logo

ҳуқуқ

ПОРА СЕ МАНСАБДОРРО БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИД

Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон се шахси мансабдорро бо ҷурми гирифтани пора дастгир карданд.
Бино ба иттилои раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон, Бобоҷон Ғоибов ҳангоми дар вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор карданаш, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз мақоми хизматӣ ба бовари шаҳрванд Ш.Тӯраев даромада, барои ҷудо намудани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз ҳисоби заминҳои деҳаи Ёсуман, 6600 доллар гирифта, ба манфиати худ истифода кардааст.
Рустам Шарифов бошад, замони ваколатдори оперативии раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  кор кардан, шаҳрванд Ш. Ҳусейновро дар маркази ноҳияи Қубодиён бо баҳонаи ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул шудан муттаҳам карда, барои нисбат ба ӯ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 3000 сомонӣ талаб намудааст. Номбурда 1000 сомониро гирифта, барои овардани маблағи боқимонда ба Ш. Ҳусейнов муҳлат додааст.
Собиқ муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Бобохон Талбаков ҳангоми дар ҳамин вазифаи масъул фаъолият доштанаш даст ба ҷиноят зад. Ӯ зимни санҷиши аризаи шикоятии шаҳрванд Н. Рӯзигелдиева нисбат ба Ҳ. Ҳавлоев вобаста ба дуздии молу мулк муайян кард, ки онҳоро Қ. Гиёев тибқи суннатҳои дини мубини ислом никоҳ кардааст. Бобохон Талбаков бо нозири минтақавии ҳамин шуъба Фарҳод Ҳомидов забон як карда, аз ваколатҳои мансабиашон берун баромада, Қ. Гиёевро ба шуъба даъват мекунанд. Баъди ба шуъба ҳозир шудан, дастони ӯро баста, то субҳ ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд ва барои озод намуданаш 25 ҳазор сомонӣ талаб менамоянд. Қ. Гиёев ба воситаи бародараш маблағи талабкардаи ин ҳомиёни тартиботро дастрас намуда, аз банд раҳоӣ меёбад.
Бо ҳукми суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба Ш.Тӯраев ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ ба муҳлати ду сол таъйин карда шуд. Суди вилояти Хатлон нисбат ба Рустам Шарифов ба андозаи 16 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин кард. Б. Талбаков ва Қ. Ҳомидов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 4 банди «б», 314 қисми 1, 316 қисми 1 ва 358 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд. Нисбат ба Б. Талбаков 48 ҳазор сомонӣ ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати се сол ва нисбат ба Қ. Ҳомидов ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 44 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати се сол таъйин карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 420

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед