logo

фарҳанг

ҲУЛБУК МИЗБОНИ МАКТАБИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОН

Тоҷикистон миёни дигар кишварҳои узви ИДМ бо он фарқ мекунад, ки дорои миқдори зиёди минтақаҳои ҳафриётии мавриди омӯзиш қарордошта мебошад. Вобаста ба ин, ҳамасола мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар ҷумҳурии мо ташкил карда мешавад.
Мактаби мазкур аз ҷониби Бунёди байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маблағгузорӣ гардида, дар ташкилу гузарондани он Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегиранд. Дар он бостоншиносони ҷавон аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Украина ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар сатҳи баланди тахассусӣ ташкил намудани чорабинии мазкур тамоми тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, барои ширкаткунандагони он барномаи рангини омӯзишӣ таҳия гардид, ки аз гузарондани корҳои ҳафриётӣ ва машғулиятҳои назариявию амалӣ иборат буд. Барномаи рангини фарҳангию фароғатии барои бостоншиносони ҷавон омодагардида онҳоро бо гузаштаи пурифтихор ва санъати волои кишварамон ошно намуд.
Дар рафти чорабинӣ ширкатдорони мактаб аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, ёдгориҳои моддии шаҳри Кӯлоб, инчунин, ёдгории табиию таърихии Чилдухтарон ва Осорхонаи бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Олимону муҳаққиқони ҷавон, ҳамчунин, дар ҷаласаҳои васеи бостоншиносони кишвар, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» баргузор гардида, масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуданд, иштирок доштанд.
Фаъолияти мактаб чанде пеш дар толори Академияи илмҳо бо ширкати васеи аҳли илму фарҳанги кишвар ҷамъбаст гардид. Ф. Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мактабро пурсамар ва саҳми онро дар таҳкими равобити илмию фарҳангӣ хеле муҳим арзёбӣ намуд. Ш. Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар, иштирокдорони ин чорабинии муҳими омӯзиширо бо хатми бомуваффақияти он табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки бостоншиносони ҷавон минбаъд низ дар раванди омӯзишу таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт.
А. Г. Иксанов, котиби Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таассуроти неки аз мактаб ва тамошои мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон бардоштааш нақлҳои ҷолиб карда, ба ташкилкунандагон ва сарпарастони мактаб изҳори сипос намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш ба иштирокчиёни мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон сертификати тахассусӣ супурда шуд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 479

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед