logo

иқтисод

САРБАНД. САНОАТ БАХШИ ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОД АСТ

Рушди бомароми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ободкориву созандагии кишвар ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси бадастомада захираву имкониятҳои иқтисодии истифоданашуда, аз ҷумла дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ҳанӯз ҳам  хеле зиёданд. Хабарнигори “Ҷумҳурият” суҳбате орост бо Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд, оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр.
- Шаҳри Сарбанд яке аз минтақаҳои стратегӣ ва аз ҷиҳати саноатӣ рушдкардаи мамлакат маҳсуб меёфт. Айни ҳол вазъи иҷтимою иқтисодии шаҳр чӣ гуна аст?
- Рисолати Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз он иборат аст, ки иқтидорҳои мавҷуда ҳифз шуда, аз зарфияту имконоти нав кор гирифта шавад, то сатҳи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Рушди Сарбандро дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти корхонаҳои бузурги он баҳо додан мумкин аст. Бо ин ҳадаф Сарвари давлат соли гузашта дар се моҳ ду маротиба ба шаҳри Сарбанд ташриф оварда, барои таҷдиду азнавсозии ҶСК «Азот» ва НБО Сарбанд, инчунин, ифтитоҳи якчанд корхонаи дигари саноатӣ ширкат варзида, ба фаъолон, хусусан соҳибкорони шаҳр, дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
ҶСК «Азот» - собиқ заводи нуриҳои азотии Вахш солҳои пеш карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол мекард.
3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун - Я» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба имзо расид. Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани он бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли аммиак ва карбамид 360 миллион доллар сармояи муштарак ҷудо шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ин ҷо 1000 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Соли гузашта Сарвари давлат дар чаҳорчӯбаи сафари кориашон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ шинос шуданд. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мВт - ро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мВт фаъолият дорад. Дар ҳамин замина ёддошти ҳамкорӣ байни вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи тоҷик» бо Бонки осиёии рушд оид ба барқарорсозии НБО Сарбанд бо иқтидори 240 мВт ба имзо расид, ки маблағи умумии он 136 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барнома аз ду марҳила иборат буда, муҳлати татбиқаш 3 сол мебошад.
- Ба ҷуз ин ду азамати саноатӣ дар шаҳр боз кадом муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд ва барои рушди онҳо чӣ корҳо ба субут расонда шудаанд?
- Сарбанд 27 корхонаи саноатӣ дорад.  Аз ҷумла, корхонаи навтаъсиси «Беҳзод», «Рамзи Ваҳдат»,  «Аҳмадшоҳи Р.», «Лиен Шенг» ва «Нури Рушд».
Аслан, ҳадафи ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар баробари коргоҳҳои калони саноатӣ соҳибкории хурду миёна ва кишоварзӣ низ равнақ меёбанд. Айни замон 419 соҳибкорро ба қайд гирифтаем, дар заминаи рушди саноат зиёда аз 60 маркази хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ, таъмири мошинҳо, меҳмонхонаю тарабхонаҳо, чойхона, ҳаммому мағозаҳои фурӯши масолеҳу маводи ниёзи мардум сохта ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷумла, ҶДММ «Нури Дилшод» бо тавоноии истеҳсоли 90 тонна орд дар як шабонарӯз, комбинати истеҳсоли семент бо тавоноии истеҳсолии 60 тонна семент дар як шабонарӯз, комбинати истеҳсоли орди «Рушди Хатлон», коргоҳи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетон барои роҳҳои оҳан, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухтаи «Масаррат»  ва «Аминҷон», истеҳсоли лӯлаҳои пластикии қутрашон аз 80 то 315 мм ва коркарди пахтаи «Субҳи Сарбанд», коркарди қуму шағали «Роҳи дурахшон» - у «Имкон» ва «Равғани Сарбанд» ба фаъолият пардохтанд.  Мақсаду мароми саноатчиён беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва шароит фароҳам овардан барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2017    №: 149    Мутолиа карданд: 496

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед