logo

иҷтимоиёт

ЛАГЕРҲОИ ТОБИСТОНА БОЯД МАКОНИ ҲАҚИҚИИ ИСТИРОҲАТ, ФАРОҒАТ ВА СОЛИМӢ БОШАНД

Тибқи маълумоти муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм, соли ҷорӣ дар мамлакат кӯдакону наврасон дар 3777  лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ  фароғат мекунанд. Басти якуми аксари истироҳатгоҳҳо ба анҷом расида, қабул ба басти дувум идома дорад.
Бо мақсади тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2017” дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ситоди “Тобистон – 2017”  таъсис дода шудааст, ки фаъолияти лагерҳои истироҳатиро дар мавсими тобистони соли 2017 назорат намуда, ҷиҳати рафъи камбудию  норасоиҳо ба масъулини лагерҳо тавсияҳо медиҳад.
Бино ба гуфтаи Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тибқи нақшаи якҷояи Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм ва федератсия пеш аз оғози мавсими таътили тобистона дар лагери беруназшаҳрии “Шарора”- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои сарварон ва  мутасаддиёни лагерҳо семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор рафти омодагӣ, масъалаҳои ташкили корҳои тарбиявӣ, хизматрасонии тиббӣ, риояи талаботҳои санитарӣ – гигиенӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар ин давра, талаботи низомнома ва қоидаҳои амалкунанда доир ба қабули кӯдакону наврасонро муфассал шарҳу эзоҳ доданд.
Имтиёзҳо дар лагерҳои беруназшаҳрии “Орзу”, “Гулхан”, “Шарора” ва “Зимчуруд”, ки дар тавозуни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе  мебошанд, кӯдакону наврасон барои истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 35 лагер ва майдончаҳои варзишӣ ташкил  шудааст, ки дар маҷмӯъ имсол 6890 нафарро ба истироҳату солимгардонӣ фаро мегиранд.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 1100 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ бо фарогирии 74198, дар вилояти Хатлон  1235 лагеру муассисаи таълимӣ бо ҷалби 45600, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лагерҳои беруназшаҳрии “Саодат” ва “Насим”- и ноҳияи Шуғнон, “Сағирдашт” - и ноҳияи Дарвоз, “Зинг” - и ноҳияи Ванҷ, “Модиён”- и ноҳияи Мурғоб, “Авҷ”- и ноҳияи Ишкошим, 74 лагери наздимактабӣ ва майдончаҳои солимгардонӣ бо фарогирии 3350, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 237 истироҳатгоҳ бо ҷалби  24985 нафар кӯдакону наврасон бояд ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шаванд.
Дар мавсими имсола барои хонандагон дар баъзе лагерҳо таълими компютер ва кружокҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ташкил карда мешаванд.
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, федератсия дар ҳамкорӣ бо дигар идораҳои дахлдор дар доираи имкониятҳо тамоми чораҳоро меандешад, то ин ки лагерҳои истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон макони ҳақиқии истироҳат, фароғат ва солимӣ бошанд, - иброз дошт Қодири Қосим. 
  Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 451

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед