logo

иқтисод

КАРТОШКА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Тайи чанд соли охир тавассути тадбирҳои судманди роҳандозӣ намудаи Ҳукумати кишвар воридоти нони дувум – картошка ба ҷумҳурӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш ёфта, истеҳсоли худии он ду -  се маротиба афзуд. Ба назар мерасад, ки давоми даҳсолаи охир дар  сар то сари ҷумҳурӣ соҳаи картошкапарварӣ рушд ёфта,  майдони кишти он рӯ ба афзудан аст. Вале дар ин самт ҳанӯз проблемаҳо зиёданд ва ҳалли таъҷилиро тақозо доранд.

Картошка зироатест, ки бо вуҷуди харҷу заҳмати зиёд  доштани кишту коркардаш ба хоҷагидор даромади хуб меорад. Ба ғайр аз мавзеъҳои кӯҳистон дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ ин зироатро ду маротиба шинонда, аз он ҳосили дилхоҳ гирифтан имкон дорад.  Аз ин таҷриба дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷанубӣ-шарқии мамлакат истифода бурда истодаанд, аммо ба таври бояду шояд не. Чунончи,  тибқи маълумоти раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи июл ҳамагӣ дар 24 гектар кишти такрории картошка анҷом дода шудааст, ки нисбат ба имкониятҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ хеле кам аст. Деҳқонони зиёдеро ёд дорам, ки ҳар сол дар ду – се ҷӯяк картошкаи тухмии навъи  Русия шинонда, нағз нигоҳубин мекарданд. Ҳангоми ҳосилғундорӣ лундаҳои калонро барои хӯрдан ва ё фурӯхтан ҷудо намуда, аз тухм хурдашро дар як ҷо ҷамъ меоварданд.  Баъди  ду – се рӯзи дар даруни қум нигоҳ доштан боз онро дар порчаи дигари қитъаи замини  наздиҳавлӣ мешинонданд. Дар тирамоҳ аз он кишта ҳам ҳосили хуб ба даст меоварданд. Вале соли дигар аз тухмии нав истифода мебурданд.
Мутаассифона, ҳоло сафи  картошкакорон зиёду самари   парвариши ин зироат бо вуҷуди меҳнати вазнин ва харҷи бисёр кам гардидааст. Имсол на дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  инфиродии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  аз кишти асосии картошка ҳосили дилхоҳ ба даст оварда тавонистанд. Хоҷагидор Б. М. 3 халта картошкаи тухмӣ истифода карда, ҳамагӣ 2,5 халта ҳосил гирифта, аз фаъолияти имсолааш пушаймон аст. Дигар картошкакорон низ аз нашудани ҳосил хисорот дидаанд.
Аммо аз рӯйи ҳисоботи  раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, гӯё сол барои кишоварзон хеле соли бобарор аст. Дар ҷумҳурӣ дар 22314 гектар замин картошка шинондаанд, ки аз соли гузашта 6 гектар зиёд мебошад. То 3 июли соли равон ҳосили 3440 гектарро ҷамъоварӣ карда, 71971 тонна маҳсулот ғундошта шудааст. Тибқи ҳисобот ҳосили умумии ҷамъоварда нисбат ба соли 2016 – ум 996 тонна зиёд аст, аммо дар бозорҳои  кишвар фаровонии картошкаи ватанӣ эҳсос намешавад. Аллакай арзиши ҳар килои он   то ба 5 сомонӣ баланд шуда, то ҳосили тирамоҳ чӣ қадар  афзудани он номаълум аст.
Ҳосили соли 2016, ки барои соли ҷорӣ заминаи асосист, ҳамагӣ 898095 тоннаро ташкил дода буд. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон ин миқдор ҳосил барои аҳолии ҷумҳурӣ барои тамоми сол басанда мебошад. Вале тавре ҳақиқати ҳол нишон дод, ҳосили порсола  то ҳосили нав нарасид ва камчинии картошка ҳамаро безобита намуд. Масъулони вазорату идораҳо хунукиҳои зимистони имсоларо, ки аз минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ ба шаҳрҳои калон интиқол додани картошка ва  коҳиш ёфтани воридоти он аз хориҷро баҳонаи асосӣ нишон доданд.  Аммо ақидаи дигар низ аст, ки  асоси ба вуҷуд омадани камбуду норасоиҳо дар таъмини картошкаи аҳолии ҷумҳурӣ  ташкили нодурусти нигоҳдорӣ ва ба аҳолӣ пешкаш кардани он мебошад. Ҳазору ду ҳазор тонна картошка ва дигар сабзавоте, ки Иттифоқи “Тоҷикматлубот”,  Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маъмурияти бозорҳо дар мавсим захира мекунанд, ба касе намерасад. Бояд миқдори сардхонаҳо ва яхдонҳои нигоҳдории картошкаю сабзавотро зиёд кунем.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон  13 майи соли равон дар ноҳияи Данғара  таъкид намуданд: “Зимистони гузашта дар бозори дохилӣ картошкаи истеҳсоли ватанӣ камёфт шуда, нархи он то 4 сомонӣ боло рафта, нархи помидор ба 25 сомонӣ ва бодиринг ба 20 сомонӣ расид. Маълум мегардад, ки сардхонаҳо ва анборҳои захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мақсаднок истифода намешаванд.
Бинобар ин, роҳбарони вилоятҳо ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳозир сар карда, барои таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистони солҳои 2017 - 2018 ва содироти қисми зиёдатии он ба хориҷи кишвар, инчунин, ҷиҳати захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия доир ба бунёди сардхонаву анборҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд”.
Баробари мушкили зикршуда дар ҷумҳурии мо ниҳоят камфаъолиятии  хоҷагиҳои ҷамоавӣ ба коҳиш ёфтани истеҳсоли ин маҳсулот сабаб шудааст. Истеҳсолоти ин хоҷагиҳо  ночиз мебошад. Масалан, КВД тухмипарварии ба номи А. Назирови ноҳияи Файзобод, ки хоҷагии махсуси картошкакорист, аз уҳдаи киштукори картошка набаромада, заминҳоро пурра ба иҷора додааст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ 7,3 дарсад, деҳқонӣ 49,9 ва  хоҷагиҳои деҳқонӣ 42,8 дарсад аст.  Агар истеҳсоли картошкаро ба минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим намоем, ба ВМКБ 9,7, Суғд 38,4, Хатлон 27,3  ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 28,6 дарсад рост меояд.
Аз ҷониби дигар, бо сабаби кам будани тухмии худӣ  картошка зироати серхарҷ гаштааст ва  ба васеъ намудани майдони кишти он қудрати ҳамаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ намерасад. Мувофиқи ҳисобҳо соли равон 90 дарсади тухмиҳои истифодашуда истеҳсоли  хориҷӣ буданд. Аксари  кишоварзон бобати аз тарафи олимону селексионерони ҷумҳурӣ ихтироъ шудани чанд навъи картошка  бехабаранд ва  онҳоро  дастрас ҳам карда наметавонанд. Дар чунин ҳолат, ки парвариши картошка харҷи зиёд дар пай дорад, ҳавасманд сохтани деҳқонон ба ин шуғл ва арзонии зироати номбурда имконнопазир аст. Тухмии хориҷӣ,  ки дар киштзори мо ҳукмрон аст, ба шароити маҳалҳо сад дар сад мувофиқ нест. Деҳқонони ботаҷриба мегӯянд, ки аз тухмии истеҳсоли хориҷӣ тухмӣ гирифта намешавад. Онро бо нархи гарон харида, ҳамагӣ як сол самар гирифтан мумкин.  Пас чӣ бояд кард?  Ба мушкилоти деҳқонони ҷумҳурӣ кӣ посухи дуруст дода метавонад?
Боз рӯ меоварем, ба ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ.  Давоми  нимсолаи гузашта кишоварзони  вилояти Хатлон  66765,  Суғд 2379 ва  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  2827 тонна картошкаи барвақтӣ  ҷамъоварӣ кардаанд.  Агар талаботи якмоҳаи аҳолии кишвар қариб 75 ҳазор тонна картошка бошад, пас ҳосили ғундошта ба як моҳ мерасаду халос. Аз нишондодҳо бармеояд, ки  натиҷаи нимсолаи картошкапарварон талаботи аҳолиро қонеъ гардонда натавониста истодааст.
Мирзои Фирӯз, “Ҷумҳурият”

АЗ ИДОРА. Дар мақола на ҳамаи проблемаҳои мавҷуда ба қалам дода шудаанд. Рӯзнома андешаҳои мутахассисон ва деҳқонони ба киштукори картошка сарукордоштаро ба табъ мерасонад, то масъала ҳалли дурусти худро ёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 630

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед