logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН ВА ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Ҳоло ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори чорабиниҳои муҳим шинохта шудааст, омӯхтан ва донистани забонҳои хориҷӣ, хоса русӣ ва англисӣ амри зарурист. Дар иртибот ба ин, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  2 декабри ҳамон сол “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004 – 2014” тасдиқ шуд, ки бо назардошти муҳимияти масъала он барои солҳои 2015 – 2020 тамдид гардид.
Зулфия Сафарова, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, иброз дошт: «Дар доираи ин барнома дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Тавассути маблағҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат барои амалигардонии барнома ҷудо шуданд, соатҳоро зиёд карда, китобу маводи дарсӣ омода намудем. Дар муассисаҳои таълимӣ марказҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ  ташкил карда шуданд. Яъне, бо ин роҳ омӯзондани забонҳои хориҷӣ тариқи дарсҳои иловагию факултатевӣ низ гузаронда мешавад. Чунин марказҳо дар назди муассисаҳои таълимии иловагӣ низ таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, дар баробари омӯзиши забонҳои русию англисӣ, омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз қабили олмонию хитоӣ ва арабӣ сурат мегиранд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва ҷалби олимони ин кишвар дастурҳои таълимӣ таҳия  шуда, дар  донишкадаҳои такмили ихтисоси  Тоҷикистону Русия ва  Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон устодон давра ба давра аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Ба ин восита масъалаи омӯзиши забони русӣ бамаротиб беҳтар шуд. Аммо бо сабабҳои нарасидани мутахассисон ва дастурҳои методӣ омӯзиши  забони англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам мувофиқи мақсад нест, ки барои рафъи камбудиҳо  корҳои заруриро анҷом дода истодаем».
Воқеан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ба ин хотир, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба вазорату муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои мушаххас дода шудаанд, ки яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи он тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ мебошад.
Дар ин бора, Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм, изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар самти омода намудани мутахассисони ояндаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохилию беруна ва донандаи ду ё се забонҳои хориҷӣ дар тамоми муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии кишвар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар 11 муассисаи таҳсилоти касбӣ омӯзиши забони хориҷӣ ҳамчун ихтисос ҷорӣ гардидааст. Мутахассисон бо донистани забонҳои русию англисӣ, арабию фаронсавӣ, хитоиву олмонӣ, кореягию ҷопонӣ ва форсӣ тайёр карда мешаванд.  Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ солҳои 2017 - 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба 1882 нафар омӯзгорони фанҳои забони хориҷӣ эҳтиёҷи кадрӣ ба миён меояд. Ҳамчунин, тибқи иҷозатномаи қабули довталабон дар соли таҳсили 2017-2018 зиёда аз 10 ҳазор ҷой барои  ихтисосҳои омӯзгорӣ ба нақша гирифта шуд. Дар назар аст, ки Вазорати маориф ва илм дар муддати 3 сол эҳтиёҷоти кадрии тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумиро пурра бароварда намояд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 453

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед