иҷтимоиёт
ДАРВОЗ. РОҲҲОИ ХАРОБГАШТА НАВСОЗӢ МЕШАВАНД
Тавре «Ҷумҳурият» хабар дода буд, бар асари фаромадани селҳои азим аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ду қитъаи шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Кулма ба масофаи зиёда аз як километр дар мавзеъҳои Хостав ва Ширговади ҳудуди Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз бо сабаби дам хӯрдани дарёи Панҷ зери об монд.
Баъди бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои ҳодиса омадани Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ва масъулини соҳаи роҳдорӣ корҳои барқарорсозии пайомади офати табиат суръати тоза касб намуданд. Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ то деҳаҳои Ёгед ва Ширговад кушода шуд.
Барои пурра аз нав барқарор кардани ин қитъаи мушкилгузари роҳ фурсати муайян зарур аст. Ҳоло мутахассисони пуртаҷрибаи кишвар дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ роҳи нав месозанд. Кор ин ҷо шабу рӯз бомаром идома дорад. Роҳсозон бо хӯроки гарм ва шароити кору истироҳат таъминанд. Имрӯзҳо иртиботи нақлиётӣ тавассути роҳи баландкӯҳи ағбаи Хобурубот ҷараён мегирад. Як ҳафта боз боркашонии таъҷилӣ, пеш аз ҳама, маводи хӯрока ва асбобу анҷомҳои зарурии рӯзгор ба шаҳру навоҳии Бадахшон идома дорад.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умеди Саидҷон, ҳоло коргарони муассисаи нигаҳдории роҳҳои ноҳия бо кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии вазорату идораҳои мамлакат ба тахту ҳамворкунии роҳи ағбаи Хобурубот ва пулҳои мошингузари мавзеъҳои Фаркинг, Дударгӣ, Қалъаиҳусайн ва Дашти Шер машғуланд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2017 №: 152 Мутолиа карданд: 466