logo

фарҳанг

ФАЛСАФА НАБОЯД ИЛМИ ДУЮМДАРАҶА БОШАД

Фалсафа се вазифаи муҳим дорад: ҳамчун илм хизмат мекунад, барои илмҳо усули пажӯҳиш омода месозад ва ҳамчун танзимгари ҷаҳонбинии инсон эътироф шудааст. Дар ин росто, маориф низ ба доираи баҳси фалсафа кашида мешавад ва омӯзиши дурусту ростини ин илм дар донишгоҳҳо таҷдиди назар мехоҳад. Аз ин сабаб, барои арзишдоварии ҷойгоҳи фалсафа дар системаи маориф суҳбате дош-тем бо Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҳоло маориф барои ҷомеаи Тоҷикистон дар радифи соҳаҳои арзишманду аввалия қарор дорад. Нахуст мавқеъ ва зарурияти фалсафаро дар системаи таълиму тарбия, ки аз тарафи маориф ба роҳ монда мешавад, мушаххас менамудед.
- Маориф яке аз институтҳои муҳими иҷтимоист, ки дар муқоиса бо институтҳои дигар аҳамияти бештарро дорост. Ба ҳамагон маълум аст, ки масъалаи инкишофу ташаккули табиати инсон дар якҷоягӣ бо оила аз фаъолияти маориф вобастагии зич дорад.  Зеро тарбияву таълими инсон корест, ки аз он ҳеҷ фаъолияте муҳимтар нахоҳад буд. Аз як тараф, субъекти маориф худи инсон аст, аз тарафи дигар ба камол расондани чунин субъект ҳадаф ва вазифаи аввалиндараҷаи маориф маҳсуб меёбад. Аз сабабе ки таълиму тарбия ду амали мураккаби бо ҳамдигар вобастаанд ва арзишгузории ҳаматарафаро тақозо доранд, чунин арзишгузорӣ аз чорчӯбаи илмҳои ҷудогона, масалан педагогика, психология ва ғайра берун аст, чунин илми арзишгузор танҳо фалсафа дар симои антропология ё худ инсоншиносӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, танҳо бо меъёрҳои фалсафӣ набзи инсонофарии маорифро месанҷанд. Ба ақидаи файласуфи номвар, асосгузори фалсафаи классикии Олмон Иммануил Кант, барои зиндагии инсон дар ҷамъият мавҷуд будани чаҳор илм дар донишгоҳҳо ҳатмӣ ва зарурист. Вақте ки инсон таваллуд мешавад, то ба аё-ми пирӣ ниёз ба саломатӣ дорад, пас мавҷуд будани илми тиб зарур аст. Азбаски дар ҷамъият шахсони ҷаҳонбинӣ ва ахлоқашон гуногун зиндагӣ мекунанд, дар байни одамон низоҳои гуногун пайдо шуда, хавфи поймол шудани ҳуқуқи ҳамдигарӣ ба вуҷуд меояд, бинобар ин, илми ҳуқуқшиносӣ бояд пойдор бошад.
Синну соли инсон, ки ба ҷое расид ва омадани марг ногузир гашт, инсонро на илми тиб ва на ҳуқуқ аз марг наҷот нахоҳанд дод ва умеди инсон ба шахси рӯҳонӣ равона мегардад. Бо ибораи дигар, дуои наҷотро аз забони шахси рӯҳонӣ интизор аст ва ин дуо инсонро ба олами метофизикӣ ҳидоят мекунад. Пас дар донишгоҳҳо бояд факултаи теология (диншиносӣ) ҷой дошта бошад, ки иқдомҳои нахустини он аллакай дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодаанд.
Ҳар се илми номбурда дар чорчӯбаи назария ва амалияи худ метавонанд аз ҳақиқат ва мантиқ гоҳо берун оянд ва ба иштибоҳе роҳ диҳанд. Дар ин маврид фалсафа ҳамчун илми арзишгузор ва танзимгари илмҳои муҳими Кант таъкиддошта мавқеи бештарро касб мекунад. Дар навабати худ фалсафа набояд зери таъсири илми дигаре бимонад, хизматгори ягон идеологияи ҷудогона бошад. Ин аст, ки фалсафа дар системаи таснифи илмҳо (табиатшиносӣ, гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ) намегунҷад. Хусусияти дигари ин илм офаридани усули таҳқиқоти илмӣ барои ҳама самтҳои илмӣ буда, ҳамзамон вазифаи маърифатӣ ва ҷаҳонбиниро низ ба уҳда дорад.
Аз суханони дар боло зикршуда мақоми фалсафаро дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ пай бурдан мумкин.

- Имрӯз дар ҷомеаи мо фалсафа чун илми алоҳида, арзишгузор ва ҷаҳонбиниофар аз чӣ мавқею манзалат бархӯрдор аст?
- Аввал бояд бигӯям, ки файласуфон орзуманди эҳёи нуфузу эътибори классикии фалсафа дар ҷамъияти муосир ҳастанд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ фалсафа бо вуҷуди дар доираи идеологияи коммунистӣ маҳдуд будан, ба ҳар ҳол, нуфузаш хеле устувор ва мақомаш баланд буд. Аввал, дар ҳама донишгоҳҳо соатҳои муайяни дарси фалсафа ҷой доштанд. Дувум, пеш аз хатми донишгоҳ донишҷӯён имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа месупурданд. Зеро он усули таҳқиқи илмиро баррасӣ намуда, дараҷаи ташаккули тафаккури хатмкунандаро муайян мекунад ва омӯзгор ҳангоми имтиҳон аз шакли ҷаҳонбинии донишҷӯ бохабар мешавад. Чунин санҷишро на илмҳои табиатшиносию гуманитарӣ ва на иҷтимоию техникӣ гузаронда метавонанд. Аз ин рӯ, имтиҳони давлатӣ аз фанни фалсафа бояд ҳатмӣ бошад. Бо ҳадафи он ки мутахассисони оянда, яъне файласуфон ҳамчун «файласуф» ба воя расанд, бояд ҳангоми ба факултаи фалсафа дохил шуданашон талабот ба дониши онҳо аз ихтисосҳои тиб, иқтисодиёт, ҳуқуқ камтар набошад.

-  Таъсири фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон…
- Ҷамъияти мо кӯшиш мекунад, ки ҷавонон ҷаҳонбинии илмӣ, қобилияти арзишгузории фарҳангро дошта бошанд, то ки ба гурӯҳҳои ифротгаро напайванданд ва роҳи дурустро аз нодуруст ташхис дода тавонанд. Чунин вазифаро дар донишгоҳҳо илми фалсафа ба ҷо меорад. Арзиши фарҳанг ва илмро на дин, балки фалсафа муайян месозад. Аз ин рӯ, ба шакли ҷаҳонбинии ҷавонон аз нигоҳи фалсафӣ баҳо доданро омӯзгорони ҳамаи фанҳо низ биомӯзанд, ба манфиати кор мебуд.
Таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам маҳз ба масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас нигаронда шудааст. Дар вохӯрии имсолаи Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар бори дигар таъкид гашт, ки насли имрӯза ба ҳар падидаву ҳодиса бояд бо назари таҳқиқ нигариста, илму донишро бар эҳсосу хулосаҳои беасос авлавият диҳанд. Дар маҷмӯъ кӯшиши Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки тафаккури ходимони соҳаҳои мухталифи ҷамъиятро ба созандагӣ, эҷодкорӣ баҳри халқу Ватан бедор созад ва некуаҳволии мардумро таъмин намояд.
Суҳбаторо
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 740

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед