logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. ЗИНДАГИИ БАЪД АЗ МАРГ

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рӯи ҳар як сокини кишвар, бахусус насли наврас дари илму маърифат ва ҳақиқати таърихиро боз кардааст. Бешубҳа, ин роҳ  моро ба сӯи ваҳдату якдилӣ, худшиносию худогоҳӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд, то аз хизматҳои шоиставу созандаи гузаштагони худ огаҳӣ ёбем. Номи неки чунин фарзандони содиқу ватандӯст, ки барои сулҳу оромӣ, ваҳдату бунёдкорӣ ва пешрафти ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоштаанд, дар дафтари таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст.

Яке аз чунин фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум мебошад, ки дар овони кӯдакӣ аз аллаҳои модар меҳру муҳаббат, аз падари деҳқонаш меҳнати софдилона, аз чашмаҳои диёр покиву беолоишӣ ва аз кӯҳҳои  сарбаландаш  дарси матонат омӯхтааст. Чун ба балоғат расид, азобу тангдастии зиндагиро дарк кард. Ӯ мехост, ки аҳли оилаашонро аз тангдастӣ наҷот диҳад. Бинобар ин, дар фабрикаю корхонаҳои саноатии шаҳри Қӯқанд ва Фарғона ба сифати коргар заҳмат кашид. Пастиву баландиҳои зиёдеро аз сар гузаронд ва иштирокчии бевоситаи воқеаҳои  солҳои 1905 - 1907 ва минбаъд шоҳиди инқилоб  гашта, обутоби сиёсӣ ёфт.
Аз соли 1920 Нусратулло Махсум дар сафи аввалин муборизони роҳи озодӣ ва барпокунандагони Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ ҷой гирифт. Солҳои 1921-1924 дар вазифаҳои масъулиятнок-мутасаддии таъмини озуқаи аскарони сурх ва раиси Кумитаи инқилоби вилоят буд. 
Моҳи декабри соли 1926, пас аз таъсиси Кумитаи Марказии Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум раиси он интихоб гардид ва то охири соли 1933 дар ин вазифа кор кард. Ин фарзанди далеру шуҷоъ ва баору номуси миллат дар давраҳои ҳассоси таърихӣ аз ваҳдату якдилӣ дурӣ наҷуста, пуштибони арзишҳои миллӣ ва марзу буми ниёгон буд. Ӯ тамоми донишу маҳорати худро ба таъсиси мақомоти маҳаллии ҳокимият, баргардондани гурезаҳо, гирифтани пеши роҳи парокандашавии миллат ва барқарорсозии хоҷагиҳои харобгашта равона сохт.
Дар ибтидои солҳои 30 - юми қарни гузашта Иттиҳоди Шӯравиро мавҷи таъқиботи роҳбарони ҳизбиву давлатӣ ва ходимони намоёни илму фарҳанг фаро гирифт, ки ин гирдоб Нусратулло Махсумро низ ба коми худ кашид. Бо туҳмати ноҳақ моҳи декабри соли 1933 Нусратулло Махсумро аз вазифаи  Раиси  КИМ - и ҶШС Тоҷикистон сабукдӯш сохта, ба факултаи илмҳои ҷамъиятии Академияи тарҳрезии ИҶШС фиристоданд. Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 1937 Нусратулло Махсумро ба ҳабс гирифта, соли 1938 ба қатл расонданд.
Баъд аз гузашти бист сол, 9 январи соли 1958 Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС парвандаи Нусратулло Махсумро аз нав баррасӣ намуда, ӯро сафед кард. Номи Нусратулло Махсум  дар сафҳаи таърих ба сифати яке аз поягузорони давлати муосири тоҷик дар радифи бузургмардони миллат абадӣ ҷой гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи Нусратулло Махсумро қадр карда, ба ӯ моҳи июли соли 2006 унвони  олии Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донистанд.
Мо - ҷавононро месазад, ки аз қаҳ-рамонию ҷоннисориҳои гузаштагонамон сабақи мардонагӣ бигирем, арзишҳои миллӣ ва давлатиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва пайрави сазовори Пешвои муаззами миллат бошем.
Латофати КАРИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 314

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед