиёд дидааст. Агар як сабаби шуҳратёр шудани баъзе аз ин ҷонварон чобук, бодпо, тезҳуш ва хушзот будани худи онҳо бошад, омили дигар барои шуморе аз онҳо соҳибном будани савораҳояшон аст. Вагарна, чаро маҳз саманди онҳое, ки дар поён зикрашон хоҳад рафт, дар тазкираҳои таърихию адабӣ ҷой ёфта, номашон то замони мо омада расидаанду аспони одамони одӣ не?
Ҳамин тариқ, аспи паёмбар Муҳаммад (с) Буроқ ном дошт, аз Искандари Мақдунӣ Бутсифал, аз Хусрави Парвиз Шабдиз, аз Рустами Достон Рахш, аз Аваз – қаҳрамони эпоси «Гурғулӣ» Талон ва Қир.
Таҳияи Зокир ҲАСАН


9 ЗАН ИРОДАИ ҚАВӢ
(Идома аз «Шоми шанбе» - и гузашта)
Ин бор сухан аз заноне меравад, ки бо иродаи қавӣ тавонистанд ҳаёти худро тағйир дода, бо саъю кӯшишҳои пайваста қуллаҳои баландро тасхир кунанд.
Мария Складовская-Кюри
Ӯ дар таърих ягона зани олиме мебошад, ки ду маротиба сазовори ҷоизаи Нобел гаштааст. Ҳамроҳи ҳамсараш элементҳои кимиёвии радий ва полонийро кашф намуда, аввалин бонуе буд, ки дар Донишгоҳи Сорбони Фаронса ба сифати омӯзгор фаъолият мекард.

Вера Оболенская
Ашрофзодаи рус ва қаҳрамони ҳаракати озодихоҳии Фаронса мебошад. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби фашистон ба ҳабс гирифта шуд. Далерӣ ва ҷасурии ин бону фашистонро ба ҳайрат овард. Маҳз нотарсӣ ва матонати ӯ боис гашт, ки ҳазорҳо нафар бар зидди фашистони истилогар муборизаи беамон баранд.

Элеонора Рузвелт
Ҳамсари Президенти ИМА Франклин Рузвелт. Элеонора на танҳо дар рӯзномаҳо мақолаҳои проблемавӣ ба табъ мерасонд, балки ӯ дар фаъолияти сиёсии ҳамсараш ёрӣ мерасонд. Ӯ таъсисдиҳандаи СММ буда, дар таҳияи Эъломияи ҳуқуқи башар фаъолона ширкат варзидааст. Дар баробари ин, ҳаёти худро барои мубориза баҳри ба даст овардани озодии занон бахшидааст.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


ЯМЧУН: ҚАЛЪАИ АҶИБИ ТАЪРИХӢ
Охири ҳазорсолаи аввал дар Помири Ғарбӣ бинобар хавфи ҳуҷумҳои ҳарбӣ аз ҷониби ҳамсояҳо, сохтмони иморатҳои истеҳкомӣ оғоз мешаванд. Аввалини онҳо қалъаи Ямчун (Сиёҳпӯш, Кофирқалъа) мебошад, ки асри III то мелод дар соҳили рости дарёи  Панҷ, дар доманаи қаторкӯҳҳои Вахон бунёд ёфтааст. Он дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 176 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар километри 72 – юми деҳаи Ишкошим - назди деҳаи Ямчун, дар кӯҳпораи назди шохоби дарёи Панҷ – Ямчун ва Викхут ҷой гирифтааст. Қалъа шакли секунҷаро дорад.  Асоси он рӯ ба водӣ дошта, аз се қисм иборат аст:  арк, ду майдони бо деворҳои мустаҳкам иҳотаёфта ва 36 манораи росткунҷаву гирдшакл бо ҷойҳои тиркашӣ. Ҳангоми хавфи ҳуҷум дар қалъа миқдори зиёди одамон метавонистанд паноҳ баранд.
Деворҳои иморат пойдевор надошта, аз сангҳои дақиқкорона коркардшуда чида шудаанд. Баландии умумии деворҳо 3 ва паҳнояшон 1,5 метр мебошад. Деворҳои қалъа дуқабатаанд. Қабати берунӣ бо паҳноии то ду метр ё пурра бо санг ё аз санг дар қисмати поёнӣ ва аз хишти хом дар қисмати болоӣ чида шудааст. Деворҳои дарунӣ ҳамагӣ 50 - 60 сантиметрианд. Таҳкурсии деворҳо ва бурҷҳо аз сангу гил ва деворҳои асосӣ аз хишти хом сохта шудаанд. Дар майдончаи поёнӣ 40 манор ҷойгир аст. Бисёри манораҳо на танҳо аз қисмати берунӣ, балки аз тарафи дохилӣ ҳам бо тиркашҳо муҷаҳҳазанд, ки қобилияти муҳофизатии манораҳо ва тамоми қалъаро нисбатан баланд мекарданд. Қалъа бо андозаи худ бинандаро ба ҳайрат меорад. Масоҳати он 470 х 775 метр мебошад. Ҷамъи мардумро аз душман муҳофизат намуда, дорои имкони назорати ҳаракати ҷараёни одамон ва борҳо аз Помир ба Бохтари қадим (Тохаристон) ва минбаъд ба Ҳиндустону Эрон буд.
Ҳоло қалъа мавзеи аҷибе мебошад, ки дар худ таърихи чандҳазораи ниёконро маҳфуз медорад. Ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёде аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон ба ин ҷо ҷамъ меоянд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ОРЗУ
     Математик:
-   Ман ҳанӯз ҳам он рӯзҳоеро интизорам, ки ҳалли муодилаҳои беохири математикӣ дар зиндагии воқеиям ба кор ояд.

НАҒМА
Ҷамъи математикҳо дар қаҳвахона:
Якумӣ мегӯяд: «Ба ман як стакон қаҳва диҳед». Дувумӣ: «Ба ман ним стакон». Сеюмӣ: «Ба ман аз чор як ҳисса». Чорумӣ: «Ба ман аз ҳашт як ҳисса…».
Фурӯшанда:
- Истед, истед! Ман нағмабозиҳои шуморо медонам, яъне ду стакон ба ҳамаатон.
Тарҷумаи Лола РИЗОЕВА


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
НАҚШҲО ДАР БИЁБОНИ НАСК
Суратҳои пурасрори саҳрои доманфарохи Наски Перу асари санъати бузургҳаҷмтарин дар дунё ба ҳисоб мераванд, ҳамчунин асрори онҳо чун эъҷозкории одам то ба имрӯз зери пардаҳост. Ва то соли 1939, то даме, ки сарнишинҳои ҳавопаймои хурд онҳоро надиданд, аз чашми одамӣ пинҳон буданд. Ин кашфиёт шавқи зиёдеро барангехт. Барои таҳқиқ аз донишгоҳи Лонг Айленде (ИМА) ба Перу бостоншинос Пол Косок раҳсипор гашт. Вай ҳангоми парвози чандкарата бо ҳавопаймо дақиқ кард, ки он сурати бузурги парандаест, ки аз замин шакли пуррааш дида намешавад, онро танҳо аз осмон дидан метавон. Ин расмро чӣ тавр кашидан мумкин буд? 
Косок водиро омӯхт ва тарҳи тортанаки бузургеро ёфт, ки аз паси он дигар суратҳои зиёди ҳайвонот ва шаклҳои ҳандасавӣ пайдарҳам меомаданд.
Соли 1946 Косок қайдҳояшро ба доктори илми риёзӣ Мария Райх, олими немис, ки ба таҳқиқи эҷодиёти даврони куҳан машғул буд, супурд. Мария Райх тани танҳо солҳо дар биёбони Наск машғули омӯзиш шуд, ҳар як сурату нақшҳои ҳандасавиро аз арзу тӯл ба варақҳо бардошт. Чи тавре ки ӯ муқаррар намуд, суратҳо ба таври одӣ тасвир шудаанд, яъне дар рӯи хоки зардранг хатҳо кашида ба рӯи онҳо сангҳои сиёҳтоб чидаанд. Лоиҳа басо мураккаб буд. Нақшҳо чунон дақиқ ҷо ба ҷо шудаанд, ки гӯё олимони онро сохта академики соҳаи риёзӣ бошанд. 
Ба суратҳои Наск ҷӯяндагони пайи намояндагони сайёраи ношинос Эрих фон Деникен ва дигарон шуҳрат оварданд. Биёбон ҳамчун космодроми даврони қадим эълон шуд. Суратҳоро аломатҳои киштиронӣ барои сарнишинҳои киштиҳои кайҳонии омадагон мепиндоштанд. Дигарон мегуфтанд, ки расмҳои биёбон харитаи осмони пурситора аст ва дар ин водии бегиёҳ кадом замоне расадхонаи бузурге қомат афрохта будааст.
Мария бовар дорад, ки онҳо бо асрори даврони қадим рӯ ба рӯянд: «Нақшҳо хеле бузург, суратҳои ҳайвонот басо дақиқ. Сирри кашидани онҳо барои мо торик монд. Шояд мардуми замони пеш асбобҳои парвозкунанда ҳам доштанд».
Маҳз ҳаминро мехост Билл Спорер, резиденти ИМА дар Перу, узви Ҷамъияти байналмилалии таҳқиқотӣ, исбот намояд. Ӯ мегуфт, одамоне, ки ин нақшҳоро сохтаанд, шояд авлодони ду халқияти маъруфи Паракас ва Наск бошанд, ки дар давраи пеш ва баъди эраи мо бо кишоварзӣ, кулолӣ ва матоъбофӣ машғул буданд. Спорер як порча матои аз қабри куҳнаи ин ҷо  ёфтаро зери микроскоп санҷид ва ба хулосае омад, ки он аз матои абрешимии имрӯза, ки барои парашут истифода мешавад, мураккабтар ва бадошттар будааст. Ҳамчунин, дар матоъҳо одамони парвозкунанда нақш шуда буданд. Дар рӯи кӯзаҳои гилӣ суратҳое кашидаанд, ки монанд ба кураҳои ҳавоӣ ва бодпаракҳо мебошанд.
Суратҳои биёбони Перу яке аз аҷоиботи олам ба ҳисоб мераванд, аммо дар худ бисёр асрор доранд, ки шояд дар оянда боз шаванд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҲИКМАТҲО
Аз душманоне, ки рӯи рост дармеафтанд, наҳаросед. Аз дӯстоне тарсед, ки ба шумо дурӯғ мегӯянд.
* * *
Яке аз роҳҳои пайдо намудани хушбахтӣ ин аст, ки шумо бояд идора кардани афкори худро омӯзед. Зеро хушбахтӣ аз олами берунаву шароитҳои он вобаста нест, балки ба низоми ботинии ҳар як шахс бастагӣ дорад.
* * *
Танқид мисли кабӯтари хаткаш аст: ҳар куҷое парвоз кунад, ҳатман бармегардад.
* * *
Фаромӯш накунед: то ҳол касе аз бехобӣ намурдааст. Ташвиши аз ҳад зиёд аз бехобӣ зиёновартар аз худи бехобист.
                                                                                                                                                                                              Дейл КАРНЕГИ
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


МУАММО
Калимаҳои “бон” (“бобон”), “соро” ва “манд” бо ҳам чӣ алоқамандӣ доранд ва ба чӣ модда тавъаманд? Ин модда чӣ ном дорад, чӣ гуна ва дар кадом ҳолат ба вуҷуд меояд? Он моддаро дар кадом соҳаҳо истифода мебаранд?
Агар ба муаммо ҷавоб ёфтед, ҳамчун далел ду – се ибора ё ду мисраъ  мисол биёред.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


ТАЪРИХИ ЯК МУҲОРИБАИ ПУРҶАНҶОЛ
20 сол муқаддам дар олами  бокс муҳорибаи пурҷанҷоле ба амал омад ва он дар дидори қусурбарории бохт миёни Майк Тайсону Эвандер Холифилд 28 июни соли 1977 дар Лас-Вегас (ИМА) рух дод, ки чун ҳодисаи ҳузнангез  дар таърихи ин намуди варзиш боқӣ хоҳад монд.
Дар раунди сеюми зӯрозмоӣ бо Эвандер қаҳрамони фарзияҳои гуногуни мусобиқоти байналмилалӣ Майк Тайсон худро дошта натавонист ва гӯши рости Холифилдро газид ва баъд аз он ӯро аз пушти сар тела дод. Довар ин ҳолатро нодида гирифт ва зӯрозмоиро манъ накард, вале баъди чанд сонияи дигар Тайсон боз гӯши чапи рақибро газид. Занозанӣ шурӯъ шуд. Пас аз чанд дақиқа муҳофизон ҳар ду боксгарро ором намуданд. Ба ин амали нораво Холифилд, ки дастони Тайсонро дошта, бо сараш ӯро зад, сабаб гардид.
Тайсон «самара» - и амали ғайриварзишиашро чашид. Ӯро ба муддати ду сол аз иштирок дар муҳорибаҳои муштзанон маҳрум, литсензияи боксгариашро бекор ва се миллион доллар ҷарима намуданд.
Майк Тайсон бо чунин рафтор на танҳо қусури бохташро натавонист аз Энвандер бигирад, балки он боиси таназзули корномаи боксгариаш гардид.
Ҳамин тавр, бо гузашти аём корномаи бузургу маъруфи муштзании Тайсон бо се бохт аз боксгарони начандон маъруф Леннокс Люс, Денни Уилямс ва Кевин Макбрайд ғамангезона ба анҷом расид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АЗ КАНАДАИ СЕРКӮЛ ТО ЛУБНОНИ БЕОБ
Канада мамлакатест, ки аз ҳисоби миқдори кӯлҳо дар ҷаҳон чойи аввалро ишғол менамояд. 60 дарсади  ҳамаи кӯлҳои дунё дар ҳудуди Канада ҷойгир шуда, миқдори онҳо зиёда аз 3000000 – ро ташкил медиҳад.  Масоҳати кӯлҳо дар маҷмӯъ 900000 километри  мураббаъ буда, ба 9 дарсади  масоҳати умумии Канада баробар аст.
Аз ҳама мамлакати хушктарин дар ҷаҳон Лубнон (Ливия) мебошад. Қариб 99 дарсади масоҳати онро биёбон ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои  Лубнон даҳсолаҳо борон намеборад.
Истанбул (Туркия) дар ҷаҳон ягона шаҳрест, ки дар ду қитъаи олам: Аврупо ва Осиё доман паҳн кардааст.
Зичии  аҳолӣ дар Ҷумҳурии Муғулистон хеле кам  мебошад. Он тақрибан дар 1,5 километри мураббаъ  ба 4 нафар баробар аст.
Антрактида ягона қитъаест, ки ба ягон мамлакат вобастагӣ надорад. 90 дарсади яхҳои ҷаҳон дар Антрактида ҷойгир буда,  70 дарсади обҳои ширини сайёраи моро ташкил медиҳанд.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


АНТИСАНЪАТ - ИН САНЪАТ?
20 сол боз осорхонаи аҷибу ғарибе дар шаҳри Бостон таъсис ёфтааст, ки  ҳамагонро бо «намояҳояш» ба ҳайрат меорад. Дар ин осорхона аз тамоми гӯшаву канори олам мусаввараҳое гирд оварда шудаанд, ки аз тарафи коршиносон чун намунаи бадтарини наққошӣ дар санъати тасвирӣ эътироф шудаанд.
Осорхонаро дӯстдори молҳои антиқӣ Скотт Уилсон таъсис додааст. Уилсон боре  ҳангоми сайру гашт дар яке аз қуттиҳои партов  мусаввараеро дучор меояд, ки бо сифати баду сужаи хандаовараш диққаташро ҷалб менамояд.  Ӯ ин расмро ба назди дӯстонаш барои намоиш ва масхара мебарад. Ғайричашмдошт дар мулоқот пешниҳод мешавад, ки Уилсон барои ҷамъ  намудани чунин ангораҳои аҷиб  метавонад осорхона ташкил намояд.  Ҳамин тавр, аввалин намоиши мусаввараҳо соли 1993 дар хонаи Уилсон мавриди тамошо қарор гирифт. 
Айни ҳол, се филиали калони ин осорхона дар ИМА фаъолият карда истодаанд, ки тамошогарони ҳамешагии худро низ доранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 430

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед