logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60 - солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд. 
Дар идомаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо манфиатдории хешро ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карданд.
Дар ин замина сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши  муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

***
22 июл  гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои  ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ, ҳамчунин, ба  масоили мубрами байналмилалӣ ва  минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ,  мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд. 
Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар замони барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.
Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 344

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед