logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПОДОШИ АМАЛ
Фермере ҳангоми аз кор баргаштанаш нохост овози касеро шунид, ки ёрӣ мехост. Мард зуд ба кумак шитофт ва дид, ки писарбачае дар ботлоқ дармондааст. Бечора писарбача бо тамоми ҳастиаш талош мекард, то аз ин варта раҳо ёбад, аммо баъди ҳар як кӯшишаш ботлоқ ӯро дарунтар мекашиду ба коми марг наздик мебурд. Фермер фавран шохи дарахтеро бурида, бо он писарбачаро наҷот дод.
- Рафтем ҳамроҳи ман хона, - гуфт фермер. – Либосҳоят бояд хушк шаванд. То ин дам ту ором мешавию ба худ меоӣ.
- На, на, падарам ташвиш мешаванд, - гуфта писарак бо арзи сипос бо роҳи худ меравад.
Субгоҳон фермер фойтуни боҳашаматеро назди хонааш дида, дар ҳайрат мемонад. Баъди фурсате аз  фойтун марде, ки либосҳои гаронбаҳо ба тан дошт, баромада мепурсад:
- Шумо дирӯз писари маро аз марг наҷот додед?
- Бале, ман, - ҷавоб дод фермер.
- Ман наздатон қарздорам, ба ивазаш чӣ мехоҳед?
- Маро наранҷонед, ҷаноб! Шумо қарздор нестед. Чунки кореро, ки кардам ҳар як инсон бояд анҷом диҳад.
- На, фарзандам барои ман бебаҳост ва ин хидматро бе подош қабул нахоҳам кард. Чӣ қадар маблағе, ки дилатон хоҳад, бигӯед, тамоми эҳтиёҷатонро қонеъ хоҳам кард.
- Дар ин бора дигар чизе гуфтан намехоҳам. Худо ҳофиз! – гуфт фермер.
Ҳамин лаҳза писари соҳибхона давида ба долон баромад.
- Ин писари шумо? – пурсид марди сарватманд.
- Бале! – бо ифтихор ҷавоб дод фермер.
- Пас, биёед, ин тавр мекунем. Ман писари шуморо ҳамроҳи худ ба Лондон мебараму пардохти маблағи таҳсилашро ба зимма мегирам.
- Агар фарзандатон ҳам мисли шумо инсони шариф бошад, пас ин қарор боиси ифтихори ману шумо хоҳад шуд.
Чанд сол аз байн гузашт.  Фарзанди фермер мактаб ва баъдан донишгоҳи тиббиро хатм намуд. Ба зудӣ номи ӯ бо як кашфиёти нодираш машҳури дунё гашт. Аниқтараш пенитсиллин ихтирои Александр Флемминг.
Тасодуф буд ё амри тақдир, ки замони ҷанг фарзанди ҳамон марди сарватмандро бо бемории илтиҳоби шадиди шуш ба яке аз клиникаҳои бонуфузтарини Лондон оварданд ва ҷони ин ҷавонро маҳз ихтирои Александр Флемминг – пенитсиллин наҷот дод.
Оё медонед, ки номи ҳамон марди сарватманд Рандолф Черчилл буд. Бале, ҳамон Черчилле, ки писараш Уинстон Черчилл баъдан сарвазири Британияи Кабир интихоб мегардад.
Воқеан, сухани Уинстон Черчилл аст, ки гуфта буд: «Амали кардаат бе подош нахоҳад монд».
Таҳияи М. САНГМАМАДОВА


ҲИКМАТ
Яке аз наздикони Суқрот бо ҳаяҷон гуфт:
- Медонӣ роҷеъ ба яке аз шогирдонат чӣ шунидам?
- Лаҳзае сабр бикун! - посух дод Суқрот, - пеш аз он ки чизе бигӯӣ, хоҳиш мекунам ба се пурсиши ман ҷавоб бидеҳ.
- Бифармоед, ин се пурсиш кадом аст?
- Оё комилан боварӣ дорӣ, он чиро, ки мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, ҳақиқат дорад?
- На, фақат дар мавридаш шунидаам, - ҷавоб дод ӯ.
- Он чиро дар мавриди шогирдам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, оё хабари хуб ва хушҳолкунанда аст?
- На, баръакс.
- Пас, оё он бароям судманд аст?
- На, устод!
- Агар мехоҳӣ ба ман чизеро бигӯӣ, ки на ҳақиқат дорад, на хуб аст ва на судманд, пас, чаро аслан онро ба ман мегӯӣ?
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ТАСАЛЛО
Мо аҳамият ҳам намедиҳем, ки бо шахсони бузурге дар як шаҳр ба сар мебарем. Ҳар рӯз онҳоро мебинем, чандин бор бо ҳам   салому алейк кардаем. Вале, ҳодисае, ки бо як сокини хурдакаки шаҳри Берлин рух додааст, хеле аҷиб аст…
Франс Кафка, ки гирифтори бемории сил буд, ҳар рӯз барои сайругашт ба боғи шаҳр меомад.  Боре бо духтарчае вохӯрд, ки аз гум шудани лӯхтакаш мегиряд.
Кафка ба духтарак кумак кардан хост. Ҳар ду то дер гоҳ лӯхтакро ҷустуҷӯ карданд. Адиб духтараки аз ҷустуҷӯ хасташударо таскин бахшида, маслиҳат дод, ки пагоҳ дар ҳамин ҷо вохӯрда, боз кофтуковро идома диҳанд.
Пагоҳ аз зери дарахт мактубе ёфтанд. Дар он лӯхтак ба соҳибаш чунин навишта буд: «Азизакам, аз гум шудани ман хавотир нашав. Ёд дорӣ, ҳамеша орзу мекардем, ки калон шавем ба сафари дунё мебароем. Бе ту ба сафар баромадан намехостам, вале як ҳодисаи аҷибе бо ман рух дод…» Ҳар рӯз Кафка бо духтарак ба ҷустуҷӯи лӯхтак мебаромаданд, аз зери дарахт мактуби нав пайдо карда,  ҳодисаҳои аҷиби бо ӯ рухдодаро бозавқ мехонданд…
Дар ин миён аҳволи Кафка бад шуд. Ба ӯ маслиҳат доданд, ки барои идомаи табобат ба Вена сафар намояд. Пеш аз сафар Кафка ба духтар лӯхтаки наву зебоеро ҳадя намуд. Лӯхтак дар даст мактуб дошт. «Азизакам, ман туро пазмон шудаву баргаштам, сафар  на танҳо ҷаҳонбинии ман, балки зоҳирамро низ тағйир дод…»
Бо гузашти солҳо ва хондани чандин китоб, духтарак аз рӯйи услуб дарёфт, ки аз номи лӯхтакаш ба ӯ адиби бузург Франс Кафка мактуб менавиштааст.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ҚАВЛИ МАРД
Бо ин ронанда, ки ҳамкасбонаш ӯро бо сабаби солортар буданаш Бобосамад меноманд, дар роҳ ошно шудам.
28 ноябри соли 2015 буд. Чун ба Истаравшан расидаму пули роҳкироро додам, нагирифт. «Имрӯз зодрӯзи ман аст, пул намегирам», - гуфт ӯ. Дар аввал бовар накарда, дубора муздашро доданӣ шудам, аммо боз ҳам рад кард.
Баъди ду сол бо ӯ вохӯрдам ва сабаби хайрхоҳии рӯзи мелодашро пурсидам. Ӯ гуфт: «Соли 1998 дар роҳи Истаравшан зери тирборони силоҳбадастони номаълум мондем. Чор тир ба сабукрави ман ҳам расид, аммо ман ва ҳама аъзои оилаам ҷон ба саломат бурдем. Аз ҳамон замон рӯзҳои зодрӯзи худам, оилаам ва фарзанду набераҳоям, дар маҷмӯъ 8 рӯз, аз саҳар то шом мусофиронро аз ноҳияи Деваштич то Истаравшан ва баръакс бемузд мебараму меорам».
Абдусамад Абдуқаҳҳоров аз соли 1967 ронандагӣ мекунад. Дар давоми ин солҳо 70 мошинро бо тамғаҳои гуногун иваз кардааст. На танҳо пойдевор, балки кохи зиндагиашро аз музди ронандагӣ бино кардааст. Ӯ мегӯяд: «Дар лаҳзаҳои вазнини рӯзгор ман ин касбро тарк накардам. Ба ҳеч кас ваъда надодаам, аммо дар назди худам қавлу қарор дорам. Бисёр касон аллакай кадом рӯз бепул кирокашӣ карданамро медонанд».
Ҳар кас метавонад мувофиқи тавону ҳимматаш хайру саховат кунад ва дар назди виҷдони хеш софу рӯшан бошад.
Б. БАҲОДУР  


ҲАЙРАТ
Дар таваллудхонаи шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова тифле ба дунё омад, ки дарҳол ба сухан даромада табибонро дар ҳайрат гузошт. Падару модар низ дар қатори табибон ҳайрон шуданд, номи писарро Степан гузоштанд.
Мария Папова, момодояи таваллудхона дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Жизнь» чунин гуфтааст:  «Ман дар ҳайратам, ки тифли навзод чи тавр ба гап даромад! Ба гӯшҳои худам бовар намекардам. Вай пай дар пай такрор мекард - «Папа, папа». Ман аз соли 1986  инҷониб ба ҳайси момодоя кор мекунам, вале ин гуна навзодро надида будам». Барои муайян намудани ин ҳолати ғайриодӣ табибон ва олимон ба таҳқиқ шурӯъ карданд. 
Рӯзи дувум, вақте модар ба тифлаш мегӯяд: «Ана ҳозир падарат меояд», Степан бо саволи «Падар кист?» модарро аз ин ҳам зиёдтар ҳайратзада мекунад.
Алҳол ҳамин қадараш маълум шудааст, ки Лиза ва Радион – волидони  Степан ҳангоми дар батни модар будани тифл ҳамеша бо вай суҳбат мекарданд.  Ҳатто барои Степан, ки ҳанӯз ба дунё наомада буд, китоби шеъру афсонаҳоро мехонданд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


МАРГИ ХАСИС
Хасис лаҳзае пеш аз марг бо овози пасту хаста:
- Ҳамсарам ту ин ҷойӣ?
- Бале, дар паҳлуят ҳастам.
- Фарзандонамон чӣ?
- Ҳаминҷоянд.
- Набераҳои азизам чӣ?
- Бале, ҳама сарҷамъ бо шумоем.
- Пас, дар ошхона чароғ барои кӣ месӯзад?!

РАМА
Соати сеи шаб, занги телефон:
- Мебахшед, мабодо аз назди хонаи шумо рамаи гӯсфанд нагузашт?
Соҳибхона оромона:
- Чӣ, шумо қафо мондед магар?!
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ИН АҶИБ АСТ
Асабият сабаби кӯтоҳумрӣ
Аббос Хоксор яке аз бошандагони дарозумри сайёра буда, 143 сол зиндагӣ кардааст. Сабаби умри дароз диданашро аз қаҳр накарданаш медонад. Аз ҷумла, бо 36 нафар зани давоми умри хеш зиндагӣ кардааш ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷанҷол накардааст.

Дуздони боинсоф ва зебо
Дар Иоҳаннесбург  ном шаҳри Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ  «Китоби тиллоӣ»  «ғайб» зад. Пас аз чанде китоб бо ин хатча ба шаҳрдор баргардонда шуд: «Бубахшед, гумон доштам, ки китоб воқеан ҳам аз тиллост».
***
Ҷинояткоре, ки ӯро полиси Сингапур кофтуков мекард, ба комиссари политсия номаи эътирозӣ мефиристад: «Дар тасвир намудани зоҳирам навиштаед, ки гӯё ман бадшакл бошам. Ин мутлақо нодуруст аст, ман то ҳадде марди зебоям».
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ


9 ЗАН ИРОДАИ ҚАВӢ
(Идома аз "Шоми шанбе" - ҳои гузашта)
Ин бор сухан аз заноне меравад, ки бо иродаи қавӣ тавонистанд ҳаёти худро тағйир дода, бо саъю кӯшишҳои пайваста қуллаҳои баландро тасхир кунанд.

Наталя Бехтерева
Тамоми ҳаёти худро ба соҳаи тиб бахшидааст. Муассиси аввалин  пажӯҳишгоҳи майнаи сари инсон,  таҳиягари садҳо усули муолиҷаи системаи асаб мебошад. Бехтерева ба иқтидори фавқулодаи майнаи сари инсон қоил буд ва даъват мекард, ки он ҳамаҷониба омӯхта шавад.

Малала Юсуфзай
Ҳанӯз дар 11 - солагиаш оид ба зиндагии пурмашаққати кӯдакон  дар давраи ҳукумати ҳаракати «Толибон» мақолаҳо интишор мекард, ки барои ин ба ҷони ӯ сӯиқасд карда буданд. Вале бо амри тақдир ӯ зинда монд ва муборизаи худро баҳри риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Шарқ идома дод. Малала ҷавонтарин дорандаи ҷоизаи Нобел буда, онро дар 19 – солагиаш гирифтааст ва дар олам ҳамчун муборизи озодии кӯдакон эътироф гардидааст.  
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


ҚАҲҚАҲА ҚАЛЪАИ ҚАДИМА ДАР ПОМИР
15 километр ғарбтар аз Ишкошим назди деҳаи Намангутӣ яке аз қалъаҳои (дурустараш боқимондаҳои он) қадимтарини Помири Ғарбӣ – Қаҳқаҳа ҷойгир аст. Қалъаи Қаҳқаҳа номи қаҳрамони достонӣ, шоҳи сиёҳпӯшон - оташпарастонро дорад.
Қалъа шакли дарозрӯя дошта, қисми ғарбию шарқии он 675 метр, шимолу ҷанубаш 220 метрро ташкил медиҳад. Ду қабати деворҳои мустаҳками аз хишт сохташуда, бо 56 манораи мудофиавӣ таҳким дода шудаанд. Дар девору манораҳо тарқишҳои зиёд барои набард бо душман мавҷуданд. Қалъа аз асри III пеш аз мелод то VII  мелодӣ вуҷуд дошта, бехатарии Роҳи бузурги абрешимро таъмин намудааст. Назди мавзеи дарё, ки бо манораҳо ҳифз мешаванд, дар замонҳои қадим аз маҷрои борики дарёи Панҷ пул мегузашт. 
Назди қалъа дар харсангҳои лӯндаи калон метавон сангнавиштаҳои қадимиро вохӯрд. Дидани ин мавзеи таърихӣ барои садҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб аст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД
Дар Япония марде бо номи Киото ба сар мебарад, ки монанди хирс ба хоби зимистона меравад.
***
Дар Куба шахсе зиндагӣ мекунад, ки 60 сол боз хоб накардааст. Ин шахс Висенти Медина мебошад, ки гирифтори бемории бехобӣ аст. Ӯ аз 4 - солагӣ инҷониб хоб накардааст.
***
Бадани одам он қадар карбони зиёд дорад, ки агар онҳоро ҷамъ кунем, 90 000 дона қалам сохта мешавад.
***
Дар Африқо дарахте мавҷуд аст, ки аз худ рӯшнои медиҳад, зеро дар таркибаш миқдори зиёди фосфор дорад. Шабона дар зери дарахт бе мушкилӣ китоб хондан мумкин аст.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ДУНЁҲОИ МУВОЗӢ
25 июни соли 1943 киштиҳои ҳарбии амрикоӣ дар соҳилҳои ҷазираи Алеут 7 киштии япониро зери тирборон гирифтанд, вале японҳо як тир ҳам накушоданд. Баъди ҷанг маълум шуд, ки дар ин ҷо киштиҳои японӣ боре ҳам лангар напартофтаанд.
…25 октябри соли 1974 Роберт Вайоминг ба шикор рафт, наздикии шом ба бизоне вохӯрд. Сӯи буқаи филпайкар тир парронд. Баъд гаранг гашт: тир оҳиста – оҳиста, ба монанди навори сусткардашудаи кино 15 метр парвоз карду ором, чун барги зарди дарахт, ба замин уфтод.  Даҳони шикорчӣ воз монд. Каме ба худ омада буд, ки боз шах шуд: каме дуртар чизеро дид, ки монанд ба… киштии кайҳонӣ буд. Дар назди он махлуқҳое ҷунбуҷӯл доштанд. Яке назди шикорчӣ омад ва пурсид: «Худро чӣ тур ҳис мекунӣ?»…
Вайоминг танҳо пас аз 4 рӯз дар беморхона ба ҳуш омад…
Оид ба чунин ҳодисаҳо дар бойгонии ҳамаи кишварҳо маълумот ҳастанд. Вале чун қоида онҳо аз диди назари олимон дар канор мондаанд, шояд барои он ки илман таҳқиқ намуданашон ғайриимкон аст. Аммо, хушбахтона, ҳастанд олимони алоҳида, ки нотарсона ба омӯзиши ин воқеаҳои «шарҳнаёбандаи ҳайратангез» даст задаанд. Ва таҳқиқгарон ба он бовар карданианд, ки гипотезаи мавҷуд будани дунёи мувозӣ (параллелӣ) ҳуқуқи баррасӣ гаштан дорад…
- Дар Кайҳон якбора якчанд дунёи мувозӣ вуҷуд дорад, бо бисёрии онҳо мо метавонем робита пайдо намоем, - чунин аст хулосаи асосии ин гипотеза. Воситаи одии муошират бо дунёи мувозӣ хоббинӣ аст. Воқеияти дар хоб гузаштаистода моро водор месозад пиндорем, ки ҳама чизи дидаистодаамон ҳақиқист. Тасаввуроти мо аз хоббинӣ иттилои зиёд мегирад. Суръати додугирифти маълумот дар ҳангоми хоб хеле баланд аст. Дар як дақиқаи хоббинӣ аз назди чашми ботинии мо як филми бисёрсериягӣ мегузарад.
Дар хоб тимсоли махлуқҳоеро мебинем, ки дар Замин нестанд, аз мо фарқ мекунанд. Онҳо аз куҷо меоянд ва онҳоро дар ҳаёти воқеӣ оё дидан мумкин аст?
Коинот аз атомҳои беҳисоб иборат аст. Неруи бузург доранд атомҳо, вале то молекула шуда ба «ҷисм» табдил наёбанд, мо онҳоро бо чашм дида наметавонем.  Охир, ҳамаи мо ҳам аз атомҳо иборатем. Атомҳо ҳамеша дар ҷунбишанд. Вобаста аз намуд ва сохти атомҳо ин ҷунбишҳо дар фазо зичӣ, суръат ва самтҳои гуногун доранд. Воқеан, ҳамин гуногунрангӣ сабаби мавҷудияти мо мебошад. Агар бо суръате, ки дар хоб мебинем, ҷисми мо ба ҳаракат дарояд, он гоҳ мо ҳамдигарро дида наметавонем. Фарз кардем, ки ба мо ҳаракат намудан бо суръати мавҷи радио даст дод. Дар ин ҳол дар чанд сония гирди Заминро давр мезадем, баҳру уқёнусҳо, кӯҳу дамонро медидем, вале шахси дигар моро намедид, гумон мекард, ки мо лаҳзае ба куҷое ғайб задаем.     
Акнун тасаввур менамоем, ки дар шафати мо, ҳамчунин, дунёест, ки бо суръати мавҷи радио гардон аст. Оё мо будани онро эҳсос менамоем? Албатта, не. Зеро ҳиссиёти бинишамон суст аст. Вале тасаввуроти мо онро дарк месозад ва гоҳе аз худ мепурсем: «Ин одамро дар куҷо дида бошам?». «Шояд ман дар ин ҷо боре будам?». «Ин бӯй ба ман шинос аст» ва ғайра. Аммо ба умқи ин саволҳо намерасем, чунки ин воқеаҳо дар куҷое, дар нуқтаи расиши ду дунё – дунёи мо ва дунёи мувозӣ шояд рӯй дода бошанд…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


АЗ ТАЪРИХИ МЕДАЛҲОИ ОЛИМПӢ
Бори аввал қарори ҷорӣ намудани  анъанаи бо медал мукофотонидани барандагони Бозиҳои олимпӣ соли 1894 дар Конгресси якуми олимпӣ ду сол қабл  аз баргузории Бозиҳои якуми олимпӣ дар Афина (Юнон)  қабул гардид. Ҳамаи қоидаҳои асосии ҷоизасупорӣ  ва принсипҳои  умдаи он  дар маҷмӯаи асноди оинномавии Ҳаракати  олимпӣ -  Хартаи олимпӣ навишта шуд. Принсипи асосии дар Хартаи олимпӣ навишташуда ба барандагон мувофиқи мақомҳои ишғолкардаашон супурдани медалҳо буд. Ба гирандагони ҷойҳои якуму дувум медали нуқраии 925 қирот тақдим мегардид, аммо медали ғолиб бо  пӯшиши  шашграммаи тиллои холисаш фарқ мекард. Қутри он қариб 60 ва ғафсиаш 3 миллиметрро ташкил медод. Барои  ишғолкунандагони ҷои сеюм медали  биринҷӣ супурда мешуд. Ин андозаи муқарраршуда дар тӯли солҳои зиёд тағйир намуд. Шакли маъмули доиравии он низ соли 1900 дар Олимпиадаи дувум дигар шуд. Дар Бозиҳои сеюми зимистонаи олимпӣ дар соли 1932 бошад, медалҳои ба шакли барҷастаи сикказадашуда роҳандозӣ гардиданд.
То соли 1960 медалҳо бидуни занҷир ё гарданбанд буданд ва ба дасти ғолибон дода мешуданд. Созмондиҳандагони Бозиҳои олимпии соли 1960 дар Рим бори аввал занҷирҳои нозуки биринҷии ба шакли шохчаи зайтунро, ки ба гардани варзишгарон овехта мешуд, истифода бурданд. Медалҳои олимпиадаи солҳои 1972, 1998, 2002 аз фарққунандатарин медалҳои Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мегарданд. Дар болои онҳо барои ба роҳат овехтани лента сӯрохии иловагие сохтанд. Баъдан ин идея дар тамоми бозиҳои олимпӣ ҷонибдорӣ гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЧӢ ТАВР МИЛЛИАРДЕР МЕШАВАНД? ЧАНД ПЕШНИҲОДИ ҶОЛИБ:
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
Нобарорӣ метавонад ё шуморо нобуд созад ё қавитар гардонад. «Он чизе ки туро намекушад, туро боқувват мегардонад». Ман ба одамоне, ки нокомиро аз сар гузаронда, барои ба бозӣ баргаштан дар худ боз қувва пайдо кардаанд, эҳтироми бузург дорам.  

Агар шубҳа доред, ба худ бовар кунед ва чунин ҳисобед, ки ҳатман ғолиб мешавед. Ягон нафар инро ба ҷойи шумо намекунад. Аз дигарон ризоиятро наҷӯед ва ба андешаи атрофиён начаспед. Бовариро дар худ ташаккул диҳед.

Ин қоидаи одиро ҳамеша дар хотир доред:  либосро мебояд барои он коре пӯшид, ки доштан мехоҳед, на барои оне ки доред.

Ба қаднамо бештар нигаред: шумо бояд бо аксе, ки дар он таҷассум мешавед, ифтихор дошта бошед. Корҳоятон ҳамон тавре мешаванд, ки шумо менамоед.  

Ҷамъоварии маблағро барои пардохти омӯзиши фарзандонатон аз рӯзи таваллудашон ё ҳатто барвақттар аз он оғоз намоед. Маълумоти хуб маблағи зиёдро талаб мекунад, ва таъмини имкониятҳои хуб барои оғози ҳаёт, ниҳоят муҳим мебошад.

Воситаи ягонаи сарватманд шудан – ин ҳақиқатнигорӣ ва бовиҷдонӣ аст. Шуморо мебояд ҷаҳони фиребое, ки танҳо дар саҳифаҳои маҷаллаҳо ва экрани телевизор мавҷуд аст, тарк намоед. Ҳама чиз на он тавре осон аст ба даст меояд, ки шуморо бовар мекунонанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 509

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед