logo

сиёсат

ТАҶРИБАИ НОДИР ДАР НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУОСИР

Баргузории мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳи наверо дар амри таҳкими зиндагии шоистаи мардум ва риояи муқаррароти ин санади муҳим  боз намуд.
Воқеан, дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳсолаи охир таҷрибаҳои тозае рӯи даст гирифта шуданд, ки дар навбати аввал ба сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангии миллати мо такя мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳукми қонун гирифтани бархе аз падидаҳои ахлоқӣ ва инсонӣ, ки сарчашма дар сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат доранд, таҷрибаи нодире дар низоми қонунгузории муосири ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки ин бор низ дар суханронии хеш Сарвари давлат сарчашмаҳои маънавии қонунро дар заминаи китоби муқаддаси Қуръони карим, аҳодиси набавӣ, суханони арзишманди пешвои мазҳабии мо – Имом Абуҳанифа ва каломи бузургони ниёкони шарафманди хеш амиқан таҳлил намуда, бори дигар зарурати қабули онро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки “Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд”. Тааммул дар ҷаҳвари ин андешаи шоистаи Пешвои миллат нуктаеро барои мо равшан месозад, ки дар ҳақиқат, хеле аз оину суннат ва маросимҳои марбут ба фарҳанги миллии мо, ки бо назокатҳои ба худ хос ва шеваҳои ҷолиб дар таркиби фарҳанги хонаводагии мардуми тоҷик аз даврони куҳан ҷой доштанд, мутаассифона, бар асари фарҳанги бегона бархе аз асолатҳои худро аз даст доданд. Масалан, дар гузашта маросимҳои домодталбон, ҳатто оинҳои миллии гаҳворабандону мӯйсаргирон чун таркиби барҷастаи фарҳанги хонаводагии мардум дар муҳити хона бо назокатҳои хосаи хеш ҷараён мегирифт ва ҳар яке маънӣ ва мазмуни ахлоқиву фалсафӣ касб мекард. Гаҳворабандон бо усули ҷолиб ва маънии ба худ хос дар хона рамзан аз сӯи модарбузург ё бонуи солманде бо умеди ба синну соли ҳамон нафар расидан ҷараён мегирифт ва баробари дар фурсати хеле кӯтоҳ ҷараён гирифтан, дар доираи аҳли хонавода баргузор мешуд. Ҳамчунин, маросими домодталбон низ дар доираи хонавода дар хонаи арӯс бо маънии шинос намудани аҳли хонаводаи онҳо бо фарзанди нав, ки ин амр заминаи барҷастаи бархӯрдорӣ аз фарҳанги ахлоқии онро таҷассум мекунад, сурат мегирифт.
Бо таассуф, маҳз таъсири фарҳанги бегона ва унсурҳои дигари замонавӣ буд, ки дар марҳалаи нав ин оинҳои ҷолиби фарҳанги миллии мо ба сурати як маросими оммавӣ табдил ёфта, ҳатто дар тарабхонаву тӯйхонаҳо бо дабдаба баргузор мешуданд. Ҳарчанд қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба чунин шакли оммавӣ ва серхарҷ баргузор намудани ин оинҳоро манъ намуд, аммо ишорат шуд, ки бархе аз мардум ҳанӯз ҳам ин талаботи қонунро риоя намекунанд. Барҳақ, риоя накардани талаботи қонун дар ин ҳолат дар баробари ба зиёдаравиву исрофкорӣ роҳ додан, ҷиҳати аз миён рафтани асолати чунин ҷашну оинҳои воқеан миллӣ ва мардумии мо мешавад.
Таҳлилҳое, ки дар суханронии Сарвари давлат дар мавриди аҳамияти қабули қонун ва самараи он ба таъмини некуаҳволии мардум, инчунин, таъсири он ба тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа анҷом ёфтаанд, аз он дарак медиҳанд, ки риояи талаботи қонун, воқеан, вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардумро такони тоза бахшида, анҷоми амалҳои хайр, аз ҷумла дастгирии ятимону бепарасторон, баргузор намудани тӯю маросимҳои аҳолии ниёзманд сол ба сол афзун мегардад.
Дар ҳақиқат дастуру ҳидоятҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар заминаи таҳлили амиқи зарурат ва аҳамияти сиёсииву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавиву ахлоқии қабули қонуни мазкур баён гардиданд,  бори дигар моро бар он раҳнамоӣ хоҳанд кард, ки дар амри риояи бечунучарои талаботи қонун, тақвияти корҳои тарғиботӣ, боло бурдани фарҳанги сарфакорӣ иқдом намоем. Зеро ба таъбири Пешвои миллат “Мо дар якҷоягӣ метавонем ин амри виҷдонии хешро дар ҳаёт татбиқ намоем ва соҳиби зиндагии аз имрӯза шоиставу беҳтар гардем”.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 542

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед