logo

иқтисод

АГАР КАМБУДИҲО БАРТАРАФ ШАВАНД …

Аспи Анушервони Рустам, чобуксавор аз шаҳри Душанбе, бо лақаби «Рахш» дар қувваозмоӣ бо зиёда аз 40 аспи зоти тоҷикию англисӣ дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» - и шаҳр  ғолиби мусобиқаи навбатии аспдавонӣ гардид. Аз аввали сол ин сеюмин пойга мебошад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пешрафти соҳа баргузор шуд.
Рушд додани варзиши аспсаворӣ ва дигар хизматрасониҳо тавассути асп, масалан, имкониятҳои васеи истифодабарии фойтунҳо барои хизматрасонӣ дар хонаҳои ақди никоҳ, намоишҳои сиркӣ, савории кӯдакону наврасон дар рӯзҳои таътил манфиатоваранд. Дар Амрико ва Арабистони Саудӣ аз фурӯши як асп ба маблағи беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст мегиранд. Дар ҷумҳурӣ аспи аз ҳама гарон бо арзиши 50 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш рафтааст. Албатта, нигоҳдории асп, агарчи хароҷоти зиёдро талаб кунад ҳам, даромади он бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда дучанд аст. 
Ҷамшед Машрабов, сардори Федератсияи пойга ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки натиҷаи бомуваффақи аспҳои зоти тоҷикӣ дар сабқатҳо, воқеан далели он аст, ки ин зот метавонад берун аз хориҷи кишвар низ талабгори зиёд дошта бошад. Мақсади федератсия низ баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва муаррифии зоти асили тоҷикӣ дар сабқатҳо мебошад. Муҳим он аст, ки ҳоло шаҳрдорӣ дар раванди гузариш ба марҳилаи нави рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба пешрафти ин соҳа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст ва нақша дорад он натиҷаҳоеро, ки аспҳои зоти тоҷикӣ қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо иштироки фаъолона дар сабқатҳои байналмилалӣ Осиёю Аврупоро тасхир кардаанд, аз нав ба даст биоварад. Барои ин хоҷагиҳои асппарвар пайваста ба сикли такрористеҳсолкунии аспҳо – аз интихоб то гирифтани тойҳо, парваришу саворӣ ва озмоиши онҳо дар шароити ипподром, фурӯш ё таъйини аспҳо машғул шуда, дар маҷмӯъ, дар корҳои зотпарварии дохили хоҷагӣ то андозае муваффақ шуда истодаанд.
Тавре Абдураҳмон Ҷобиров, сардори раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, иттилоъ дод, тамоюли камшавии саршумори асп дар ҷумҳурӣ  бо амалишавии “Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2016” нигоҳ дошта шуд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, то якуми январи соли 2017 саршумори аспҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии “Асппарвар”, ки дар доираи татбиқи барнома аз нав барқарор гардид, 90 сарро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бошад, 79 993 сар асп мавҷуд аст. Барои нигоҳубини онҳо саисхона ва биноҳои ёрирасон, ҳамчунин, замини корами шартан обӣ ва чарогоҳ фароҳам оварда шудааст. Мушкил дар он аст, ки барои ба мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тайёр кардани аспҳо набудани майдони ҷумҳуриявӣ барои  тамрину санҷиши онҳо монеа эҷод мекунад. Норасоии саршумори айғирҳои асилзоти тоҷикӣ ва англисӣ низ дар рушди минбаъдаи соҳа халал ворид месозад.
Мавриди зикр аст, ки дар шабакаи хоҷагиҳои зотпарварӣ 8 хоҷагӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 900 сар асп парвариш мекунанд. Онҳо асосан генафонди аспҳои зоти тоҷикӣ буда, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ таҷдид карданашон манъ аст.
Бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта барои рушди соҳа, хусусан намуди варзиши аспсаворӣ, ки  дар замони муосир яке аз намудҳои маъмул ва сердаромад ба ҳисоб меравад, ба манфиати кор хоҳад буд, ҳам варзишгарон ва ҳам ҳаводорони аспсаворӣ имкони дар бахшҳо тамрин карданро пайдо мекунанд.  
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 412

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед