logo

номаҳо

ГАНҶИНАИ СОҲИБ ТАБАРОВ ОН БОЯД МАВРИДИ ОМӮЗИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР БИГИРАД!

Фикр мекунам, ки ман яке аз хонандагони фаъоли Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров, адабиётшиноси маъруфи кишвар, ки воқеъ дар ноҳияи Муъминобод аст, мебошам. Ба ростӣ, аз ин ифтихор ҳам мекунам ва чунин мепиндорам, ки рӯҳи устод ба ҳар бори ташрифам ба ганҷинааш шод мегардад. Ӯ дар зиндагияш таъкид мекард, ки бояд ҳаммиллатонаш бофарҳанг ва ба китоб ҳамеша дилбастагӣ дошта бошанд. Заҳмату сарсупурдагияш дар роҳи илм ба ин хотир буд.
Чанде пеш силсилаи мактуб-ҳояшро, ки ба устоди маъруфу маҳбуб, нависандаи дӯстдоштаам Абдулҳамид Самад ирсол намудааст, мутолиа намудам. Донишу маҳорати Соҳиб Табаров аз он баръало равшан мегардад. Ҳамчунин, аз он сатрҳо эҳсос мешавад, ки  як устоди дилсӯзу мушфиқу ғамхор мебошад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нависанда дар интихоби роҳи дурусти эҷодӣ хато накунад ва навиштаҳояш дар боло рафтани сатҳи фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа мусоидат намояд.
Ба яқин, ки шодравон Соҳиб Табаров аз ин қабил номаҳо, ки ба адибон фиристодаасту ба ин васила дар сайқали истеъдоду маҳораташон таъсири мусбат гузоштааст, зиёд мебошад. Бояд ҳатман ва ҳар чи зудтар  ин ганҷина дастраси ҳаводорони каломи бадеъ ва мутахассисону омӯзгорон бигардад.
Ба ҷуз ин, бисёре аз навиштаҳои ин Белинскийи тоҷик дар шакли китоби алоҳида ба табъ нарасидаанд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё онҳоро ниҳоде ва ё шахси масъуле ҷамъ меоварад ва дар ин маврид тадбирандешӣ мекунад. Ҷойи таассуф аст, агар дар ин масъалаи муҳим наандешанд. Аз рӯи шунидам, ин устоди забардаст зимни тадрис ба шогирдон таъкид мекард, ки «ғами мурдаҳо, яъне адибону адабиётшиносону эҷодкорони мутаваффоро бештар бихӯред, зеро зиндаҳо барои худ талош карда метавонанд». Имрӯз ин таъкид дар ҳаққи худи устод бояд амалӣ бигардад.
Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор бигирад. Ин амал ба хотири тарбияи насли наврас басо муҳим аст. Инчунин, он имкон фароҳам меоварад, ки ҷавонон ба илм бештар майлу рағбат пайдо бикунанд ва бовар ҳосил намоянд, ки заҳмату талошашон дар роҳи илм беҳуда несту миллат онро ҳатман қадр  месозад.
Ман аз дигарон ҳам даъват ба амал меорам, ки ба ин ганҷина ташриф биёранд. Дар баробари он ки аз ин китобхонаи бузург бо дастрасиҳо ва мутолиаи адабиёти дилхоҳу зарурӣ сатҳи маърифаташонро баланд мебардоранд, ба зиёрати устоди азиз мушарраф мегарданд.
Умеда ВАФОЕВА,
ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 1644

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед