logo

иқтисод

ҶАЙҲУН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АЗ 100 ҲАЗОР ТОННА ГУЗАШТ

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулоти боғу киштаҳоро ба 100 ҳазор тонна расонданд. Миқдори зиёди ҳосилро сабзавот, аз ҷумла пиёз, ташкил медиҳад. Соли равон деҳқонон аз 2356 гектар зиёда аз 80 ҳазор тонна пиёз истеҳсол карданд, ки аз нисф бештараш барвақтӣ буд. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2300 тонна зиёд аст. Қисми зиёди маҳсули заҳмати имсолаи кишоварзон пешкаши сокинони маркази вилоят ва ҷумҳурӣ гардонда, 27238 тонна, аз ҷумла 26 ҳазор тонна пиёз, 18 тонна полизӣ ва 300 тонна мева ба хориҷ содир  шудааст.
Сабзавоткорон ба истеҳсоли маҳсулоти фаровон тавассути афзудани ҳосилнокии ҳар гектар муваффақ гаштаанд. Дар бобати ҳосилнокии пиёз деҳқонони ноҳия дар миқёси вилоят пешсафанд. Онҳо ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 341,6 - сентнерӣ маҳсулот ҷамъ оварданд, ки аз натиҷаи соли гузашта 3,6 - сентнерӣ бештар мебошад.
Кормандони ҶДММ Иттиҳодияи агросаноатии «Водии заррин» - и ноҳияи Ҷайҳун тӯли солҳои охир бо фаъолияти пурсамар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Онҳо дар вилоят нахустин шуда, ҷамъоварии 2 ҳазор гектар ғалларо анҷом доданд. Тавассути истифодаи техникаҳои муосир ва дарави саривақтӣ  ба талафи ҳосил роҳ дода нашуд. Ғаллакорони иттиҳодия ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 46,4 – сентнерӣ гандум гирифтанд, ки аз ҳосили миёнаи ноҳия 1,3 – сентнерӣ зиёд аст. Аҳли хоҷагии деҳқонии «Марв» низ аз 10 гектар 47– сентнерӣ ҳосил бардоштанд.
- Дар ноҳия 3260 хоҷагии шакли моликияташон гуногун фаъол буда, аз обу замин ва дигар воситаҳо хуб истифода мебаранд, - мегӯяд Нуралӣ Валиев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия. – Кишоварзони мо дар бобати истеҳсоли пиёз, сабзӣ, шолӣ, ҷуворимакка барои дон ва зироатҳои дигар таҷрибаи ғанӣ ҳосил намудаанд. Сабзавоткорон  соли гузашта зиёда аз 77 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуда, аз он  37400 тоннаашро содир намуда буданд. Натиҷаҳои имсола назар ба  соли 2016 беҳтаранд. Мақсад дорем, ки ҳаҷми маҳсулоти содиротиро боз ҳам  афзун гардонем.
Гамрхонаҳо низ ба кишоварзон даромади зиёд меоранд. Дар ноҳия  масоҳати умумии гармхонаҳо беш аз 100 гектарро ташкил дода, ҳар сол аз онҳо зиёда аз 3 ҳазор тонна маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол карда мешавад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 566
09.04.2020


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ БУЗУРГИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ОҒОЗИ МАВСИМ

07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед