logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТ БА КАСБ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ

Матлаби Гулнисо Неъматова – корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ – клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйро, ки 13 марти соли 2017 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд, бо шавқи зиёд мутолиа намудам. Иқрор мешавам, он маро водор сохт, ки дар иҷрои рисолати инсонӣ ва касбӣ бештару беҳтар масъулият эҳсос бикунам.
Воқеан, касбе, ки мо – хоҳарони шафқат интихоб намудем, агарчи мушкил аст, аммо пуршарафу пурифтихор низ мебошад. Ин касбро пешиниён машҳуру дӯстдоштанӣ карданд. Чӣ гуна? Албатта, бо хидмати софдилона, меҳру муҳаббат ва шафқати беандоза. Бемор аз табиб ҳаминро хоҳон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ барҳақ иброз доштанд, ки «миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад». Зимни шарҳу баёни моҳияти ин суханони пурҳикмат Дилшод Давлатов, муовини директори Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ (ҳоло директори озмоишгоҳи миллии референсӣ), таъкид мекард, ки танҳо туфайли муҳаббат ва шинохти масъулияти касбӣ метавон ба натиҷаи дилхоҳ расид. Ҳамчунин, ба ҳидоят иброз медошт, ки аз хусусияти касбии мо – хоҳарони шафқат аст, ки барои дигарон бояд бизием, аммо он дар асл барои худ зистан аст.
Барҳақ, ин марди ба тамоми ҳастӣ дӯстдори касби худ шуълаҳои меҳри ин ихтисоси пешакардаро дар дили мо  - навхатмкунандагони коллеҷҳои тиббӣ афрӯхт. Падарона насиҳатамон мекард, ки дар омӯзиш, андӯхтани таҷрибаи пешқадам ҳеҷ гоҳ қонеъ набошем. Аз таъкидҳои ӯ аст, ки ба покизагии зоҳиру ботин бояд махсус аҳамият бидиҳем. Мегуфт, ки бо бемор тозарӯй ва хушсухан бошем. Аз ҳидоятҳои ӯ буд, ки беморро бо ҳамроҳии табиб метавон бо сухани хуш ва умедворкунанда ба шифои комил ёфтанаш табобат намуд.
Вақте мо аз рӯи ин тавсия бештару беҳтар амал мекардем, ба мушоҳида мерасид, ки бемор рӯҳу неруи тоза меёбад. Ин ҳама дар навбати худ моро шод мекард.
Дар муолиҷаи бемор шарти амонат ва ростиро низ бо таъкид ёдовар мешуд. Пас аз шарҳу тавзеҳи он мегуфт, ки ин панду раҳнамоии Буқротро ҳеҷ аз ёд набарем.
Ҳолиё меандешем, ки мо дар як муддати кӯтоҳ ба василаи ин фидоии пеша на танҳо андак-андак дониш андӯхтем, балки масъулиятшинос низ шудем. Мо дарёфтем, ки инсон барои инсон бояд муқаддас бошад. Ва ҳам бемор на танҳо ба табобат, балки ба шафқату меҳрубонӣ пур ниёз дорад. Дуруст аст, ки инсоне танҳо барои худ мезияду барои хушбахтии худ меандешад, ҳеҷ гоҳ на зиндагии хубу дуруст карда метавонад ва на хушбахт мегардад.
Моҳинав ҲАФИЗОВА,
хоҳари шафқати Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 418

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед