logo

иҷтимоиёт

ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА. ЧАРО БА ОН ХУНУКНАЗАРОНА МУНОСИБАТ МЕНАМОЕМ?

Бино ба иттилои пешниҳоднамудаи сардори  раёсати  маорифи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Эраҷ  Ҷонмирзоев, соли  равон  дар   3  истироҳатгоҳи  беруназшаҳрӣ бояд  623 нафар  кӯдакон  ва наврасон  ба истироҳат фаро гирифта шаванд.  Айни  ҳол,  лагерҳои  беруназшаҳрии  “Сағирдашт” - и  ноҳияи  Дарвоз  ва   “Зинг” - и ноҳияи  Ванҷ  бомуваффақият амал намуда истодаанд.  
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят  ҷиҳати  ташкили  истироҳати  муташаккил ва бофароғати толибилмони  муассисаҳои таҳсилоти умумии  вилоят  барои лагери  “Сағирдашт”  12  ҳазор  ва   “Зинг” 65 ҳазор  сомонӣ  ҷудо намудааст. Вале   ин  маблағҳо  то  ҳол  аз  ҷониби  Шӯрои  иттифоқҳои  касабаи  вилоят  ҷудо  нагардидаанд, ки  ин  метавонад  ба  фаъолияти  босамари  онҳо  мушкилӣ  ба  бор  орад. Мувофиқи  нақша  дар  ин лагерҳо  дар  маҷмӯъ 480  нафар  кӯдакону  наврасон  аз  шаҳри  Хоруғ  ва  ноҳияҳои  вилоят  ба  истироҳат  фаро  гирифта  мешаванд. Лагери  тобистонаи   “Насими  Ғунд”, ки  мебоист  143  нафар  кӯдакону  наврасонро  ба  истироҳат  фаро  мегирифт, то  ҳол  на  аз  тарафи   мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ маблағгузорӣ  шудааст  ва  на   аз ҷониби Шӯрои  иттифоқҳои  касаба.
Эраҷ  Ҷонмирзоев  илова намуд, ки  ҳамасола  барои   ташкили  майдончаҳои   солимгардонии  назди  муассисаҳои  таълимии  вилоят   аз  тарафи   мақомотҳои  маҳаллии  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  бештар  аз  165 ҳазор  сомонӣ ҷудо  мегардид. Мутаассифона, имсол  биноҳо,   лагерҳо, ҳавзҳои  шиноварӣ  ва  майдончаҳои  варзиши лагерҳо  аз  таъмир   пурра  бароварда  шуда бошанд  ҳам,  барои  баргузории  ин  чорабиниҳо   то  ҳол  ба   ғайр  аз   ноҳияҳои   Мурғоб, Роштқалъа  ва  Шуғнон  дигар   ягон  ноҳияи  вилоят  маблағ  ҷудо  накардааст. Дар ин ҳол суоле ба миён меояд, ки “Масъулон  дар  чӣ  андеша бошанд?”  Шояд  онҳо  бовар  доранд, ки  бе  ташкили  лагер  ҳам истироҳати  мактабиён  мегузарад? Мегузарад, вале чӣ тавр?
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 346

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед