logo

иқтисод

САРМОЯГУЗОРӢ БА ФАРЗАНД. ОНРО ДАР КАДОМ ШАКЛ БОЯД АНҶОМ ДОД?

«Беҳтарин ҷойи маблағгузорӣ фарзандон ҳастанд». Ин ҳикмати ҷопонӣ пайваста ёдам меояд ва ба андеша мебарад. Чӣ мантиқу маънии амиқе нуҳуфта дар ин ҳикмат ва чӣ тазоде байни тафаккури мо ва онҳо.
Мо ҳам аз рӯзи таваллуд ба фарзандон «сармоягузорӣ» мекунем. Нахуст гаҳворабандон. Барои ин хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳоро гирди дастархон  мехонем ва  зиёфат меороем. Чун мӯи сари кӯдак андаке дароз шуд, бо номи мӯйсаргирон маъракаи дигар тарҳрезӣ мекунем. Боз даъвати наздикон ва боз зиёфат.
Баъд аз ин ба хатнасури кӯдак омодагӣ мегирем. Намехӯрем, намепӯшем, аз даҳонамон мезанему ба хотири обрӯ пул захира мекунем. Ва маъракаи серодаму пурдабдабае бо деги ош, дастархони пурнозу неъмат меороем.
Пас аз хатми мактаб ағлаб ба мардикорӣ гусел мекунем ва худ аз пайи омодагӣ ба тӯйи домодию арӯсӣ  меафтем. Боз сарфаҷӯӣ, сандуқу ҷевону либосҳои гаронарзиш дарёфт мекунем. Гӯсфанде парвариш мекунем ё мехарему бо ҷиҳоз ба хонаи арӯс мебарем.
Ва бо ҳамин навбати аввали «сармоягузорӣ» анҷом меёбад.
Ҳатто баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ин маъракаҳо, ин усули сармоягузорӣ ба фарзандон дар ин ё он намуд ба таври танзимшуда   ва барои бархе танзимнашуда идома меёбад.
Имсол  аз хатмкунандагони пешина ва имсолаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент 2134 нафар ё 58  дарсад ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурдаанд. Аз рӯи мушоҳидаҳо тақрибан 50 дарсади онҳо шояд ба макотиби олӣ дохил мешаванд. Дигарон бе омодагӣ, бе касбу ҳунар кор меҷӯянд ва аксарият рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд. Бо анбони холӣ аз донишу маърифат бархе ба ақоиди ғайр мегаравад ва барои волидон, наздикон, давлат низ дарди сар эҷод мекунад.
Ҳамин мулоҳизаҳо баъди шунидани суханони  Пешвои муаззами миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули қонуни танзим ба хотирам омаданд. Аз ин маъракаҳои ёдшуда, ба ҷуз тӯйи домодию арӯсӣ, ба фарзандонамон, ки ба хотирашон барпо мекунем, чӣ манфиате мерасад? Ақлашон, маърифаташон меафзояд, ҳунаре аз бар мекунанд, саломатиашон беҳ мешавад? Не! Оё арзандатар нест хароҷоти ин маъракаҳоро барои тарбияи ҷисмонию ақлонии фарзандонамон сарф намоем. Дар тифлӣ хӯроки хуб омода кунем,  як ҳарфу ду ҳарф ба забонашон ниҳем, китобхон кунем, барои таҳсилу касбомӯзиашон маблағ ҷудо намоем.
Ба хотири фарзанд хатнасур меороем, вале ба ӯ на хӯроки серғизо медиҳему на ҷойхоби дуруст омода месозем. Барояш китобу дафтар, мизу курсӣ, либоси мактабӣ намехарем. Ҳол он ки бо ними хароҷоти хатнасур ҳамаи ин шароитҳоро барои кӯдаконамон муҳайё карда метавонем.
Пас ба чӣ хотир, ба чӣ мақсад барои маросими хатна маърака меороем? Барои иҷрои як суннат?  Дар ҳоле ки ағлаб фароизи динию мазҳабиро фаромӯш кардаем. Бигзор маросими хатна бошад,  чун мусалмонем ва ба ин анъана эҳтиром мегузорем, вале чӣ ҳоҷат ба маърака оростан. Хуб мебуд, агар  дар  бозбинии қонуни ёдшуда хатнасур чун маърака, на чун амали ҷарроҳӣ, аз байн бардошта  шавад.
Воқеан, вақте Ҷопон аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм  бо иқтисоди варшикаста ва осори бомбаи атомӣ берун омад, корро аз эҳёи таълиму тарбия, аз бозсозии мактаб оғоз кард  ва ниҳоят ба ҷое расид, ки ҳоло қарор дорад. Сармоягузорӣ ба фарзандон натиҷае ба бор овард, ки  дар ҳама соҳаҳо ин кишвар дар рушди техникаю технология ва адабиёту фарҳанг низ аз пешрафтагони давлатҳои ҷаҳон аст.
Афсӯс, ки мо ҳоло ҳам аксар ба фарзандон аз тариқи тӯю маъракаҳо сармоягузорӣ  мекунем ва аз ин ҳеҷ суде ба худу ба ҷомеа намерасад.
Турдибой СОЛЕҲЗОДА,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 445

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед