logo

сиёсат

ДАСИСАКОРӢ ВАТАНДОРӢ НЕСТ!

Вазъи ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар нигоҳи дақиқтар ва таҳлилҳои амиқтар дошта бошем. Пеш аз ҳама, бояд нисбат ба неруҳо ва омилҳои дохилие, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузорони хориҷӣ қарор гирифта, боиси ташаннуҷи вазъи ҷомеа гарданд, мавқеи ҷиддитару қотеонаро пайгирӣ кард. Зеро худкомагиву безимомии ин неруҳо имкони дахолати бештар ва густурдатареро ба неруҳои манфиатҷӯи бегона фароҳам хоҳад овард.
Вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҳавзаи давлатҳои арабӣ далели рӯшани ин гуфтаҳост. Зери таъсири чунин неруҳо буд, ки гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба майдон омад ва имрӯз ин аъҷубаи заҳҳоктабор мағзҳои ҷавононро мехӯрад. Афсуншудагони хирадгумкарда ба ин гурӯҳ шомил шуда, худро ба коми оташ меандозанд. Ҳикмати фаридуниву ҷуръати коваёнӣ мебояд то мағзҳои ҷавонони моро аз афсуни ин махлуқи заҳҳоктабор вораҳонад.
Дар кишвари мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси ташаннуҷи вазъи ҷомеа гарданд. Махсусан, собиқ ҲНИТ, ки ба тафовут аз ниҳодҳои дигари тундрави динӣ қаблан дар кишвари мо иҷозати фаъолияти расмиро дошт, баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ҳанӯз ҳам дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст.
Гузашти замон маълум кард, ки ҳизби мазкур аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт. Он бо вуҷуди ба даст овардани иҷозаи фаъолияти расмӣ усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсии кишвар касб намояд.
Дар тӯли таърих аҷдоди соҳибдавлату соҳибмақоми мо ҳар шикасте, ки дидаанд ва давлатдориҳое, ки аз даст додаанд, дар робита ба хиёнатҳо ва нифоқҳои дохилӣ будааст, ки мо имрӯз аз онҳо бояд сабақи таърихӣ гирем. Аз ин рӯ, ба хотири бақои миллату ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоу ташаннуҷ дар ҷомеаи худ саъю талош варзем.
Собиқ ҲНИТ ва гурӯҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Воқеан, ҷоиз ва муносиб нест, ки як гурӯҳи маҳдуди ҷомеа арзишҳои умумиҷамъиятиро танҳо ба худ мансуб донад ва фақат худро ҳомии он хонад. Бо ҳамин асос дуруст нест, ки собиқ ҲНИТ ҳамчун як гурӯҳи террористӣ ба нафъи худ аз арзишҳои исломӣ ва эътиқоди кулли мардуми Тоҷикистон суистифода намояд, хоса дар мавриде, ки вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва тафриқаангезиҳои неруҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ аз мо беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсиро тақозо дорад.
Баъзан масъулони ҲНИТ зимни мусоҳибаву нишастҳо дар хориҷи кишвар худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор додан мехоҳанд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ин ҳизби мамнӯъ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам орад. Пас чӣ гуна метавон муътақид шуд, ки ин ҳизб хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи қисмати аъзами мардуми кишвар аст?
Давлат, ки муҳимтарин дастгоҳи ҳифзи бақо ва рушди миллат аст, амонатест, ки онро ба дасти ҳар гурӯҳи сиёсии тасодуфие набояд дод. Ҳар гурӯҳи сиёсие, ки ин амонатро ба даст овард, муваззафу масъул аст, ки онро ҳифз кунад, барои боло бурдани мақому манзалаташ талош варзад ва неруҳои ватанпарасту худогоҳро барои идомаи умури давлатдорӣ тарбият намояд.
Эҳёи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсии кишвар муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тӯли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу таҳким бахшидани он қарзи имониву виҷдонӣ ва масъулияти фавқулодаи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, бо назардошти ҳассосияти вазъи сиёсии ҷаҳон моро лозим аст, ки нисбат ба омилҳои нооромкунанда дар кишвар ва бартараф кардани онҳо иқдом намоем.
Назрӣ АСАДЗОДА,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 838
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед