logo

фарҳанг

БОҒҲОИ ФАРҲАНГӢ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ МЕШАВАНД

Вокуниш ба мақолаи «Истаравшан. Чаро боғҳои фарҳангӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд?» («Ҷумҳурият», 30 майи соли 2017)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи хабарнигори махсуси "Ҷумҳурият" Ҷовиди Аштиро, ки дар мавриди боғҳои фарҳангии  шаҳри Истаравшан буд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Бояд зикр намуд, ки боғи истироҳатии ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризодаи шаҳри Истаравшан солҳои 1970 - 1972 бунёд гардида, дар мавзеи кумитаи маҳаллаи Дилшоди Барно ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он тибқи парвандаи инвентарӣ аз 3 августи соли 1972-юм 4665,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки дар ҳудуди боғи номбурда бинои меҳмонхона бо масоҳати 0,05 га, ошхона ба майдони 0,034 га, чойхона бо масоҳати 0,20 га, маркази фарҳангӣ-тиҷоратии «Ветеран» бо майдони 0,13 га ва ошхона ба масоҳати 0,08 га ҳамчун иншоотҳои хизматрасонии бахши хусусӣ фаъолият карда истодааст.
Дар асоси қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 18 апрели соли 2007, № 260 боғи истироҳатии шаҳр ба номи С.Ҷавҳаризода аз мувозинаи бахши фарҳанги шаҳр ба мувозинаи КДФ Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Истаравшан гузаронда шудааст.
Тибқи протоколи № 1 комиссияи озмун барои ба иҷора додани амволи давлатии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иншооти мазкур ба соҳибкор Бахтиёр Парвина ба иҷора дода шуд ва  тибқи протоколи № 2 - и комиссияи мазкур аз 15 сентябри  соли 2015 соҳибкор 3 сол аз пардохти маблағи иҷораи амволи давлатӣ озод карда шудааст. Аммо аз ҷониби соҳибкор тибқи нақшаи пешниҳодкардааш баҳри барқарорсозии боғи мазкур, ободониву гулкорӣ, танзими атраксионҳо амалӣ нагардиданд. Аз ин рӯ, 7 ноябри соли 2016 шартномаи иҷора аз ҷониби шаҳрдорӣ яктарафа қатъ карда шудааст.
Иншооти мазкур дар охири соли 2016 (ноябр, декабр), яъне баъди тасдиқи буҷет барои идоракунӣ ба тавозуни КДФ Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр бе пешбинӣ намудани маблағгузории нигоҳдории он баргардонида, айни ҳол аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда дигар хизматрасониҳои одиро дар иншоот ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини нигоҳдории меъёри боғ тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.
Инчунин, тибқи нақшаи генералии шаҳри Истаравшан, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, таҳти № 200 тасдиқ гардидааст, васеънамоии ҳудуди боғи марказӣ аз ҳисоби заминҳои зери бино ва иншоотҳои ҷамъиятиву истиқоматии ҳамҳудуди он ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, бунёди боғҳои фарҳангӣ имрӯз ҳамчун идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Истаравшан ба шумор рафта, дар ин самт тадбирҳои муҳим роҳандозӣ шуда истодаанд.
Б. ИНОЯТЗОДА,
и.в. раиси шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 324

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед