logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонданд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати кишвар равона гардидаанд. Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат мегардад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронда шудааст.
Дар қонун низоми сайёҳии дохилӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии рушди соҳа, тартиби ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи туризми дохилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонӣ ва сайёҳон, ҳамкориҳои байналмилалии соҳа ва дигар паҳлуҳои он танзим гардидааст.
Қонунҳои баимзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2017    №: 150    Мутолиа карданд: 450

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед