logo

фарҳанг

СИПАРИ ҶОВИДОН

Ҳар шикасту рехт ва ҷабру ситаме, ки миллати ҷонсахту азияткашидаи тоҷик дар тӯли асрҳо ва марҳилаҳои пурфоҷиаи таърихӣ аз сар гузарондааст, ба сарнавишти забони модариямон ҳамзод мебошад. Инро таърихи якрӯву ростгӯ дар авроқи куҳанаш сабт намуда, ба мо ва наслҳои оянда ошкор месозад. Таърих моро меогоҳонад: ҳар хатари маргборе, ки дар замонҳои гуногун ғосибони хуношом ба қаламрави паҳновари давлату халқҳои форсинажод раво дидаанд, ҳадафи решакану нобуд кардани ин мардуми тамаддунофар ва ба нестӣ расондани забони шаҳдбори дарӣ, форсӣ ва тоҷикиро доштааст. Зеро маҳз забон зеҳну заковат, афкори баландро дар осори гаронбаҳо мегунҷонад ва ба воситаи ҳидоятҳои суханварону сарварони хирадманд ҳиссиёти бузурги ватанпарастӣ, диловарӣ, ҳимояи марзу бум, сарнофарорӣ ва адоват ба ғосибонро дар мағзи дилу устухони мардум мепарвариду мепарварад.Яъне бадхоҳи як сарзамин, як миллату давлат душмани қатоли забонаш низ ҳаст.
Дар аҳди бостон овоза ва шукуфоии давлати Сосониён ва илму фарҳанги он рашку ҳасади Искандари Мақдуниро ангехт ва ӯ барои сарнагун сохтани ин давлату зери асорат даровардани мардуми он лашкар кашид. Тохтутози Искандари худком танҳо ба шикастану вайрон кардани қасру тахти шоҳон, сӯхтану ба харобазор табдил додани шаҳру рустоҳои обод ва аз дами теғу шамшер гузарондани пиру барнои беҳисоб, тарошида нобуд сохтани ёдгориҳои таърихӣ анҷом наёфт. Лашкариён дар баробари ғорати зару ганҷи хазинаҳо ва дороии мардум бо амри Искандар беҳтарин сарвати хаттии ниёкони мо китоби «Авесто» - ро, ки аз ҳама ғаниматҳо арзиши воло дошт, ба яғмо бурда, на танҳо соҳибонаш, балки башариятро аз як шоҳкор, сарчашмаи бузурги ҳикмату маърифат маҳрум сохтанд. Аз даст рафтани нусхаи комили китоби «Авесто» талафоти махзани тамаддуни форсӣ дар як даврони шукӯҳманд буд ва соҳибони он, аз ҷумла тоҷикҳо то ҳанӯз аз он фоҷиа месӯзанд. Мақдуниҳо, ба гуфти маъмул, шикастанду сӯхтанду куштанду рафтанд, аммо ба забон фишору таҳдид наоварданд. Лекин даврони истилои араб хатари даҳшатангезеро барои билкул несту нобуд кардани забон, фарҳанг ва расму таомули бумӣ пеш овард. Дар ин марҳила сӯхтани китобу китобхона, куфр эълон кардани расму оини қадим, таъқибу куштори шахсиятҳои озодихоҳ ва аҳли илму адаби ватанпараст авҷ гирифт. Ин ҳолат муқовимати шахсиятҳои бедордилу меҳанпарастро барои ҳифзи забону асолати миллӣ ба вуҷуд овард. Зеро мутаассибони аҷнабипараст, - бадбахтона, дар ҳар давру замон ин тоифаи чоплус берӯву риё ба майдони худнамоӣ мебарояд, - бо мақсади худро ба халифаҳои араб вафодору содиқ нишон додан ва ҷову мақоме пайдо кардан забон ва фарҳанги аҷнабиро пазируфта, парчамбардори тарғиби он шуданд, то мардуми авомро ба худ пайванданд. Ин амал нафрату ғазаби неруҳои озодихоҳро шадид гардонд. Ана дар ҳамин марҳилаи ҳассос Яқуб ибни Лайси Саффорӣ бар зидди аъроб бо лашкару шамшер шермардона муборизаи оштинопазир мебурд. Вай пас аз як пирӯзӣ дар набард чун аз шоирони замон ба забони арабӣ дар васфи далериву зафараш шеър шунид, нохуш шуд ва изҳори хашму норизоӣ намуд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт»? Лайс бо ин ишора нафрати худро ба истилои араб ва тарғибгарони забони бегона ошкор сохт. Лекин дар аҳди амирони Сомонӣ, ки давлати бузурги тоҷикон бунёд ёфт, кохи бегазанду шукӯҳманди забон, адаб, илм ва дафтару давлатдорӣ чунон қомат афрохт, ки оламиёнро то ҳанӯз дар ҳайрат мегузорад. Аз нав эҳё кардани ғановати забони ноби асил, расму суннати бостон дар ҳоле тарҳрезӣ шуд, ки таҳмили забони арабӣ ё ба таъбири имрӯза ҷаҳонишавӣ авҷи тоза пайдо мекард. Аммо шоҳ Исмоили Сомонӣ бо хираду дурандешӣ роҳи муросо пеш гирифт ва пойдевори аркони давлат: вазорату ҳуҷҷатнигориро дар асоси забону фарҳанг ва таҷрибаи бостон чунон маҳкаму зебо гузошт, ки ҳокимони аҷнабии пасин ҳам лоилоҷ онро пазируфтанд ва асрҳо дар ин чорчӯба фаъолият карданд. Маҳз Сомониён тавонистанд вазирони заковатманд, шоирону донишварони нобиғаро ба дарбори худ гирд оваранд, онҳоро ба кашидани тарҳи дурусти давлатдорӣ, офаридани асарҳои мондагори адабиёт, навиштани рисолаҳои барои башарият муфиди илмӣ раҳнамун созанд. Бешак, эътибори сарварони фарҳангсолор дар ҳама давру замон ба инкишофу густариши забон ва илму адаб нақши дурахшон мегузорад. Ба шарофати хидмати амирони Сомонӣ Бухоро пойтахти тамаддун ном гирифт ва дар сарчашмаҳо ба унвони «даврони тиллоии таърихи тоҷикон» сабт ёфт.
Сомониён аз рӯйи меҳр ба мероси хаттӣ дар қасри худ бо номи «Савон – ул – ҳикмат» китобхонаи бузурги шоҳӣ ороста, беҳтарин нигоштаи ниёгон ва ҷаҳонро гирд оварданд. Ин падидаи беназир шоҳроҳи забон ва илму донишандӯзиро барои пажӯҳишгарону ҳунармандон кушод. Ва дар ҳамин замон бо забони пухтаву пуробу рангини форсии тоҷикӣ ҷилд – ҷилд шеъру назм, рисола, таърихномаву тарҷума аз забонҳои дигар ба ёдгор гузошта шуд. Ин даврон дурахши ҳунари сеҳрофари устод Рӯдакӣ, заковати Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, диловари ҳайратангези Ҳаким Фирдавсӣ чун чароғи фурӯзон роҳи эҷоди меросбарони ояндаро мунаввар сохт ва ба офаридани шоҳкориҳои беназири адабиётамон замина гузошт. Ба қавле, пешиниён барои пасиниён пуланд. Вале пас аз суқути хонадони Сомониён рӯзгор ба коми мардуми мо нагашт. Ғасби давлату тоҷу тахт ғуломони хиёнаткорро ҳокиму фармонраво кард, ҳуҷуми миёншикани Чингизи хунхор зиндагии мардумро талху сиёҳ гардонд ва осори фарҳангу таърихро боз ба коми оташу хокистар кашид. Фоҷиаи фоҷиаҳо! Ба қавли сарчашмаҳо («Таърихи Сиистон») дар ин гирудор «Зи хуни тоҷик ҷаҳон гулгун» гардид.
Дар ин вазъи дилреш низ вориси ғаюру гарданфарози забонамон Носири Хусрави Қубодиёнӣ алайҳи ҳокимони ҷоҳилу бегона чунин овоз баланд кард:
Ман онам, ки дар пойи хукон
нарезам,
Мар ин қимате дурри лафзи дариро.
Ба бахти мардуми мо дар авҷи тохтутозу шиканҷаи аҷнабиён забони модарии мо чун таҳамтани пойдор дар дифои ҳастии миллату расму оинҳояш сина сипар кард ва бо вуҷуди ҳама шикасту нокомӣ дар шебу фарози таърих ба ҳайси забони ҳокимон дар минбар ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ пазириш ёфта, ҳамеша дар маснади воло устувор истода, то паҳнои Ҳинду Руму Чин доман густурд. Ғосибон аз худ зулму асорат ёдгор гузоштанд, забони мо ниҳоли ишқу дӯстӣ, муъҷизаи ҳикмат, нафосату зебоӣ парварид. Ва боиси сарфарозии мо - соҳибони забон аст, ки дар он даврони ноором аз баракати табъи латиф ва килки шакарини суханваронамон дар ҳар диёр шоҳкорҳое эҷод ва ба хазинаи адабиётамон зам шуд, ки имрӯз дар саросари дунё муштарӣ доранд. Дар ин маврид ёд овардани офаридаҳои абармардони сухан Ҷалолуддини Балхӣ ва Абдулқодири Бедил кифоя аст. Вале оғози асри бист, солҳои пуршӯру шарри инқилоби сурху «табартақсим»-и ҷумҳурӣ боз миллати тоҷик ва забони куҳанбунёдамон ба имтиҳони шадиду сангинтарин рӯ ба рӯ омад. Гап сари ин, ки пантуркистони бадният дар дили пойтахтҳои қадима гаҳвораи забонамон - ҳастии миллати тоҷик ва забони ҳазорсолаашро инкор карда, зери шубҳа гузоштанд. Таҳқири бешармона. Дар сарзамини худат ҳастии миллат ва забонатро инкор мекунанд. Ин шабеҳи он масал аст, ки «дузди зӯр соҳиби говро муттаҳам мекунад».
Ана дар ҳамин ҳолатҳои, ба қавле сарнавиштсӯз, ки бадхоҳон ҷоҳилона аз минбару матбуот ба рӯйи миллат ва забони тоҷикӣ хати сиёҳ мекашиданд, устод Айнӣ ба майдони набарди ҳимояи миллат ва забонамон баромада, далерона хитоб кард: «Тоҷикон забони ҳазорсолаи худро доранд ва ин забон давом хоҳад ёфт»! Дар он айём ин хел шермандона ба муборизаи рӯирост баромадан хатари ҷон ҳам дошт. Бисёр зиёиёни хасакӣ, фарзандони нохалаф ҳам аз бими ҷон, ҳам фирефтаи ваъдаву бандаи нафсу шуҳрат шуда, ба рақибони миллату забон пайвастанд. Кӯрнамакӣ, рӯсиёҳӣ! Дар ҷабҳаи ҳимояи забони тоҷик, бешак, дар паҳлуи устод Айнӣ шогирдони сазовору пайравони устувораш ҳам аз соҳаи илму адабиёт, рӯзноманигориву сиёсат меистоданд. Аммо як нукта бебаҳс аст, ки аз аҳди Сомониён то солҳои сиюми асри бист ҳеҷ як донишманд ё шахсияти адабӣ ба монанди устод Айнӣ дар ҷабҳаи исботи ҳастии миллату забони тоҷикӣ рустамона ҷоннисорӣ накардааст.
Иншо ва нашри китоби гаронбаҳояшон «Намунаи адабиёти тоҷик» дар он солҳои ба истилоҳ хурнез ва мақолаҳои аз ҷиҳати илмӣ мустаҳкамашон «Дар атрофи забони тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ» чун мушти обдор даҳони даъвогаронро бастанд.
Пӯшида нест, ки ҳар як забон мисли ҷисми зинда ҳамеша дигаргуниро мепазирад. Дар замони нав низ масъалаи оммафаҳм кардани забони тоҷикӣ ба миён омад. Дар ин маврид устод Айнӣ чун пиру раҳнамои миллат ба саволи «забони оммафаҳми тоҷик чист?» ин тавр посух дод: «Забони оммафаҳми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасал ва дигар бобатҳо рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад».
Маҳз ҳидоятҳои пайваста ва дурандешонаи устод Айнӣ аз ҳисоби вожаву калимаҳои зиёди гуфтугӯи мардумамон, ки решаи аслӣ доранд, забонамонро бо мурури солҳо ғаниву рангин гардонд. Устод таъкид кардаанд: «Ҳар муҳаррир ва мухбире, ки дар рӯзнома хабар ва мақола менависад, дар навиштаи худ луғату забони ҷои бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд. Аз ин луғату истилоҳҳо аз ҳама пеш бештар нависандагони тоҷик истифода бурда, дар сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд». Ва боз устод Айнӣ таъкид карданд: «Забонро аз халқ омӯхтан, ба ҳодисаҳои мусбати забони гуфтугӯӣ эътибор додан лозим аст». Андешаи устод дар мавриди меъёри истифодаи лаҳҷа басо муфид аст. «Хуш карда гирифтани лаҳҷа ва қабул карда гирифтани лаҳҷаи умумитар як масъалаест, ки бо андак-андак кӯшиш ҳал намешавад». Яъне, ин масъала омӯзиш ва муносибати заргаронаро мехоҳад. Ва устод Айнӣ ба нависандагон, хоса навқаламон ин зайл дастури оқилона додааст: «…бояд нависанда ба дараҷае сода ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ӯро фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ӯ мувофиқи қоидаи забон буда, дилчаспу шавқангез барояд». Зимнан хотиррасон мекунам, ки андешаҳои пурарзиши устод Айнӣ перомуни ҳифзи миллати тоҷику забони он чун як рукни ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик ва софкорияш дар даврони муборизаҳои шадиди таърихӣ, замоне, ки забони мо аз калимаву ибораҳои аҷнабӣ (охири асри 19 ва ибтидои асри 20) хеле махлут шуда буд, ба нашр расида, мисли чароғ роҳи соҳибзабонро мунаввар месохт. Ҳамчунин, устод Айнӣ оид ба мунозираву баҳсҳои соддалавҳонаи панэронистон, ки мо - тоҷиконро аз сарчашмаҳои адабиву фарҳангияшон маҳрум кардан мехостанд, соли 1928 чунин посухи қотеъ додааст: «Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида, дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад». Яъне, ҳамвора ҳимояи забони тоҷикӣ, поксозии он аз унсурҳои бегона, ғанӣ кардани хазинаи луғат аз ҳисоби вожаву таъбирҳои асили тоҷикӣ дар мадди назари устод Айнӣ меистад.
Росташ, ки забони тоҷикии мо дар нимаи дуюми асри бист бар асари ҷаҳонишавӣ ва сиёсати дар оянда мурдану аз байн рафтани забонҳои хурд дар ҳолати ногувор афтод: камрангу махлут шуд. Адибони ҷавони худогоҳ, равшанфикрон аз ин хатар ба ташвиш афтода, дар васфи забони модарӣ (М.Қаноат, Ғ.Сафарзода, Лоиқ, У.Раҷаб) шеъру мақолаҳо навиштанд. Ба вуҷуди сиёсати замон, муборизаи аҳли илму адаб, онҳое, ки фарзанди асил ва ҷонсӯзи миллату забон буданд, барои пойдории забон идома меёфт. Ба шарофати талошҳои пайваста соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Пирӯзӣ дар сангари ҳимояи забони модарӣ дар даврони шӯравӣ. Ин ибтидои адои қарз дар назди забони модарӣ буд. Вале ҳақиқат ин аст, ки густариши забони тоҷикӣ, ҷони тоза гирифтану рангин ва ба асолати худ наздик шуданаш маҳз баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса даврони сарварии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати фарҳангсолорияшон равнақ ёфт ва самараҳои дилхоҳ дод. Президент аз рӯзҳои аввали фаъолияташон эълон карданд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад». Оғози даврони истиқлолият, росташ, ки бисёр роҳбаронамон дар ибрози андеша ба забони давлатӣ мелангиданд, баъзеашон умуман ба забони модарӣ ҳарф зада наметавонистанд. Эроду даъватҳои Президенти мамлакат ана ҳамин «забонгумкарда»-ҳоро ҳушдор дод, ки ба омӯзиши забони модарияшон ҷиддӣ машғул шаванд ва шоҳид шудем, ки онҳо забондон ҳам шуданд.
Дар ҳошияи Ҷашни 1150 - солагии устод Рӯдакӣ соли 2008 - ро Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон кардан як падидаи бузург ба эҳтироми забон буд. Боиси сарфарозии мост, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рағми носипосону бадхоҳон забони поку гӯшнавози тоҷикии мо имрӯз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоишу гуфтугӯи сарони давлатҳои бузург дар саросари ҷаҳон садо медиҳад. Дар пойтахт ва саросари Тоҷикистони азиз сол то сол шумораи кӯдакистону мактабҳо меафзояд. Ин ҳам ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар ягон давру замон ба омӯзиш ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модариямон чун дар солҳои истиқлолият ва сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эътибори судбахш дода нашуда буд. Сарвари давлат барҳақ мефармоянд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳифаҳои таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзияш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».
Магар армони пирони илму адабиёти гузашта, орзуи аллома Айнӣ соҳибистиқлол шудани давлати тоҷикон ва умри ҷовидон дидани забону фарҳанги миллӣ, зиёда аз ин, аз ҷониби Сарвари давлат пуштибонӣ кардани арзишҳои миллӣ набуд?! Оре, мо дар чунин даврони шукуфоии давлату забонамон ва расму оинҳои миллиямон мезием. Кош фаъолияти мо ба пойдории давлату забони модарӣ ва шукуфоии ватанамон созгор афтад.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 1101

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед