logo

фарҳанг

ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ. МУШКИЛОТЕ, КИ САДДИ РОҲИ ИХТИРОЪКОРӢ ВА НАВОВАРӢ ГАРДИДААНД

Илм дар рушди ҷомеа нақши калидӣ дошта, ба тараққиёти  давлат мусоидат менамояд. Дастовардҳои илмии олимон, ки баъди омӯзишу пажӯҳиши зиёд эҷод ё кашф мешаванд, бояд ба некуаҳволии халқ, болоравии сатҳи иқтисодии ҷомеа  ва пешрафти истеҳсолот равона гарданд.
Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз авҷ накардаву  бозёфтҳои илмҳои дақиқ ва соҳаи техникаву  технологияҳои замонавӣ  назаррас нестанд. Дар замоне, ки илму технологияҳои навин ба суръати кайҳонӣ пеш мераванд, дар илми тоҷик навгонӣ кам ба мушоҳида мерасад.
Албатта, дар ин самт баъзе корҳо анҷом пазируфтаанд. Масалан, агар олимони соҳаи тиб роҳу усули  нави табобати бемориҳои дил, гурдаву ҷигарро кашф намуда бошанд, дар соҳаи кишоварзӣ навъҳои нави пахта, гандум ва картошкаи ба иқлими кишвар тобовар ихтироъ гардиданд. Кимиёшиносон натиҷаҳои илмие ба даст овардаанд, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти хоса доранд. Вале, бояд иқрор шуд, ки ин ҳама қонеъкунанда  нест. Зеро аз натиҷаи онҳо махсусан, ихтироъҳои техникӣ ҳанӯз тавре ки мебояд,  баҳраманд нагардидаем.
 
Дар роҳи рушду ҳамқадами замон  гардидани илми тоҷик чӣ монеаҳо вуҷуд доранд?
Дар кишвари мо ба ҷуз аз пажӯҳишгоҳҳои  Академияи  илмҳо дар вазорату идораҳое, ки  дар тобеияташон муассисаҳои илмӣ доранд, таҳқиқоти илмӣ гузаронда мешаванд. Яке аз масъалаҳое, ки дар ин самт ҳоло кулли олимону мутахассисони ин марказҳоро ба ташвиш овардааст, набудани ҳамгироии илм бо истеҳсолот мебошад.
- То он даме, ки дастовардҳои  нави илмӣ дар амал татбиқ намегарданд, илм пеш нахоҳад рафт, -  мегӯяд Ғафурҷон Ҳакимов, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. - Мақсад аз ҳама гуна  ихтироот мусоидат ба рушди ҷомеа  мебошад. Аммо, бештари ихтирооти олимони кишвари мо  дар амал татбиқ нагардида мемонанд. Пас, чӣ гуна метавон дар ҳалли ин ё он мушкили ҷомеа ёрӣ расонд?
Омӯзиши мавзӯъ  нишон медиҳад, ки ин мушкил воқеан ҷиддист ва ҳалли ҳар чи зудтарро тақозо дорад.
Натиҷаи илмӣ  ё ихтироъ аслан баъди омӯзиши зиёд, ҳатто баъди даҳсолаҳо ба даст меояд, аммо чун дар амал татбиқ намегардад, аз он на олим ҳисси ифтихор менамояд ва на ҷомеа манфиат мебинад. Ҷавонон чун дарк мекунанд, ки бар ивази заҳмати даҳсола  манфиате  ба даст оварда наметавонанд, аз илм дур мешаванд.
Ихтироъкорон андеша доранд, ки кам будани корхонаҳои гуногуни  саноатӣ боиси дар амал татбиқ нашудани  бозёфтҳои нави илмӣ мегарданд.
- Вазифаи олим танҳо ихтироъ намудан аст, боқӣ  кори вазорату корхонаҳои истеҳсолӣ,  соҳибкорону истеҳсолкунандагон. Мутаассифона, ҳамкории корхонаҳои саноатӣ, идораву коргоҳҳои истеҳсолӣ на танҳо бо Академияи  илмҳо, балки  бо пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ қариб ба чашм намерасад, - мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар. - Дар робита ба ин масъала  ба корхонаҳои саноатӣ, идораву коргоҳҳои истеҳсолӣ ду маротиба  мактуб ирсол намудем. Гуфтем, ки интизори фармоиши шумоем. Вале аз ҳеҷ вазорат, идора ва корхона  фармоиш ё супориш нагирифтем.
Аз ҷониби дигар, баъзан ба назар мерасад, ки ихтироъкорони ҷавон корҳои навовариашонро аз сабаби камии маблағ  ба сомон расонда наметавонанд.
Хуршед Зиёев, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми кишвар, мегӯяд, ки ба хотири дастгирии  ихтироъкорони донишгоҳҳои кишвар ҳамасола Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон се озмун баргузор менамояд. Яке аз ин озмунҳо барои   дарёфти грантҳои хурд ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва  ба охир расондани корҳои  ихтироъкорӣ пешбинӣ шудааст. Дар озмун беҳтарини лоиҳаҳои донишҷӯён ҷиҳати дарёфти  грант ҷонибдорӣ  шуда, барои ҳар нафари ғолиб аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 5000  сомонӣ ҷудо мешавад. Албатта, ин маблағ кофӣ нест, аммо, каме ҳам бошад, метавонад дар пешрафти кори онҳо мадад расонад.
Ба гуфтаи мутахассисон омили дигаре, ки садди рушди илм мегардад, гирифтани патент барои ихтироъ ва ҳимояи ҳуқуқи ихтироъкорӣ мебошад. Бозёфт танҳо  дар сурате ихтироъ хонда мешавад, ки онро  Маркази миллии патенту иттилоот эътироф намояд.  Аммо барои гирифтани патент муаллиф бояд, ки ба марказ 1700 сомонӣ супорад. Ин барои  олими ҷавоне, ки дар риштаи аспирантура таҳсил мекунаду аз ин ҳисоб моҳе то 800  сомонӣ идрорпулӣ мегирад ва ё донишҷӯи навҷӯ, ки 125 сомонӣ идрор дорад, маблағи кам нест.

Бо озмоишгоҳи куҳна бозёфтҳои ҷадиду замонавӣ анҷом медиҳем
Ба андешаи  олими ҷавони ихтироъкор Аҳмадҷон Раҳмонов омили  дигар заминаи сусти моддӣ - техникии марказҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мебошад. «Барои ноил шудан ба бозёфти нави мутобиқ ба талаботи замон корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ бояд ба дараҷаи зарурӣ, яъне, мутобиқ ба талаботи асри ХХI анҷом бипазиранд. Барои иҷрои чунин корҳо озмоишгоҳҳои замонавӣ, марказҳои илмӣ - таҳқиқотие лозиманд, ки  бо таҷҳизот ва технологияҳои наву замонавӣ таъмин бошанд. Албатта, дар кишвари мо низ чунин озмоишгоҳҳо мавҷуданд, аммо миқдори онҳо кофӣ нест», - мегӯяд ӯ.
Албатта, барои ҳалли ин мушкил баъзе тадбирҳо андешидаву роҳандозӣ шудаанд. Масалан, ба ин мақсад  дар назди Академияи илмҳо ва  донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, ки ба ихтироъкориву навоварӣ машғуланду олимони ояндаро омода месозанд, паркҳои технологӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи талабот дар ин паркҳо бояд корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, корхонаҳои илмӣ – истеҳсолии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ ташкил мешуданд. Вале, мутаассифона, ин паркҳо рушд накарданд ва дар онҳо  то кунун кори чашмрасе анҷом дода нашудааст. 

Коршиносон: "маблағгузорӣ дар соҳаи илм ҳанӯз кофӣ нест"
Чанде пеш дар Академияи илмҳои кишвар аз раванди иҷрои мавзӯъҳои илмӣ - фармоишӣ ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳо баррасӣ шуданд. Маълум гардид, ки  сифати иҷрои корҳо  ғайриқаноатбахш буда,  дар раванди иҷрои онҳо каммаҳсулӣ ба назар мерасад. Муайян гардид, ки баъзе мушкилот сабаби иҷро нагардидани мавзӯъҳоянд. Дар баробари пойгоҳи сусти моддӣ - техникии  муассисаҳои илмӣ, ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нашудани  корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва то андозае ба таҳқиқот ҷалб нагардидани  олимони унвондор аз зумраи онҳост.
- Мавзӯъҳое  ҳастанд, ки  барои омӯзиши онҳо танҳо як  устоди унвондор шомил аст ва ё роҳбарии кори илмиро ба зимма дорад, аммо дигарон умуман унвони илмӣ надоранд. Яъне, доир ба баъзе мавзӯъҳо ҳанӯз  ҳам мактабҳои ҷиддии илмие, ки бояд ба омӯзиши ин масъала машғул шаванд, ба вуҷуд наомадаанд,- мегӯяд Фарҳод Раҳимӣ.
Таҳқиқ, омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки пайдо гардидани мушкилоти зикршударо аслан як сабаб аст. Камии маблағ.
Аз рӯи мушоҳидаҳо кишварҳое, ки дар онҳо  илм воқеан маблағгузорӣ мешавад, илми пешрафта доранд.
Албатта, дар кишвари мо низ маблағгузорӣ ба соҳаи илм сол ба сол зиёд мегардад, аммо тавре коршиносон мегӯянд, он ҳанӯз кофӣ нест.

Пас, чӣ бояд кард?
Ба ин савол бо як иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон посух гуфт: «Албатта, илм чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс, он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм ба натиҷаҳои муайян умед бандем. Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки  муваффақияти мо моли мост ва бояд барои таҳкими дастовардҳо ва дар айни замон ба хотири рафъи мушкилоту монеаҳои мавҷуда пайваста кӯшиш намоем».
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 521

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед