logo

иҷтимоиёт

САМАРАИ САРФАКОРӢ ВА 684 ҲАЗОР СОМОНӢ БА НИЁЗМАНДОН

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷиҳати риоя ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ дар байни сокинон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Бино ба иттилои Эмомалӣ Исмоилов, иҷрокунандаи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша моҳияти ин қонуни зиндагисозро дарк карда, ба ҷойи маъракаҳои серхароҷот табақаи ниёзманди аҳолиро пайваста дастгирӣ менамоянд. Аз ҷониби саховатмандон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва иттиҳодияҳои динии ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр ба оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонону собиқадорони меҳнат ва шахсони ба онҳо баробар, ҷанговарони башардӯст, иштирокчиёну маъюбони садамаи Чернобил, ятимони кулл, бепарасторон, мактаб - интернати хонандагони лаёқатманди ноҳия ёриҳои яквақтаина ба маблағи зиёда аз 684 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Ҳамчунин, дар нимсолаи аввал тӯйи хайриявии хатнасури 100 нафар кӯдакони ниёзманд гузаронда шудааст.
- Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ноҳия харҷу сарфи барзиёд хеле кам гардида, баргузории ҷашну маъракаҳо ба низоми муайян даромада бошад ҳам, омӯзиш, таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ҳамоно қонуншиканиҳо ба назар мерасанд. Фаъолияти аксари комиссияҳои доимӣ ҷиҳати назорат аз болои рафти иҷрои қонун ҳанӯз қонеъкунанда нест, - гуфт Эмомалӣ Исмоилов.
Дар нимсолаи аввал дар ноҳия шаш ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 967 маърака гузаронда шуда, хароҷоти умумӣ беш аз 3 миллион сомониро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ин давра бо қарори раиси ноҳия фаъолияти 48 масҷиди ғайрирасмӣ қатъ гардида, 19 адади он ба кумитаи маҳал, 27 адад маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 адад бунгоҳи тиббӣ ва як адад ба китобхона табдил дода шудаанд.
- Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин аз хориҷи кишвар баргардондани муҳассилини мактабҳои динии ғайрирасмӣ мебошад. Аз 75 нафар сокини ноҳия 67 нафараш ба Ватан баргардонда шуд, - иброз дошт Эмомалӣ Исмоилов.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 371

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед