иҷтимоиёт
РОБИТА БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ. ИҚТИДОРЕ БАРОИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат баробари рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёт робитаи ҳамватанони бурунмарзиро бо ҳаммиллатону ҳамдиёронашон густариш бахшид.
Хусусан тайи солҳои охир, бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси санаду шартномаҳои байналмилалӣ фазои мусоиди рафтуомад ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи ҳамватанони бурунмарзӣ муҳаё гардид. “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар” аз соли 2011 ба тасвиб расид. Дар он самтҳои ҳамкорӣ бо тоҷикони мамолики дигар ва механизми татбиқи консепсия дарҷ гардида, иқтидору ҳавасмандии диаспора ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар кишварҳои хориҷӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Баҳрагирӣ аз зарфияти ҳамватанони хориҷӣ барои рушди ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз самтҳои муҳиму самарабахш дар соҳаи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои созанда бо онҳо барои беҳбудии будубоши шаҳрвандони кишвар дар хориҷа, боз ҳам баланд бардоштани эътибори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва ободонию шукуфоии мамлакат нақши муҳим дорад.
Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, котиби якуми раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, баъд аз он ки Сарвари давлат «дар Ватани аҷдодии хеш низ нақше аз худ гузоред», - гуфта аз ҳамватанони хориҷӣ даъват намуданд, даҳҳо нафар соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои ободии диёр дасту остин барзаданд. Айни замон аз ҳисоби ҳамдиёрони муқими кишварҳои хориҷӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёди корхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин ташаббусҳои созанда аз натиҷаҳои назарраси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ бармеояд. Ин раванд то рафт густариш пайдо намуда истодааст.
Ҳоло дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қариб 100 ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораи тоҷикон ба таври расмӣ фаъолият дорад. Кори онҳо барои дастгирию ҳимояи тоҷикони дигар, ҳамчунин, нуфузи халқи тоҷик ва татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳон, нақши калидӣ дорад. Тавассути тақвият бахшидани робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ барои фаъолияти шаҳрвандони кишвар дар мамлакатҳои хориҷ, хусусан дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ, имконияти васеъ фароҳам хоҳад омад. Ҳамчунин, дастгирии ҳамватанони хориҷие, ки дар давлатҳои дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар оянда баҳри рушди истеҳсолоти ватанӣ, воридоти технологияи навин ва сармоягузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин маврид тадбирҳои нав андешидани масъулон зарур аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2017 №: 143 Мутолиа карданд: 389