logo

иқтисод

МОҲӢ. ТАЛАБОТ МЕАФЗОЯД, ИСТЕҲСОЛ ЧӢ?

Аз нишондодҳои истеҳсоли моҳӣ дар кишвар бармеояд, ки баъди қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015» аз ҷониби  Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти соҳа заминаи устувор гузошта шудааст. Татбиқи барнома ба афзоиши моҳии хушзоти ватанӣ ва хушзотгардонӣ  мусоидат намуд.  Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар аз 7 ба 270, масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ аз 1200 ба 2900 гектар  ва тавлидоти гӯшти моҳӣ аз 214 ба 2073 тонна  расид. Истеҳсолот дар ин самт назар ба  панҷ соли охир 10 маротиба афзудааст.
- Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 65 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Аз моҳиҳои хушзоти ватанӣ 10 навъ барои парвариш ва 13 навъ сайдшаванда мебошад.  Хоҷагиҳои зотпарварии ҶСК «Моҳии тоҷик»  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ва  ҶСК «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои таъмини хоҷагиҳо бо моҳича ва кирминамоҳичаҳо фаъолият доранд, - гуфт Аҳмадҷон Ғафуров, раиси КВД «Моҳии Тоҷикистон».
Тибқи дурнамо  соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарвари  ҷумҳурӣ истеҳсоли 2100  тонна моҳӣ дар назар аст.
Сарфи назар аз афзоиши шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар,  талаботи аҳолии кишвар ба гӯшти парҳезӣ зиёд (14 - 16 ҳазор тонна дар як сол) буда, ҳанӯз хеле кам қонеъ гардонда мешавад. Олимони Институти хӯроквории назди Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ давоми як сол ба ҳар нафар истеъмоли  23 килограмм гӯшти моҳӣ тавсия додаанд. Гӯшти моҳӣ барои  инкишоф ва фаъолияти муътадили  узвҳои  бадани инсон хеле зарур аст. Чунки дар таркиби он 10 намуди аминокислотаҳои ивазнашаванда ва қариб ҳамаи витаминҳои барои  инсон даркорӣ мавҷуд мебошад. Захираҳои фаровони оби тоза дар кишвар имкон медиҳанд, ки соҳаи мазкур  рушд  ёфта,  дар як сол то 300 ҳазор тонна моҳии молӣ истеҳсол карда шавад.
- Набудани хӯрокаи истеҳсоли ватанӣ,  қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорон дар ин самт ва  баланд будани нархи ҳаққи истифодаи  об аз ҷумлаи монеаҳои асосии рушди соҳа ва мушкилоти моҳипарварон мебошанд. Хӯрокаи моҳӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва хеле нархи гарон дорад,  -  изҳор дошт  А. Ғафуров.
Тибқи маълумоти ташхисгарони хориҷӣ,  моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ тозатаринанд.  Аз ин рӯ, рушди соҳа ба буҷети кишвар низ даромади бузург  хоҳад овард. Афзоиши истеҳсоли он   дастархони мардумро бо гӯшти парҳезӣ ғанӣ намуда, ба таъмини беҳтари амнияти озуқаворӣ такон мебахшад. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 451

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед