logo

сиёсат

РОҲНАМОИ СУДБАХШ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10 - солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фаъолони мамлакат басо ҳадафманду судбахш баргузор шуд. Сарвари давлат нақши дурахшони иҷрои ин қонунро дар дигаргун шудани сатҳи зиндагии  мардум дар саросари мамлакат ва  назару  афкори онҳо нисбат ба дарки ҷашн ва маросимҳо дар тӯли даҳ сол бо далелҳои мушаххас таҳлил ва баррасӣ кард.
Зимнан ин қонун дар ибтидо як нияти нек  ва тадбири ҷиддиву  муҳими хайрхоҳонаи  Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат на танҳо дар самти ба танзим даровардани  ҷашну маросимҳо, балки ҳидояти оқилона барои ба тартиб овардани зиндагии ҳар як хонадон дар замони муосир буд. Асри нав, таҳаввулоти босуръат дар ҷаҳон, ба ҷомеаи дунё ҳамроҳ шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол, густариши муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва дигаргуниҳои равониву фикрии насли наврас, таҳдидҳои афзояндаи  ҷаҳонишавӣ ҳаминро тақозо мекард. Умре як хел зистан ва аз чорчӯбаҳои шармовари пешин нараҳидан ба манфиати миллат нест. Ба тариқи дигар гӯем, расму оинҳои асили ниёгонро чун ҷузъи фарҳанги бостон ҳифз кардан қарзу шараф аст, лекин аз баҳри бисёр чизҳои бегонаи таҳмилии расму оинҳо, ки бори зиндагиро сангинтар мекунанд ё намоиши бепардаи худнамоиву шуҳратхоҳианд, гузаштан савоб мебошад. Миллат бояд роҳу равиши зиндагияшро дар тақлиду таассуб ба аҷнабиён не, балки сазовори фарҳангу тамаддуни бумиаш аз ҳар ҷиҳат зебову  шоиста ба роҳ монад. Дар ин самт ҳидоятҳои оқилонаи Президенти мамлакат чун  кафили раҳнамоии миллат ба сӯйи рӯзгори шоиста, баланд бардоштани  сатҳи маънавии мардум амри табиист. Миллатҳое, ки соҳибфарҳанганду тамаддунофар пешниҳоди дурандешонаву  манфиатбахши роҳбари  худро хуш мепазиранд ва ба қавли  маъмул пайваста лабу лунҷи  худро ба тартиб оварда, ҳам ҳуснбахши рӯзгорашон мешаванду ҳам намунаи ибрати дигарон. Татбиқи қонун ва дастгирии он аз ҷониби мардум дар муддати  даҳ сол ҳамин зайл дастоварди дилхоҳ ба бор овард.
Суҳбати пурмуҳтавову ошкоро ва бештар интиқодии Пешвои миллат соли аввали қабули қонунро ба ёдам овард. Пас аз интишори қонун моро бо Абдураҳмон Абдуманнонов, ки корманди масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, барои ба мардум  фаҳмондани моҳияти ин ҳуҷҷат ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фиристоданд. Дар ноҳияи кӯҳистон дар авҷи гуфтугӯ бо фаъолон ба толор  пирамарде ворид шуд. Ва ин «меҳмони нохонда» чун аз масъалаву баҳс воқиф гардид, бо иҷозати раис аз ҷо бархоста гуфт:
- Бисёр қонуни хуб. Ба Сарвари давлат сад ташаккур, ки барои гирифтани пеши роҳи худсарӣ, зиёдаравӣ, худнамоӣ ва  қонуншиканӣ ин қонунро баровардааст. Лекин танзимро, қоидаҳоро мардуми одӣ не, одамони мансабдору сарватманд, онҳое, ки пули бедарди миён меёбанд, вайрон мекунанд. Кӣ маъракаи пурдабдаба мегузаронад? Кӣ ба ҳангома, мастиву пастӣ  роҳ медиҳад?
Суханҳои талху пареши мӯйсафед ба роҳбарон нафорид ва бо пичингу истеҳзо  гӯё даҳонашро бастанд. Аммо имрӯз пас аз даҳ сол вақте  Пешвои миллат бо таҳлил ва  рақамҳои дақиқ самараи иҷрои қонунро дар ғалбер нишон дод, ростии эродҳои он пирамарди якрӯ исбот шуданд. Воқеан, вайронкорони қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз низ, мутаассифона, ҳамон намояндагони  табақаи дорои ҷомеа мебошанд. Баъзеҳо чун  аз танзими ҷашну маросимҳо ва дар доираи муайян камхарҷ баргузор шудани маъракаҳо сухан ба миён ояд, норозиёна мегӯянд: «Аз ҳисоби худаш сарф мекунад. Чӣ бадӣ дорад? Ҳар хеле хоҳад, бигузор гузарондан гирад. Ба мардум нону об медиҳад – ку». Албатта, ин назари онҳоест, ки ба масъала сатҳӣ менигаранд ё бандаи шикаманд. Онҳо ҷиҳати ахлоқии масъала, кӯр-кӯрона ва ё содалавҳона дар тақлид ё пайравӣ ба сарватмандон маъракаҳои пурҳашамат, ҷашну маросимҳои беҳуда гузаронда, то гулу ба қарз ғӯтидани мардумро намеандешанд. Дили беғараз кушод. Лекин ҳақиқат ин аст, ки зӯри беҳуда миён мешиканад ва бори исрофкориҳои беҳуда солҳо фарзандони оилаҳоро азият медиҳад, онҳоро аз фароғати зиндагӣ маҳрум низ  месозад. Иҷрои қонун аз рӯйи таҳлилҳои дақиқи  Президенти мамлакат ва шоҳидии шаҳрвандон на танҳо  ба болоравии сатҳи зиндагии мардумамон мусоидат кард,  балки мафкураи хурду бузургро  ба исрофкорӣ, худнамоии беҳуда дигаргун сохт. Иҷрои ин қонун фарҳанги сарфи сарвату дороиро ба  манфиати оила ва ҷомеа дигаргун сохт ва боиси фаровонии мол дар  бозори истеъмолӣ гардид. Далелу  рақамҳои маърӯзаи  Сарвари давлат дар оина равшан  нишон дод, ки дар тӯли даҳ сол бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодӣ иҷрои қонун сатҳи зиндагии мардумамонро чӣ қадар  боло бурд, онро ободу зебо  гардонд. Маърӯза аз ҳикмату андарзҳо саршор аст. Ва ҳар як падару модар, фарзанд, узви ҷомеа бояд бофаросат ин ишораи самимии Президентро дарёбад, ки «Беҳтарин Академияи тарбия барои фарзандон хонадон  аст». Бешак, пас аз такмилу  ворид кардани пешниҳодҳои аҳли ҷомеа риоя ва иҷрои  қонун зиндагии ҳар як фард, ҳар як хонадон, дар  маҷмӯъ тамоми тоҷикистониёнро хушу гуворотар месозад. Зеро, чуноне Пешвои миллат арз намуд: «Нияти Сарвари давлат, ҳадафи қонун танҳо ба манфиати мардум аст».
Суҳбатҳои намояндагони аҳли ҷомеа, пешниҳоди онҳо барои такмили қонун дар фарҷоми мулоқот бисёр озод ва ҷолиб буданд. Барои ман хурсандибахш буд, ки  бонувони соҳибкор, аҳли дин, ҷавонон, кормандони соҳаҳои гуногун дар бораи  манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ не, балки ба  фоидаи ҷомеа ва ободии диёр ҳарф мезаданду пешниҳод мегузоштанд.  Сохтани мактабу синфхона,  кӯдакистону бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳҳо, мадад ба ятимону хонаи пиронсолон, бунёди корхонаву марказҳои  ҳунаромӯзӣ… Ин ҳама фоли нек, нишонаи худшиносӣ, миллату  ватандӯстӣ, эҳсоси волои масъулияти  шаҳрвандӣ мебошад. 
Таҳлили бандҳои қонун, ба он ворид кардани  пешниҳодҳои ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пазируфтани дастурҳои Пешвои миллат баҳри  ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ, бовар дорам, дар оянда ҷиҳати риояи оқилонаи танзими ҷашн ва маросимҳои ҷомеа моро ба дастовардҳои бузург ноил гардонда,  зиндагии мардумро хушу гуворотар мекунад. Ин мулоқоти судбахш нишон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳар як дастур, ҳидоят ва қонуни Пешвои худ бо ҳисси баланди масъулият  ва эҳтиром муносибат мекунад ва барои иҷрои он камари ҳиммат мебандад.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 472

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед