logo

фарҳанг

ЧУНИН МАҲБУБУ ХОНДАНӢ БИМОНАД

«Ҷумҳурият» рӯзномаест, ки ман онро дӯст, балки бисёр дӯст медорам. Воқеан, бояд ҳамин хел ҳам бошад. Дар он қариб тамоми мавзӯъ, масъалаҳои мубраму ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун бо ибрози андешаҳои дуруст ба хотири пешрафти бештари ҷомеа маслиҳатҳои судбахш медиҳанд. Дар навбати худ мо низ ба ин маслиҳатҳо ниёз дорем.
Матлабҳои рӯзнома - ҳар кадом хонданию ҷолибу омӯхтанӣ мебошад. Саҳифаи истироҳатию фароғатии «Шоми шанбе» пайваста зебову пурмуҳтаво аст. Матлабҳои хурди он бори маънии зиёдро мекашанд ва дар худшиносии инсонҳову пешрафти ҷомеа таъсири нек мегузоранд.
Рӯзнома ба масъалаи ахлоқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, ки он басо муҳим арзёбӣ мегардад. Воқеан, ҷомеа ба ин масъалаи асосӣ диққати махсус надиҳад, маҳол аст, ки ба дастовардҳои бузург ноил бишавем.
Панҷ бор ба табъ расидани рӯзнома дар ин шабу рӯзи буҳронӣ ҳаргиз осон нест. Дар кишвари мо танҳо ҳамин рӯзнома ҳафтае панҷ бор бо теъдоди зиёд ба нашр ва ба дасти хонандагон мерасад. Расидани ҳар шумораи онро ба бесабрӣ интизор мешавам. Дилпур ҳастам, ки матолиби муҳиму хонданиро аз он пайдо карда метавонам. Чашмам ҳангоми мутолиа ба номҳои шахсиятҳои маъруфи илму адабу сиёсат ва хабарнигорони ин нашрия бармехӯраду шод мегардам. Бархе аз ин номҳо наванд. Бо мутолиаи матлабашон итминон ҳосил мекунам, ки беҳтарин анъанаҳои рӯзнома ба хубӣ идома ёфта истодааст ва дари мактаби бузургаш барои ҳамаи алоқамандон боз мебошад.
Дастовардҳои бузурги «Ҷумҳурият» - ро, барои ҳамаи ихлосмандонашу кормандонаш бо самимияти хос ва меҳру муҳаббати бепоён табрик мегӯям. Таманно мекунам, ки он ҳамеша чунин маҳбубу хонданӣ бошаду дар худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, пойдории миллату давлат ҳамин гуна хидмати арзанда бинамояд.
Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ,
собиқадори меҳнат, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 329

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед