logo

иқтисод

САНОАТИ МЕБЕЛБАРОРӢ РУШД МЕКУНАД

Мебелбарорӣ яке аз бахшҳои зудафзоиши соҳаи саноати сабуки кишвар ба шумор меравад. Дар корхонаҳои мебелбарории кишвар имрӯз қариб тамоми ниёзҳои муштариён бароварда мешавад.
Шаҳзода Қаюмова, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт, ки соли 2016 корхонаҳои марбут ба соҳаи мебелбарорӣ ба маблағи 17,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 111 дарсадро ташкил дод. Аз маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук (702,7 миллион сомонӣ дар соли 2016) ҳиссаи истеҳсоли мебел ба 2,5 дарсад баробар аст.
Ҳоло корхонаҳои мебелбарории кишвар бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз буда, қобилияти ба талабот ҷавобгӯ истеҳсол кардани намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла барои ҳуҷраҳои корӣ, боғчаҳои кӯдакон, маҷлисгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ ва идораю нуқтаҳои хизматрасониро доранд. То 1 июли соли равон дар кишвар, тибқи маълумоти оморӣ, 40 корхонаю коргоҳи мебелбарорӣ вуҷуд дорад. Давоми моҳҳои январ – июн ин корхонаҳо ба маблағи 11 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 қариб 3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 132 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсолшуда дар як қатор корхонаҳо, ба монанди «Тоҷикмебел», «ИИ Империя», «Интермебел», «Стилла», «Тоҷик Турк Тиҷорат», «Арт Эко», воқеъ дар шаҳри Душанбе ва «7 Ганҷ» - и шаҳри Хуҷанд мағозаҳои фирмавӣ ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон, корхонаҳои хизматрасонӣ оид ба таъмири мебелҳои гуногун дархост низ қабул менамоянд, - гуфт Ш. Қаюмова.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 418

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед