logo

маориф

ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН. НАБОЯД БА ОН МОНЕЪ ШАВЕМ!

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи масъулон, ки то имрӯз самари чашмрас низ ба бор овардааст, мутаассифона, монеъ шудан ба таҳсили духтарон ҳанӯз ҳам яке аз мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеаи мо боқӣ монда, ки дар деҳотҷойҳо решаи мустаҳкамтар дорад. Фаъолони ҷомеа сабаби асосии ин зуҳуротро дар тангназарӣ ва дар гирдоби анъанаҳои куҳнаву зиёновар ғӯтидани баъзе аз волидон унвон мекунанд. Гуфта мешавад аксари волидоне, ки барои таҳсили духтарон монеа эҷод мекунанд, худ саводи казоӣ надоранд, ки боиси ташвиш аст.
Ба қавли сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Гулчеҳра Ғаниева, як қисме аз ин духтарон баъд аз синфи 9 - ум пайи омӯзиши ҳунар ба омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд, боқимонда воқеан ҳам аз хондан дур мемонанд. Баъзан, худи волидон  идомаи таҳсили духтаронро дастгирӣ намекунанд, ки чанд омил дорад.
Агар як қисми  волидон бо сабаби  камбуди иқтисодӣ монеи хондани духтаронашон шаванд, гурӯҳи дигар идомаи таҳсилро барои онҳо зарур намешуморанд. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки аз сабаби набудани муассисаи таълимӣ дар ин ё он деҳаи кӯҳистон мактаббачаҳо барои хондан аз ноилоҷӣ ба ҳамсоядеҳаҳо мераванд. Ин омил низ боис мегардад, ки волидайн баъди синфи нуҳум хонашин шудани духтарони худро авлотар медонанд.
- Омили дигар муҳити худи деҳа аст, ки аксари оилаҳо барои пешбурди зиндагӣ рӯ ба замин овардаанд. Ҳатто дар ҷараёни таҳсил ҳам баъзе аз оилаҳо фарзандони худро ба кори саҳро ҷалб мекунанд. Хатми синфи нуҳ бошад, баҳонаи хуби афзудани сафи кормандон дар оила маҳсуб меёбад,- мегӯяд Гулчеҳра Ғаниева.
Пас чӣ бояд кард?
Ба андешаи Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани таҳсили ҳатмии мактаби миёна яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил метавонад бошад. Мавсуф дар ин бора зикр намуд, ки: «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсил то синфи 9 ҳатмӣ ва идома додани он ихтиёрӣ мебошад. Ин аст, ки ҳамасола баъди хатми синфи 9 шумораи зиёди духтарон бино бар сабабҳои гуногун аз таҳсил дар канор мемонанд. Агар гирифтани таҳсилоти пурраи миёна ба таври ҳатмӣ дар чорчӯбаи қонун муқаррар карда шавад, дар ин ҳолат теъдоди духтароне, ки имрӯз аз таҳсил дур мондаанд, коҳиш меёбад.
Мусаллам аст, ки донишомӯзӣ муҳимтарин фазилати инсонӣ буда, ба рушду камоли маънавии шахс мусоидат мекунад, нигоҳи ӯро ба муҳит, ба оламу ҳаводис амиқу маънирас менамояд. Гузашта аз ин, гирифтани таълим ва донишҳои замонавӣ барои пайдо намудани касб ва шуғли арзанда, кам кардани шумораи бекорон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пас чаро бо истифода аз шароите, ки имрӯз давлату Ҳукумат барои насли нави ояндасоз фароҳам овардааст, дар тарбияи дурусти фарзанд, хоса духтаронамон, ки фардо машъалафрӯзи хонаҳою оилаҳоянд, бо диди тоза назар наандозем?
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2017    №: 150    Мутолиа карданд: 1861
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед