фарҳанг
Муборак бод, Бузургмеҳр!
Бузургмеҳри Баҳодур, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Ӯ, воқеан, на танҳо дар ҷодаи рӯзноманигорӣ, балки дар шоирӣ роҳрави огоҳу муваффақ буда, аз эҷодкорони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Бо навиштаҳои ҷолибу хонданияш саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда бигирад.
Бузургмеҳр, хабарнигору шоири бисёр ҷавон, ояндаи неку дурахшон дорад. Инро фаъолияти пурсамар, муносибати ҷиддӣ ба кору пеша ва муоширати некаш ба одамон рӯшан собит месозад.
Бо шодмонӣ аз ин дастоварди ҳамкори гиромии мо Бузургмеҳри Баҳодур, ки дастоварди «Ҷумҳурият» низ ҳаст, ба ӯ боз комёбиҳои бештару беҳтарро таманно мекунем.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2017 №: 142 Мутолиа карданд: 787