logo

иҷтимоиёт

АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ БА ШАКЛУ НИЗОМИ ЯГОНА ХОҲАНД ДАРОМАД

Мусаллам аст, ки мардуми мо аз қадим бо расму оинҳо ва ҷашнҳои миллию динии худ дар дунё мавқеи хос пайдо карда, ҳамзамон бо баргузории онҳо ба дигар миллатҳо таъсири некро гузошта буданд.
Хушбахтона, он то ба имрӯз идома дорад. Чаро? Чунки фарогири ҳикматҳои зиёд буда, дар рушди фарҳанг ҳамеша мусоидат намудааст. Бар замми он, баҳри ваҳдат, якдигарфаҳмӣ нақши бориз дорад. Ин ҳамаро ниёгони пуршарафамон бо эҳсоси масъулияти зиёд ҳифз намуданд ва то ба замони мо бегазанд расонданд. Албатта, ҷойи таассуф низ мебошад, ки баъдҳо бархе ба ҳикматҳои бузурги он сарфаҳм нарафта ва бар асари худхоҳӣ бар онҳо ба таври худ навоварӣ намуданд. Дар натиҷа, ин ҳама монеи зиндагии шоистаи мардум гардида, мушкилоти зиёд эҷод кард. Зарурат ба вуҷуд омад, ки пеши ин исрофкорӣ, худхоҳӣ, хурофотпарастӣ, тақлиди фарҳанги бегона гирифта шавад. Мо ин хатарҳоро бештар аз пештар эҳсос мекунем. Ҳол он ки аз оқибати ногувори онҳо ба ҳисси дилсӯзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол пештар таъкид намуда буданд. Инчунин, ба хотири рафъи оқибатҳои бади он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба ин тариқ, зарур шумурданд, ки бо қабули қонун на танҳо пеши роҳи амалҳои номатлуб гирифта шаванд, балки барои таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ мусоидат бинамоянд.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол пеш махсус ба ин хотир буд. Он нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ дониста шуд. Дигар кишварҳо ин таҷрибаи кишвари моро нек арзёбӣ карда, бо қабули қонунҳои махсус имкон фароҳам оварданд, ки пеши роҳи исрофкорӣ ва хурофот гирифта шаванд.
Тавре Сарвари давлат зимни суханронии худ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули қонуни мазкур таъкид доштанд: «Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории аксари маъракаҳо ва маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шуданд».
Дар ин муддат, яъне тайи даҳ сол, ки барои таърих вақти зиёд нест, дар баробари ба танзим даромадани расму оинҳо ва ҷашнҳои миллию диниву мардумӣ арзишҳои фарҳангӣ ҳифз шуданд. Баргузории маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо як низому тартиботи ягонаро ба худ касб кард. Мардум беҳтару бештар дарёфт, ки татбиқи ин қонуни миллӣ барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии онҳост.
Пешвои муаззами миллат барҳақ таъкид доштанд: «Бовар дорам, ки бо татбиқи пурраи қонуни мазкур дар оянда фарқияти байни расму оинҳои маҳалҳои гуногуни кишвар аз байн рафта, анъанаҳои миллиамон ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад».
Фикр мекунам, ки сари ин гуфтаи бисёр муҳим ҳар кадоми мо, дӯстдорони миллат, хоса аҳли зиё, масъулон дурусттар андешем ва дар амалӣ гардидани он ҳиссаи арзандаву чашмрас бигирем. Ин гуфта беҳтарин дастуру раҳнамоӣ аст барои пойдории миллат ва муаррифии тамаддуну фарҳанги он. Ҳамзамон, он моро иттиҳод мебахшаду пеши роҳҳои ҳамдигарнофаҳмиро мегирад.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 507

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед