logo

иҷтимоиёт

РОҲУ НАҚЛИЁТ. ШАБАКАИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ НАЗОРАТРО ПУРЗӮР МЕСОЗАД

Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 30 декабри соли 2011, № 643 аз соли 2014 ба бунёди Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ шурӯъ намуда буд. Ин шабака барои пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, пешниҳоди саривақтии иттилооти зарурӣ ва осон намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, ин матлабро 22 июл, зимни муаррифии Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳузури масъулони Раёсати БДА ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки мақсад аз коркард ва ҷорӣ намудани шабакаи мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ВКД тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сода гардондани тартиб ва кам кардани ҳуҷҷатҳо, коҳиш додани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, автоматикунонии ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабули қарорҳои идоравӣ, инчунин, таъмини фаврият ва назорати натоиҷи фаъолияти таълимӣ мебошад.
Муовини вазири корҳои дохилии кишвар ба масъалаи иваз намудани рақамҳои қайди давлатие, ки ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунанд, рӯшанӣ андохта, иброз дошт, ки дар марҳалаи аввал он ба  шахсони воқеӣ рабт мегирад. Зикр кард, ки бо мақсади мутобиқ гардондани  рақамҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба талаботи замимаи 2 ба Конвенсия «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки аз 1 июни соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил аст, 31 октябри соли 2013 Стандарти давлатии «Рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, намуд ва андозаи асосӣ, талаботи техникӣ» таҳти рақами СТ ҶТ 1020-2013 ба ивази СТ Ҷумҳурии Тоҷикистон 1020-95 қабул шуд. Мутобиқи моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, ҷавобгарии маъмурӣ ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Ба иттилои Маҳмадсаид Саидзода, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вазъи иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани нофаҳмиҳою ба таври гуногун шарҳ додани масъалаи мазкурро ба назар гирифта, муҳлати ивази рақамҳои қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунанд, то 1 декабри соли 2017 тамдид намудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.217    №: 155-156    Мутолиа карданд: 462

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед