logo

фарҳанг

САДРИДДИН АЙНӢ ВА ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ҶОНСАХТ

Забон ҳамаи пастию баландии иҷтимоию сиёсӣ, зиддиятҳои пурпечи таърих, дараҷаи инкишофи илму адаб, санъатро чун оина дар худ акс кардааст. Дар ин марҳалаҳо омилҳое дар ҷомеа пеш омаданд, ки боиси сустӣ, аз инкишофи табиӣ бозмондани забони адабии тоҷик шуданд. Бо вуҷуди эҷоди садду монеаҳо ва ҷабрҳо ин забони муҳташам,то ғалабаи Инқилоби Октябр ва ғасби Бухорои Шариф забони дарбору давлат монд. Баъд чун забони расмии давлатии хонигариҳои Осиёи Миёна мавқеашро ба забони туркӣ дод. Пантуркистон ва миллатчиёни буржуазӣ мавҷудияти тоҷикон ва забони тоҷиконро «беҳуда ва зиёдатӣ» ҳисобида, қисмати онро дар ҷараёни иҷтимоӣ «ҳалшуда» медонистанд. Мегуфтанд:«Забони тоҷикӣ оянда надорад», тоҷиконро «ақибмонда, барои  худидорасозӣ ноқобил» мегуфтанд ва ин «қавмҳои хурд»-ро ба кӯҳистон ронданд. Аз касоне, ки дар Бухоро ба тоҷикӣ ҳарф мезаданд, ҷарима меситониданд. Ин ба рӯҳу равони тоҷик таъсири манфӣ расонд, аз матни фарҳанги қадимашон дур андохт.
Ормони равшанфикрони даврони шӯравӣ он буд, ки муҳити забони тоҷикӣ дар ҳукумат мавқеъ пайдо кунад, вусъат ёбад, аммо накард. Алифбо дигар шуду дари хазинаҳои пурзарру гуҳар, марвориди адабу идроки гузаштагон, донишмандон, панду андарзи афроди бонангу номуси ориёнажод ба рӯйи фарзандон, наберагон маҳкам баста гашт. 
Ғосибон бо баҳонаи босмачигарӣ беҳтарин ҳунармандон, фозилон, мутафаккиронро, ки дар ташаккули забони тоҷикӣ саҳм доштанд, нест мекарданд. Бархӯрди ҳақиқатҳо, сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-30-юми асри ХХ фоҷиаи бузург буд.
Дар бораи тоҷик ва забони тоҷикӣ, калимаи «тоҷик», маъно ва давраи пайдоиши он баҳсҳо зиёд идома доштанд. Зимни тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна пантуркистон идао доштанд, ки «тоҷик» ном халқ вуҷуд надорад. Соли 1928 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» чунин суханони пантуркистон омадааст: «узбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, туркманҳо ва ғайра миллатҳое, ки ба ирқи муғул тааллуқ доранд ва ҳар якеро имрӯз як миллати мустақили ҷудогона мешуморанд, дар ҳақиқат, ҷузвъҳои як миллатанд, тоҷикзабонон ҳам дар асл турканд, дар зери таъсири адабиёт ва маданияти Эрон забон ва миллати худро гум кардаанд. Бояд онҳоро турк кунем ва аз тамоми онҳо як миллати бузурги турк ба вуҷуд орем, як давлати муаззами турк барпо созем. Дар таҳти таъсири як мафкура ва барои ба вуҷуд овардани ин мақсадҳо мо душмани забони тоҷикӣ будем» («Дарси хештаншиносӣ, с.69). Шамсиддини Сомӣ дар «Қомус-ул аълом» (асри ХIХ) менависад: «Тоҷик дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониёни Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст». Бемантиқию ғаразнокии иддаои муаллиф дар он ошкор мешавад, ки ӯ аввал тоҷиконро эрониасл номидаасту баъд турк.
Устод Айнӣ дар «Маънии калимаи тоҷик» менависад: «Яке аз шовинистони туркони усмонӣ, ки бошандаи Миср буд, як вақт исбот кардан хост, ки Фирдавсии Тӯсӣ, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аслан турканд». Далели он ҳаммаъно будани вожаҳои Туркистон ва Тӯрон аст, ки гӯё ватани қадимаи туркҳост.
Ҳол он ки ҳамагон медонанд, ки ин вожа аз номи яке аз қаҳрамони «Шоҳнома» аст. Академик А. А. Стариков менависад: «Тӯрониён аслан киёнанд ва кишвари онҳо дар куҷост? Бешубҳа, ватани онон дар шимолу шарқи Эрон буда, сарҳадаш ба дурустӣ нишон дода шудааст: Ҷайҳун (Амударё). Аз ин рӯ, Тӯрон ин Варазрӯд, Мовароуннаҳр, Туркистон! Оё ин маънои онро надорад, ки тӯрониён турканду ба эрониён муқобил гузошта шудаанд? Аммо ин гуна муқоиса ҳеҷ асосе надорад». Олим дар ин нигоштаҳо исбот кардааст, ки Хоразму Мовароуннаҳр, ки ҳоло ҳудуди туркзабон мебошад, дар замонҳои қадим сарзаминҳои азалии қавми ориёӣ будааст.
Дар «Авасто» вожаи «тӯр» дар шакли осу-аспа-дорандаи аспи тездав омадааст, ки мафҳуми душмани эрониёни шаҳрнишинро ифода менамояд. Шакли ин вожа Тӯрийяна аст. Ба ақидаи доктор Забеҳуллои Сафо: «Ҳамин таҳқиқ моро мусоидат мекунад, ки нажоди тӯрониро шуъбае аз нажоди ориёҳои эронӣ бидонем ва хати бутлон бар тамоми ишороте дар бораи турк донистани тӯрониён шудааст, бикашем…. Қавми эрониёне, ки…. шаҳрнишин шуда буданд, қабилаҳои ории дигареро, ки ҳанӯз чодарнишинӣ мекарданд ва ба сарзамини ободи муҷовири худ, дар талаби неъмат ҳуҷум меоварданд, бозпас меронданд ва ғайр аз худ мешумориданд. Номи шоҳон ва паҳлавонони Фаранграсяна (Фаросиёти, Афросиёб), Карасавазда (Гарсеваз), Ариҷатаспа (Арҷосп - дорандаи аспи боарҷ), Вандаремайниш (Андермон), Ваэсака ва хонадони ӯ ҳама номҳои эронӣ аст ва ҳеҷ як бо ҳеҷ сурат ба исмҳо ва калимаҳои уралу олтойӣ намемонанд ва мутлақан шабоҳате надоранд, аслан ориёиёни эронӣ дар давраи тадвини «Авасто» бо қабилаҳои зардпӯсти уралу олтойӣ ҳамсоягӣ ва аз онон иттилооте надоштанд» (М. Умарзода. «Маънои тоҷик», «Тоҷикистони Советӣ», 25.09.1988). Олимони машҳури шарқшиноси рус рӯзгори мардуми Осиёи Миёнаро таҳлил карда, ба ин хулоса расиданд, ки қабилаи туркнажоди Олтой, Ҳафтрӯд ва Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри VI ба як давлати бодиянишин муттаҳид шуданд. Е. С. Бертелс   менависад: «Дар Осиёи Миёна халқҳои турк ҳамон вақте пайдо шуданд, ки тамаддуни эронӣ дар он ҷо комилан ташаккул ёфт, адабиёту забони форсӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардида буд».
Устод Садриддин Айнӣ вожаи «тоҷик»-ро хеле хуб таҳлил карда,  бо далелҳои қавӣ андешарониҳои муаллифони «Ғиёс – ул– луғот» Муҳаммад Ғиёсиддин ва «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайн – ро, ки  вожаи тоҷикро нодуруст маънидод менамуданд, ботил сохта, ба хулосае омадааст, ки он аз вожаи «тоҷ» гирифта шудааст. Алиакбари Деҳхудо дар «Луғатнома» овардааст: «Дар Афғонистон ва Тӯрон нажоде ҳастанд, ки худро «тоҷик» мегӯянд». Мубаддали лафзи мазкур «тозик» аст ва аз он баъзе аҳли луғат чунин қиёс кардаанд, ки маънии лафзи мазкур насли тозӣ (араб) аст, ки дар Аҷам бузург шуда бошанд. Лекин саҳеҳ ҳамон аст, ки навиштам. («Ғайри арабу туркро тоҷик номанд»). Фақат дар Афғонистон ва Туркистон бо форсизабонони он ҷо гуфта мешавад ва бештар дар муқобили турк истеъмол мешавад. Ва ин калимаи паҳлавӣ «тоҷик» мансуб ба қабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда».
Миллату мардуми куҳанбунёди тоҷик  аз беадолатиҳои тақдир асрҳои аср зери салтанати туркҳо зист, забони туркиро омӯхта, бо қабоили турк омехта шуданд, мо дар арафаи эҳёи ин миллати боистеъдод ва ҷонсахт – тоҷикон мебошем. Аз рӯйи анъана бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, ки  камтар миллатҳо мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд: «Мардуми сарбаланди тоҷик тавонист, ки дар марҳилаҳои ҳассостарин ва озмоишҳои бешумори таърих асолати миллиашро ҳифз намояд, ном, забон, фарҳанг, дину оин ва суннатҳои деринаашро нигоҳ дорад».
Садриддин ҲАСАНЗОДА,
Нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2017    №: 155-156    Мутолиа карданд: 627

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед