logo

сиёсат

ОСИЁИ МАРКАЗӢ. НИЗОМИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАД

Дар марҳилае, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коршиносони умури сиёсӣ зарурати муборизаи муштарак бо чолишҳои минтақавию фароминтақавиро таъкид мекунанд. Зеро дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд. Аз ҷониби дигар, аксари хатарҳо хислати фаромиллӣ касб карда, дар рафъ ва муқовимат бо онҳо талошҳои дастаҷамъонаи байналмилалӣ ва минтақавӣ тақозо мегардад.
Бо назардошти ин, махсусан тайи чанд соли охир, дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ зарурати пешгирӣ ва муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир ба миён омад. Аз ин рӯ,  бунёди низоми дастаҷамъона ва боэътимоди амниятӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварҳои минтақа, инчунин, ба афзалияти минтақавӣ табдил ёфт. Айни замон таъмини амнияти минтақавӣ фишанги муҳими ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.  Ҷойи таъкид аст, ки ба ташаккули низоми амниятии минтақа ва қисман фазои пасошӯравӣ, пеш аз ҳама Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат намуданд.
Таъсиси ИДМ яке аз заруратҳои нигоҳ доштани фазои ҳамкорӣ ва равобити мутақобилан судманди ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ буд. Нақши иттиҳод дар рушди равобити кишварҳои аъзо дар давраи гузариш ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ хеле бузург аст. СААД аз ҷумлаи сохторҳои дигари минтақавие мебошад, ки барои ҳалли масоили амниятӣ фаъолият дорад. Дар оғози асри XXI хатарҳои нави ғайрианъанавӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва динӣ, ҷинояткории муташаккил ва фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Барои пешгирии ин хатару таҳдидҳо СААД дар қаламрави давлатҳои аъзои он нақши калидӣ бозида метавонад.
Ҳамкории кишварҳо дар доираи СҲШ ва мавқеъгузорӣ дар асоси Хартияи он баробарҳуқуқии давлатҳои  аъзоро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки қабули қарорҳо қатъиян дар асоси розигии ҳама ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст. Барои созмон бузургии кишвар, иқтидори иқтисодӣ ва ё ҳарбӣ, мавқеи геополитикии кишварҳои аъзо аҳамият надорад. Айни замон Созмони ҳамкории Шанхай барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти зиёдтар касб мекунад. То соли 2014 кишварҳое буданд, ки хоҳишманди гирифтани мақоми “давлати аъзо” - ро доштанд, аммо ҳуҷҷатҳои мавҷуда ба ин имкон намедод. Заминаи васеъшавии созмон сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баъди ба имзо расидани қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узви Созмони ҳамкории Шанхай гузошта шуд. Бояд зикр намуд, ки мақсади таъсиси созмони мазкур бори аввал соли 2000 дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе дар заминаи Панҷгонаи Шанхай  тарҳрезӣ гардида буд.
9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин ҷаласа сарони шаш кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон бо гузоштани имзо дар зери ҳуҷҷатҳои барои ин созмон таърихӣ, яъне қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба анҷомёбии расмиёти қабули Ҳиндустон ва Покистон ба аъзогии созмон ва додани мақоми аъзои СҲШ ба ин кишварҳоро тасдиқ карданд. Созмоне, ки соли 1996 арзи ҳастӣ намуда, минтақавӣ ба ҳисоб мерафт, айни ҳол мақоми фароминтақавиро ба худ касб намуд.
Дар дурнамо низ омили муттаҳидкунанда дар чаҳорчӯбаи СҲШ ва СААД ҳамкорӣ дар самти амният боқӣ мемонад, ки аз воқеиятҳои геосиёсӣ, рушди дохилиминтақавии кишварҳо ва зарурати гузариш ба сатҳи баланди ҳамгироии ҳарбӣ-техникӣ, инчунин, такмили механизмҳои мушаххаси пешгирӣ ва муқовимат аз хатарҳои муосир бармеояд. Аз ҷониби дигар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ҳамчун сарчашмаи хатарҳои муосири ғайрианъанавӣ ва бархӯрди манофеи абарқудратҳо зарурати ташаккули низоми амниятиро дар Осиёи Марказӣ тақозо менамояд.
Муслиҳиддин НУРЗОДА, 
аспиранти факултети муносибатҳои
байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 402

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед