logo

номаҳо

МАН ҲАҚ БУДАНИ ХУДАМРО МЕДОНАМ Ё "ТОҶИКСОДИРОТБОНК" 23 000 ДОЛЛАРИ МАРО ЧӢ КОР КАРД?

Аз даврони ҷавонӣ то расидан ба синни нафақа, яъне шурӯъ аз соли 1958, ки он сол донишгоҳи тиббиро хатм намуда будам, зиёда аз 16 000 нафарро ҷарроҳӣ намуда, ҳамчун шикастабанд ба дардашон дармон бахшидаам. Яке аз аввалин нафароне ҳастам, ки ба  минтақаи Мирзочӯл, ноҳияи Зафаробод сафарбар шудам, аз вагони одӣ то ба шифохонаи номдори шикастабандии ноҳия расидани беморхона хизмат кардам.
Маъзарат мехоҳам, ин миннат нест, балки ба ёд овардани заҳматҳоям аст. Беморони шифоёфта имрӯз ҳам эҳтиромам мекунанд. Бо маоши муқарраргардида фарзандонамро калон кардам, хонондам ва соҳиби хонаву дар кардам. Ягона пасандозам ин хонаи истиқоматии ману ҳамсарам буд.  Баъди даргузашти ҳамсарам Инна Ивановна хонаи истиқоматиамро фурӯхта, ба назди писарам ба деҳаи Ругунди ноҳияи Истаравшан баргаштам. Маблағи аз ҳисоби фурӯши хона ба дастомада, ки  23 ҳазору 100 доллари амрикоиро ташкил медод, бо мақсади дар давраи пиронсолӣ сарф намудан 28 феврали соли 2014 бо 18  фоизи солона ба номи духтарам Зарина Исобоева дар филиали «Тоҷиксодиротбонк», воқеъ дар ноҳияи Зафаробод амонат гузоштам. Шартномаро оид ба ин масъала директори филиал Расулҷон Акрамов имзо ва бо муҳри бонк тасдиқ намуд. Чанд муддат мо фоизи маблағи гузошташударо барои зарурати рӯзгор сарф намудем.
Нимаи дуюми соли 2015 сарвари филиал ва дигар масъулони бонкро дастгир намуданд. Аз чунин сурат гирифтани кор хавотир шуда, бозпас гирифтани пасандозамонро талаб намудем. Аммо як хабари гӯшношуниде моро дар ҳайрат гузошт. Бинобар иттилои онҳо, дар суратҳисоби ман 100 доллар маблағ буду халос. Аз ҳамон вақт инҷониб дари тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро кӯфтам. Ба доди ман касе нарасид. Шартнома, муҳри бонк, сарлавҳаи дар асоси тасдиқи давлат кор кардани бонк - ҳама гӯё барои фиреби мизоҷ буд. Бонк имрӯз худро аз пардохти маблағам канор мегирад.
Тибқи талаботи  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ зарареро, ки корманди он ҳангоми иҷрои уҳдадории меҳнатии худ расондааст, ҷуброн менамояд. Ман борҳо таъкид намудам, ки ман маблағро ба бонк супурдаам, на ба сарвару на дигар корманди филиали он. Ҳақ будани хешро медонам, аммо  дар ин синну сол бемуттако монданам дилро сахт озурда месозад.
Бовар дорам, ки ба воситаи «Гӯшаи шаҳрванд»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» доди мо ба гӯши масъулону ходимони вобастаи ин масъала мерасад.
Обид ОҚИЛОВ, 
деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 1734

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед