logo

фарҳанг

ПОСДОРИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

Дар масири таърих миллати тоҷик сарнавишти муассире аз сар гузаронда, пурбаҳотарин сарвати маънавӣ-забони модарияшро чун гавҳараки чашм ба пасовандон ёдгор гузоштааст.

Аҳди Сомон дар ҳифзу густариш ва рушди забон бо осори безавол давраи носутурданиву баркамол дар таърихи куҳани мост. Маҳз дар ин марҳилаи давлатдории тоҷикон забону фарҳанг ва арзишҳои воло шаклу мазмуни тозае касб менамояд. Нуфузу эътибори забони тоҷикӣ аз марказҳои марбутаи Мовароуннаҳру Хуросон тадриҷан берун рафта, ба манотиқи дурдасти сайёра доман паҳн кардааст.
Мардуми тоҷик боиси маҳв нашудани муқаддасоташ алайҳи ҳар гуна муқовимат ва ташаннуҷи таҳмилӣ дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҷон дар кафи даст гирифта, забони модарияшро эътиқодмандона ҳифз мекунад. Зеро наҷотбахши ҳастии миллат бе ҳеҷ шаку тардид забони ӯст. Бониёнаш бо шоҳчароғи дониш роҳи дигаронро тобон дошта, хирвори панду ҳикмат меороянд. Қофиласолори шеъру адаби форсии тоҷикӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ башариятро бо ин забони шевою мусалсал ово дода буд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, 
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Нуктаи бебаҳси «То ба санг андар ҳаме бингоштанд»-и султони шоирон далолат бар он аст, ки то расмулхати бобоӣ, яъне эҳёи алифбои муайян, одамон орзуву омолашонро дар сангҳо менигоштанд. Маҳфуз мондани пораҳои хати мехӣ ё паҳлавӣ дар бойгониҳо, осори гаронбаҳои «Дарахти Асурик» ва «Ёдгори Зарирон» аз тамаддуни бостони ниёкони мо башорат медиҳанд. Ба қавли муҳаққиқон, китоби муқаддаси «Авасто»-ро тахмин дар пӯсти 250 ё 500 говмеш навиштаанд. Ин таълифотро шоҳкори беназиртарин дар кохи адабиёту фарҳанги ҷаҳон метавон унвон кард.
Баъд аз ҳазор сол, дар замони ноором ва пурошӯби сиёсӣ фарзандони сарсупурдаи миллат аз нестшавии ин забони гуҳарбор бонги хатар дардода, бо шуҷоати тамом ба дифоъ бархостанд. Устод Садриддин Айнии бузургвор дар як рисолаи арзишманди худ бо зерунвони «Маънои калимаи тоҷик» аз остон то бостон сайри таърихии вожаи фавқ ва рушди забони адабии тоҷикро бо риояи имло, луғат ва ҷанбаи илмӣ доштанаш дақиқназарона пажӯҳиш намуда, таҳиягарони феҳристҳои ҳиндуву туркгароро зери тозиёнаи танқид мегирад. Мутафаккири барҷаста  ба ҷаҳониён ҳушдор медиҳад, ки тоҷик на он арабзодаи дар Аҷам бузург шуда, ло-бал миллати сарболову тоҷдорест, ки аз аҳди қадим рӯида.
Хидмати таърихии устод Садриддин Айнӣ дар табдили хат, ҳифозат ва бузургдошти забони модарии мо он қадар бузург аст, ки дар гуфтан намеояд. Ин пири хирадманд ҷуз таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик»  дар зимни омӯзиши луғатҳои «Ғиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ» ва китобҳои классикии форсу тоҷик «Луғати нимтафсилии забони адабии тоҷик» иборат аз 11.400 калимаро дар 629 саҳифа ҷой дода, амали хайреро барои ҳазорсолаҳо анҷом бахшидааст. Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки дар китоб луғатҳоеро фароҳам овардааст, ки онҳо барои фоида бурдан аз адабиёти классикӣ ёрӣ медиҳанд ва қисмеро даровардаст, ки онҳо барои фаҳмида хондани адабиёти нафисаи имрӯза заруранд ва боз луғатҳоеро гирд овардааст, ки  то ҳол дар навиштаҷоте кор фармуда нашудаанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ба ҳимояи забони давлатӣ муносибати хоса зоҳир мекунад. Аз ин лиҳоз, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатиро сазовор донистаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишонаи ҳамин қадрмандӣ буда, ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ мулоқоту боздидҳои судманд доир мегарданд.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйид медоранд, ки: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддамоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд». Бо ҳамин ният Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро асос гузошта, ба масъулони ниҳод бобати ба асли пешин баргардондани номҳои шаҳру навоҳӣ, тағйири исму насаби шаҳрвандон ва соир масоили ҳалталаби забони давлатӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.  
Бо ибтикори бевоситаи Сардори давлатамон соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида буд. Олимон, суханшиносон, кормандони умури фарҳанг ва ноширон ҳамасола дар ин бахш китобҳои диданиву  хонданиро ба чоп мерасонанд, ки саршори рӯҳияи хештаншиносиянд. Аз ҳамин дидгоҳ дар таълимгоҳ ва донишкадаҳои мамлакатамон конфронсҳои илмӣ ва озмуну чорабиниҳои идона баргузор шуда, аз ашъори нобиғаҳои адабиёти классик ва муосир дар ситоиши забони тоҷикӣ байтбараку шеърхонӣ садо медиҳанд.
Салтанати подшоҳони дурандеш ва адолатпешаи ҳар давру замон зиннати таърих мемонад, чунончи сиёсати омӯзанда ва зиндагисози Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин зовия об мехӯрад. Мушкилоти ба сари миллат омадаро нахуст ӯ чорасоз мешавад, сӯи ояндаи дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Ба рамзи садоқатмандӣ ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар китоби хеш «Забони миллат-ҳастии миллат»  андешаҳои муъҷазу бикр пеш оварда, забону миллату давлатамонро дар арсаи байналмилал муаррифӣ кардаанд. 
Фалсафаи давлатсозиву давлатдории Пешвои муаззами миллати мо Эмомалӣ Раҳмон бо худогоҳиву ватандорӣ ҳар як тоҷику тоҷикистониро муваззаф гардондааст, ки дар полудасозии забони модарӣ арҷгузор бошад. Аз ин, рӯ нагузорем, ки бехабаре ба кохи шукӯҳманди забони тоҷикӣ муғризона сар бизанад. Агар нигини хештаншиносӣ-забони қудсиямонро бо худфарсоиву ҳамбастагӣ ҷовидона пос бидорем, ҷаҳониён ба биҳиштосо сарзамине саҷда меоранд, ки исмаш Тоҷикистон аст!               
Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 479

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед