logo

фарҳанг

МУҲОКИМА. БАРДОШТ АЗ ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Таъсири технологияҳои навтарин ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар самти фаъолияти китобдорӣ, баръало ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, роҳандозии хизматрасониҳои нав дар китобхонаҳо амри зарурӣ ва ҳатмӣ гардидааст.
Маъмурияти китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шиноси бештари китобдорон, бавижа кормандони шуъбаҳои пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт, маълумотдиҳӣ – библиографии китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо дигаргуниву навгониҳои соҳа семинари назариявӣ – омӯзиширо баргузор намуданд.
Баҳром Мирсаидов, директори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирӣ,  дар бораи навгонии фарҳангӣ, беҳтар гаштани вазъи хизматрасонии библиографиву иттилоотӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки «Таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳими пешбарандаи ҷомеа ба соҳаи китобдорӣ тайи даврони истиқлолият бештар шудааст. Дар партави ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳо  маъмурияти китобхонаи вилоятӣ барои ба талаботи замон мувофиқ кардани хизматрасонӣ дар самтҳои фаъолияти китобдорӣ ба ворид кардани тағйироти сохторӣ ва навоварӣ ноил гашт. Аз ҷумла, толори махсуси хизматрасонӣ барои истифодабарандагони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд, толори илмӣ - таълимӣ барои донишҷӯёну магистрон, аспиранту унвонҷӯён, муҳаққиқону устодони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят таъсис ёфт. Ҳамчунин, толори китобхонашиносӣ низ, ки барои донишҷӯёни шуъбаи китобдорӣ, китобдорону методистон ва библиографҳои вилояти Суғд таъсис ёфтааст, омодаи хизматрасонӣ мебошад».
Орифҷон Набиев, сардори раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор намудани чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки иштирокчиёни семинар аз толори навтаъсис ва неруи зеҳнии китобхонаи вилоятӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ самаранок истифода баранд ва китобдориро ба яке аз соҳаҳои пешрафта табдил диҳанд.
Заррина ҲАМИДОВА,
сардори шуъбаи феҳристҳои китобхонаи
оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 420

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед