logo

иҷтимоиёт

ЭСТАКАДА. ИНШООТИ БУЗУРГТАРИН ДАР МИНТАҚА ПЕШ АЗ МУҲЛАТ СОХТА МЕШАВАД

Бунёдкорони роҳи сесатҳа дар буриши хиёбонҳои Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум, ки сохтмонаш 22 июли соли 2016 оғоз ёфта буд, ният доранд онро то моҳи январи соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

- Барои мукаммал шудани эстакада дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аз 20 то 27 иншоот ба истифода дода мешавад, ки танбадеворҳо барои дохилшавӣ ба пули болои роҳ, пул дар болои роҳ дар буриши роҳи гирдогирд, танбадеворҳои гузаргоҳи зеризаминӣ ва девори зеризаминии поёнӣ аз калонтаринҳо ба ҳисоб мераванд, - мегӯяд Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар. - Ҳоло беш аз 50 дарсади корҳои сохтмонии ин иншоот ба анҷом расидаанд.
Тибқи супориши Ҳукумати кишвар ҳамаи иншооти коммуникатсионии дар зери роҳ ҷойгирбуда, аз қабили шабакаҳои гармидиҳӣ, хатҳои оби нӯшиданӣ, алоқа, барқи баландшиддат (зиёда аз 110 киловатт) ва канализатсия берун бурда мешаванд. Айни замон ин корҳо бо суръат идома доранд.  Гузашта аз ин, дар чор самт бунёди роҳҳои зеризаминии тӯлонӣ (паҳноӣ 7 метр) ва роҳҳои пиёдагард  (паҳноӣ 2-3 метр) ҷараён доранд. Баъдан сабзкорӣ, шинондани дарахтони декаративӣ, таъмини об, равшанидиҳӣ, хати нави барқ барои троллейбус ва инфрасохтори шаҳраки бехатар барқарор мегарданд.
Вақт то моҳи январ ниҳоят кам аст ва мутасаддиён тамоми кӯшиши худро барои сари вақт ва бо сифати баланд иҷро кардани корҳо равона намудаанд. Ба ҳамин мақсад реҷаи кории шабонарӯзӣ ҷорӣ шудааст. Тибқи қоида битон дар ҳарорати аз 30 дараҷа баланд рехта намешавад, зеро вай хусусиятҳои худро гум мекунад. Бинобар ин, коргарон аз соати 12 то 15 истироҳат мекунанд ва баъдан, корҳоро  шаб ҳам давом медиҳанд.
Ричард Бел, мушовир аз ширакати SAI SYSTRA GROUP, зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир корҳои бунёдӣ мувофиқи барнома ҷараён доранд. Ба уҳдаи ширкати машваратӣ - SAI  consalting, ки таҳиягари лоиҳа мебошад, назорати корҳои сохтмонӣ вогузор шудааст. 
- Ин якумин иншоот дар минтақа мебошад, ки аз се сатҳ иборат хоҳад буд. Барои ман ҳамчун машваратчӣ иштирок намудан дар ин лоиҳаи бузург боиси ифтихор мебошад. Агар ман ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ фикри шахсиямро баён дорам, пас бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ба ғайр аз ин, сохтмони иншооти муҳиму бузург - Неругоҳи барқи обии Роғун ҷараён дорад. Агар ба ҳамин минвол идома ёбад, солҳои наздик Тоҷикистонро метавон дар қатори кишварҳои пешрафта дид, - афзуд Ричард Бел. 
Ба гуфтаи Ричард Бел, корҳои сохтмонӣ аз рӯйи ҳуҷҷати қарордодӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ ҷараён доранд. Баъзе дигаргуниҳо вобаста ба архитектураи шаҳри Душанбе мувофиқа карда мешаванд. Баъд аз сохта ба итмом расондани эстакада ин қитъаи шаҳр мавзеи зебое хоҳад буд. Ва баъди сабзидани дарахтону сабзазор он боз симои нав ба бар мекунад.
Эстакада дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» сохта мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати нақлиёт, эстакадаро ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян - Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) - и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи қариб 25,5 миллион доллари ИМА бунёд хоҳад кард. Лоиҳаи сохтмон дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки осиёии сармоягузори инфрасохторӣ амалӣ мегардад.
Бунёди эстакада барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёту роҳгузарҳо нигаронда шудааст.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 394

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед