logo

иҷтимоиёт

ГАНҶИ НОДИР. БОЗ ДАР БОРАИ САРИ ХОСОР

- Сари Хосор аз ганҷҳои нодири табиати зебои Тоҷикистон аст, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода. Дар ҳақиқат, макони беҳтарин барои фароғату саёҳат аст, манзараҳои Шар – шараи Пушти Боғ, Ҳазрати Шоҳи Лангар, Оби Гӯгирд, Чинори муъҷизаноки Дашторо ва боғу чаманистонҳои табиӣ ҳар бинандаро мафтун месозанд.

Бо назардошти табиати нодиру нотакрор, обу ҳавои тозаю шифобахш доштани ин мавзеи таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 марти соли 2011 (№ 125) дар бораи дар мавзеи зебоманзари Сари Хосор бунёд намудани муассисаи давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ қарор қабул кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории худ ба Сари Хосор ба бунёди ин муассиса санги асос гузоштанд. Мувофиқи лоиҳаи сохтмон бояд дар ин ҷо 9 бино, аз ҷумла 2 табобатӣ, 2 маъмурӣ, як хӯроктайёркунӣ ва 4 хобгоҳ сохта шавад. Муассисаи давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ барои 150 кат, аз ҷумла 100 кат барои пиронсолон ва 50 кат барои кӯдакону маъюбон, пешбинӣ шудааст. Баъди пурра ба фаъолият пардохтани муассиса 165 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Моҳи апрели соли 2012 як бинои муассиса ба истифода дода шуд ва ҳоло дар ин ҷо ба ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонда мешавад. Ду бино охири соли 2017 ва биноҳои дигар соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Фаъолияти марказ мавсимӣ буда, ҳар сол аз моҳи май то декабр дар шаш даври 21 – рӯзӣ идома меёбад. Дар ҳар баст 10 кӯдак бо ҳамроҳии яке аз волидон ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта мешавад.
Дар марказ кӯдакони аз 3 то 16 - сола, ки ба бемориҳои фалаҷи майнаи сар, фалаҷи дасту пой, оқибатҳои осеби баъд аз таваллуд ва баъд аз бемориҳои сироятии майнаи сар ё норасоии нутқ гирифторанд, табобат меёбанд.
Раҳмоналӣ Ғиёсов иброз дошт, ки ҳоло дар марказ тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст. Ягона мушкил набудани роҳи дурусти автомобилгард мебошад. Сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор соли 2010 аз тарафи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ  оғоз гардид, вале мутаассифона, то имрӯз анҷоми он кашол меёбад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 488

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед