logo

иҷтимоиёт

ИМОНУ ВАТАНАМРО НАФУРӮХТАМ

Хайётӣ мекардам. Яъне куҳнапораҳоро васл менамудаму медӯхтам. Бад-ин васила рӯзгорамро мегузарондам. Зиндагиям ҳеҷ беҳ намешуд. Фақирона, балки бисёр фақирона мегузашт. Аммо қаноат намегузошт, ки лаб ба шикоят бикушояму ба пеши дорое сар хам бикунам.
Як рӯз марди аҷнабие омад ва ба ман пули зиёд дод. Дар тамоми умр ин миқдор пулро ҳеҷ соҳиб нашуда будам. Аввал онро рад кардам, гуфтам, ки намегирам. Он мард исрор намуд, ки дар додани ин пул ҳеҷ ғаразе надорад ва танҳо барои ризояти Худост. Зимни суҳбат изҳор дошт, ки дилаш ба ҳолам сӯхтаасту бояд рӯзгорамро ба кумаки ӯ  беҳбудӣ бубахшам.
Пулро ба хона овардам. Дилам мегуфт, ки онро сарф нанамоям. Ҳамсарам низ бо ман дар ин масъала ҳамфикр буд. Маро неруи тоза бахшид, ки рӯзгори дароз бо фақр зистему намурдем, мабодо истифодаи ин пул оромию амниятамонро барҳам бизанад.
Пас аз як ҳафта он мард боз пайдо шуд. Дарёфт, ки зиндагиям беҳ нашудааст. Пурсид, ки пулҳоро дар чӣ коре сарф кардам. Посух гуфтам, ки аз ҷавоне қарздор будам ва пулҳоро ба ӯ додам. Боз як миқдори зиёди пулро ба дастам доду гуфт, ки хоҳишашро иҷро бинамоям. Аслан он хоҳиш набуд, супорише буд, ки ба хиёнат иртибот мегирифт, хиёнат ба давлату миллат. Изҳор доштам, ки ман ба иҷрои ин гуна корҳо қодир нестам ва ҳам ба давлату миллатам ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунам. Пас аз он талаб намуд, ки пулашро баргардонам. Ба яқин, пиндошта буд, ки дигар ман онро баргардонида наметавонам ва ноилоҷ дар ин ҳол ғуломи ҳалқабаргӯшаш мешавам. Пулҳояшро рӯзи дигар додаму шукр гуфтам, ки аз роҳи рост барнагаштам. Баъдҳо дарёфтам, ки бо чунин пулҳо бисёр шаҳрвандони кишварамонро харидаанд. Бархе аз онҳоро мешинохтам. Зиндагонияшон беҳтар аз зиндагонии ман буд. Кишвар дар натиҷа ба хун оғӯшта шуд. Мардуми бегуноҳи зиёд, хоса занону кӯдакон қурбон гардиданд. Биноҳои ободро хароб намуданд… Яъне фитнаҳои бузург асосан аз бозиҳои кучак оғоз мегиранд. Пас, биёед Ватану имонамонро нафурӯшем!
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 391

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед