logo

иқтисод

ПИЛЛА. ИҶРОИ БАРЗИЁДИ НАҚША ДАР ДЕВАШТИЧ

Кирмакпарварони ноҳияи Деваштич соли ҷорӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда нақшаи пилласупориро дар ҳудуди вилояти Суғд нахустин шуда иҷро намуданд. 8500 килограмм пиллаи аълосифат истеҳсол гардида, ҳосилнокӣ аз ҳар як қуттӣ 50 килограммро ташкил дод.
Кирмакпарварони хоҷагиҳои деҳқонии Абдусамад Қодиров, Абдуллобобо, Ботурбек, Амирбек, Латофат, Турдиев, Ҳаётбек, Ғафуров, Бобоев, Маъруфбойбобо, Шоҳин, Ҳотам-ота ва «Гули Ғончӣ» иҷрои нақшаи пилласупориро 118 - 142 дарсад таъмин намуданд.
Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иҷрои нақшаи пилласупорӣ раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба пешсафон миннатдорӣ баён намуд.
- Ноҳияи Деваштич, гарчанде аз ҷиҳати таъмини барги тут мушкилӣ дошт, аммо ин масъала барои иҷрои саривақтии нақша монеа нашуд. Саҳми занону духтарон ҳамчун кирмакпарварони ботаҷриба дар ин кор калон аст ва мо меҳнати софдилонаи онҳоро қадр мекунем, - изҳор дошт раиси ноҳия.
Истеҳсоли пилла яке аз ҷабҳаҳои муҳими саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи рушди  соҳа корхонаҳои ресандагиву бофандагӣ бо ашёи хом ва садҳо занону духтарон бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Рушди соҳаҳои асосии хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи пиллапарварӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» қабул гардидааст. Нахи пилла асосан барои истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, ки хоси миллати тоҷик аст, истифода мешавад.
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 376

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед