logo

фарҳанг

ОЗМУНИ ДРАМАТУРГОН. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Драматургия, дар қатори ҳунарҳои таҳиягарӣ ва бозигарӣ, яке аз ҷузъҳои асосии санъати театриро ташкил медиҳад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди театр аҳамияти махсус дода, дар таҳияи барнома ва нақшаҳои дурнамои соҳа чорабиниҳои мухталифро ҷиҳати мусоидат, равнақу ривоҷи ин жанри ҳунарӣ ва сайқал додани малакаву маҳорати касбии драманависон пешбинӣ менамояд.
Вазорати фарҳанги кишвар ҳамасола семинар – озмунҳои драманависон ва таҳиягаронро мегузаронад. Озмуни ҷумҳуриявии драманависони имсола ба 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуд.

Тавре ба хонандагони рӯзнома қаблан хабар дода будем, озмуни мазкур 1 январи соли 2017 эълон гардида, ҳадафи баргузории он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавӣ дар мавзӯи муосир буд. Бино ба иттилои Тоҳири Муҳаммадризо, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг, имсол дар озмун  12 нафар драматургони кишварамон бо асарҳои тозатарини хеш иштирок карданд. «Асарҳои пешниҳодшуда таҷассумгари дастовардҳои марҳилаи навини таърихи халқи тоҷик буда, дар он дигаргуниҳои дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баамаломада, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, муқовимат бо коррупсия, пешгирии гаравидани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир инъикос гардидаанд», - иброз дошт Т. Муҳаммадризо.
Ҳайати ҳакамони озмун, ки аз муҳаққиқон, таҳиягарон, драматургон ва ходимони шинохтаи ҳунар иборат буд, ғолибони онро муайян намуд. Ибодулло Машраб, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ки ҳамвора вазифаи раиси ҳайати ҳакамонро бар дӯш дошт, дар маросими ҷамъбасти озмун эълон намуд, ки  «Ҳайати доварон ҷойи дувум ва сеюмро ба ду драматург лоиқ донистанд. Инчунин, се нафар драматургон сазовори ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ гардиданд. Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон имсол ҷойи аввал насиби ягон асар нагардид».
Тоҳири Муҳаммадризо барои намоишномаи «Баҳори Фаронса» ва Ҷумъа Қуддус барои пйесаи «Навҳаи камондор» ҷойи дувумро ба даст оварданд. Ҷойи сеюмро драматург Ато Ҳамдам барои эҷоди намоишномаи «Дар кӯчаҳои қисмат» ва Нарзулло Шарифов бо  мазҳакаи «Ишқи интернетӣ» сазовор гардиданд.
Драмнависон Абдуғаффори Абдуҷаббор бо асари «Худоназаркарда», Маҷид Салим «Шикор» ва Абдувадуд Файзиев «Маро маломат накунед» бо ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ қадр карда шуданд.  Ба ғолибони озмун диплом ва мукофоти пулӣ супурда шуд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки асарҳои ғолибонро дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба табъ расонда, дастраси ҳайати эҷодии театрҳои кишвар гардонад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 421

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед