logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ҶУЗЪИ МЕРОСИ НИЁГОН

Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле муҳим мебошад. Кишварҳои пешрафта мавзеъҳои таърихиашонро таҳти назорат ва ҳифозати доимӣ қарор додаанд. Онҳоро тармиму барқарор намуда, беҳтаринашонро ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии - ЮНЕСКО ворид менамоянд ва ба ин восита таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба мавзеъҳои таърихӣ ҷалб месозанд. Кишвари мо низ, ки дорои мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар ин самт корҳои мушаххасеро ба анҷом расонда истодааст.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки баъди истиқлолият ба даст овардани кишварамон ба заминаи ҳуқуқии масъала диққати ҷиддӣ дода шуд. Соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо”, соли 2006  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи  объектҳои  мероси таърихиву фарҳангӣ” ба тасвиб расиданд. Санадҳои мазкур дар асоси  конвенсияҳои байналмилалӣ  оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангӣ таҳия гашта, масъалаҳои истифодаи  дурусти  мероси  таърихиро муайян мекунанд. Қабули ин қонунҳо ба ҳифзу  муаррифии  бештари  ёдгориҳои таърихӣ  заминаи устувор гузошт.
“Ҳамвора бо таҳкими заминаи  ҳуқуқии ёдгориҳои таърихӣ, ҳамчунин, ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тӯли 25 соли соҳибистиқлолии кишвар  50 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории мақбараҳои Зайналобиддин, Хоҷа Дурбод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳазрати Султон, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Мавлоно Қутбиддин, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Гургонӣ, Хоҷаи Нур, қалъаҳои Хуҷанд, Балҷувон, Муъминобод, Санҷаршоҳ, Муғтеппа,  Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, хона - музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал, масҷиди Чилсутун, ёдгориҳои меъмории мамнӯъгоҳи Ҳисор таъмиру барқарор шуданд”, - мегӯяд  Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг.
Ҳолати хуби Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ низ аз ҳамин азму талошҳо дарак медиҳад. 
Омили дигаре, ки дар беҳбудии ёдгориҳо нақши муҳим бозид қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020» мебошад. Дар ин росто  таъмир гардидани чанде аз  ёдгориҳои таърихиро низ метавон ба сифати далели ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доштани масъалаи мазкур овард. 
Раванди амалигардонии барномаи мазкур ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат раванди ҳифзи мероси ниёгонро тезонда, то ҳадди имкон намунаҳои барҷаста ва беҳтарини он манзури ҷаҳониён гардид. Ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгории Саразм ва ба   силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи бузурги абрешим» – ЮНЕСКО қадр гардидани 13  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ, аз ҷумла шаҳраки Панҷакенти қадим, шаҳракҳои Бунҷикат,  Ҳисор, Ҳулбук, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин,  қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Шералӣ Хоҷаев таҳияи “Феҳристи ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро  кори муҳим дар ин самт медонад. “Ба феҳристи нав, ки он дар асоси харитаи бостоншиносии навоҳии кишвар тартиб ёфтааст, 3047 ёдгорӣ ворид шудааст. Рақами мазкур ниҳоӣ нест. Бо илова намудани ёдгориҳои дигари бостонӣ оянда шумораи он хеле меафзояд”, - мегӯяд Ш. Хоҷаев.
Ҳоло дар мавзеъҳои Муғтеппа, қалъаи Вамар, масҷиди Абдуллохон, мақбараҳои Хоҷаи Заррин, Муъминобод ва Хоҷа Аюби Ансорӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.
Эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ низ ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва дастрас намудани офаридаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба ҷаҳониён  мусоидат менамояд. Ба ин мақсад мо бояд корҳои хубтару бузургтареро анҷом диҳем. Зеро ҳанӯз ёдгориҳои  нуҳуфтаву таҳқиқношудаи зиёде дорем. Омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо имкон медиҳад, ки  саҳифаи нави таърихи халқи тоҷик боз гарданд.
Аз ҷониби дигар, барои ҳифзи хотираи таърихии халқамон ин  амал хеле муҳим аст. Насли наврасро низ бояд ба шинохти фарҳанги аслии хеш ҳидоят намоем.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 653

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед