logo

сиёсат

ДАСТОВАРД. АЗ ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚӢ ТО АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки даҳ сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, анъана ва ҷашну маросимҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба танзим дароварда, арзишҳои асили фарҳанги миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор доштанд, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард. Воқеан, агар ба даҳ соли амали нахустин қонуни миллии танзимкунандаи анъана ва ҷашну маросимҳо назар афканем, дида мешавад, ки он на танҳо ҷанбаи ҳуқуқӣ, инчунин, дорои ҷанбаи ахлоқиву маънавӣ буда, тарзи ҳаёти муназзаму осуда, истифодаи оқилонаи маблағу пасандоз ва молу мулки шахсиро бидуни роҳ додан ба исрофкорӣ дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеаи демократӣ талқин мекунад.
Пешвои муаззами миллат зимни натиҷагирӣ аз даҳ соли амали қонун таваҷҷуҳи ҷомеаро ба натиҷаҳои фоидаовари қонуни танзим ҷалб намуда, дар партави дигар дастовардҳо, нақши ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар афзудани теъдоди маъракаҳои хурсандӣ, аз қабили тӯйи домодию арӯсӣ назаррас арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин радиф қабули қонунро омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ маънидод карда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар муддати даҳ соли амали он бинобар кам гардидани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ аз 53 дарсад то 30 дарсад коҳиш дода шуд. Ин шаҳодати он аст, ки қонун барои амалишавии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона барои ҳар як сокини кишвар мусоидат кард. Имкон фароҳам омад, ки мардум маблағҳои сарфашударо барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардондани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона сохта, дар муассисаҳои бонкӣ барои ояндаи худ ва наздиконашон пасандоз кушоянд.   
Бо қабули қонун ба тақлидкориву зоҳирпарастӣ хотима гузошта шуда, соҳибони маъракаҳо, бахусус оилаҳои камбизоат, аз зери таънаву маломати ноҷои ҳамсояҳои доро раҳо ёфтанд ва имкон пайдо намуданд, ки ҷашнҳои хурсандии худро камхарҷ доир намоянд. Фарзандони худро бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек ва сари баланд хонадор намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона ҳидоят кунанд. Як зумра маъракаҳои нолозим, ки то қабули қонун дар радифи тӯйи домодию арӯсӣ гузаронда мешуданд, аз ҷумла маъракаи фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон ва қудоталбон аз байн рафта, пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ барои ин чорабиниҳо гирифта шуд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда, ҳолатҳои пурдабдаба гузарондани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор ба табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.
Дар маҷмӯъ дар зарфи даҳ соли амали қонун ҳар як меъёри он ба ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаи кишвар роҳ ёфта, барои баланд гардидани  сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат мусоидат кард. Аз ин рӯ, минбаъд низ риоя ва иҷрои ин санади миллӣ  бояд ба одати маъмулии ҳар як фарди худшиносу худогоҳи кишвар табдил ёфта, шахсони рӯзгордидаю таҷрибаандӯхта, пирони ботадбир, аҳли зиё барои ба ҷавонон фаҳмондани мазмуну муҳтаво ва аҳамияти фоидаовари он саҳмгузор бошанд.
Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 408

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед